Шеъри форсӣ дар Ҳинд то қарни нуҳум ва нашъати шеъри форсӣ дар Синд
Дар қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ (13 мелодӣ) чанд силсилаи эронӣ, аз он ҷумла Ғурӣ ва Халҷӣ дар нуқоти мухталифи Ҳинд салтанат мекарданд. Бар асари қатлу ғорати муғул дар Эрон иддаи касире аз эрониён ба Ҳинд паноҳанда шуданд ва уламову фузалои Мовароуннаҳру Хуросон ҳам ҷузви онҳо буданд. Табиист, ки доманаи забони форсӣ васеъ шуд. Марокизе барои тарвиҷи забону адаби форсӣ ба вуҷуд омад ва гӯяндагону нависандагон рӯ ба афзоиш ниҳоданд.
Қарнҳои ҳаштуму нуҳуми ҳиҷрӣ (14-15 мелодӣ) давраи ҷангҳои дохилӣ ва мулукуттавоифи Ҳинд ба шумор меравад.Подшоҳони шоирпарвар кам вуҷуд доштанд ва мардум низ маҷоли сухангӯӣ наёфтанд, вале дар авоили қарни ҳаштум ду нобиғаи шеър зуҳур карданд, ки соири суханварони форсизабони Ҳиндро тахтушшуоъ қарор доданд ва дар адвори баъд ҳам нуфузи доманадор дар миёни шуарои Эрону Ҳинд доштанд. Он ду Амир Хусрав ва Ҳасани Деҳлавӣ буданд. Хусрав туркнажод ва ҳиндузод буд ва калимоти туркию ҳиндӣ дар шеъри ӯ бисёр аст.
Инак ба шуарои бузурги Ҳинди ин даврон мепардозем:
Дар садаи ҳафтум (13 мелодӣ) шоире ба номи Малик Тоҷуддини Деҳлавӣ мутахаллис ба”Реза” мутаваффои баъд аз 664 ҳиҷрӣ зуҳур кард,ки дар аҳди салтанати Султон Ултутмиш ва фарзандаш-Рукнуддин шоири дарбор ва дабири мамлакат буд. Бештари қасоидаш ба забони ширину содаву равон ва аз тасаннуъу такаллуф орист.
Сокинони хокро з-ин пас набошад хушксол,
Чун ман аз ашъори тар оби равон овардаам.
**** **** ****
Май ашки чашми духтари ток аст, ё магар
Хуни бар сар чакидаи шамшери Рустам аст?!
**** **** ****
Эй балошӯре,ки кӯят Карбалои дигар аст,
Аз шаҳидонат дар ӯ ҳар ҷой машҳад кардаанд.
Қомататро гар алиф хонам,бар он мақсуд нест,
Низ мамдуд аст, к-абрӯи ту чун мад кардаанд.
Ҳам ба маъбуде, ки ҷояш нест, лекин Каъбаро
Хонаи ӯ хондаву меҳробу маъбад кардаанд.
Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли 2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Он бо қарори ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда, барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.
Таҳияи Манижа Ибрагимова,
шуъбаи тарғиб ва
чорабиниҳои фарҳангӣ.