Шиҳоби мусиқӣ

Фазлиддин Шаҳобов Китоби мазкур нахустин тадқиқотест (дар шакли маҷмуа), ки ба эҷодиёти оҳангсоз, ҳофиз ва танбӯрии нодир, шашмақомдону шашмақомшинос устод Фазлиддин Шаҳобов бахшида шудааст. Он соли 2006 аз ҷониби Сарредаксияи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик чоп шудааст.

Маҷмӯа аз чаҳор қисм иборат аст. Дар қисми аввали он якчанд мақолаҳое аз осори илмии Ф. Шаҳобов, ки то ҳол дар бойгонии оилавии Шаҳобовҳо маҳфуз буданд, бори нахуст гирдоварӣ ва нашр шудаанд.

Хотираҳои ёру дӯстон ва таҳқиқи мусиқишиносии эҷодиёти Ф. Шаҳобов боби дуюм ва боби сеюми китобро ташкил кардаанд. Қисми чаҳорум ба осори мусаннифӣ (мақомбандӣ) ва оҳангсозии Ф. Шаҳобов бахшида шудааст.

Санъатшинос Фароғат Азизова дар сарсухан ба ин китоб навиштааст, ки фаъолияти Фазлиддин Шаҳобов серпаҳлӯ буд, вале дар ҳар як равия ӯ тавонист роҳи дурустро интихоб намояд. Беш аз ин ҳар коре, ки ӯ сар мекард, самимона буд. Ӯ танбӯрии нодире буд, ки то имрӯз касе дар ин ҳунар ба ӯ наздик нашудааст. Танбӯри устод Шаҳобов то ҳол «месарояд» ва дили касро ба ларза дароварда, гуё боз хотиррасон мекунад, ки санъати Шашмақом санъати воло аст ва онро бояд ҳифз намуд, ривоҷу равнақ дод. Чун муаллим ӯ «булбули Шашмақом Барно Исҳоқоваро тарбия намуд ва то имрӯз ба Барно ягон нафаре баробар нашудааст. Хусусан, муносибати содиқонаи ӯ нисбат ба Шашмақом касро ба ҳайрат мегузорад. Ягон мураккабиёти идеологӣ ва мушкилоти рӯз ӯро аз роҳи омӯзиши Шашмақом баргардонда натавонист, гарчанде, ки солҳои 50-60-ум Шашмақомро мусиқии бою ашрофон гуфта, онро бар хилофи идеологияи советӣ меҳисобиданд.

Ӯ мекӯшад дар ҳамон солҳо дар Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе шӯъбаи мақомро кушояд, вале ин танҳо ба муддати кӯтоҳе ба ӯ муяссар шуд…

Барои Фазлиддин Шаҳобов Шашмақом мусиқии классикӣ ва асили тоҷик буд ва ӯ медонист, ки маҳз Шашмақом заминаи зарурии ояндаи мусиқии тоҷик аст. Фазлиддин Шаҳобов яке аз муаллифони сабти нотавии Шашмақом мебошад. «.. Ин ба кори ҳаётии ман мубаддал гашт…» – гуфтааст худи устод Шаҳобов. – «…Тавассути сабти нотавӣ Шашмақомро садҳо ҳазорҳо одамон аз худ карда метавонанд… оҳангсозон оҳангҳои онро дар асарҳои худ истифода мебаранд.

Шашмақом чашмаи софи илҳомбахше мебошад, ки он абадӣ хушкнашавандааст…».

Ин амали муқаддасе, ки дар қарни 20 аз тарафи устодон Ф. Шаҳобов, Б. Файзуллоев ва Ш. Соҳибов содиқона ва софдилона иҷро шуд, ягона роҳи маҳфуз доштан ва ба насли оянда расонидани ганҷинаи волотарини тафаккури мусиқии тоҷик гардид. Ва имрӯз мо инро бо тамоми ҳастиамон дарк мекунем.

Манбаъ: “Шиҳоби мусиқӣ”, Душанбе, 2006.

Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар толори хониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ мутолаа намоянд.

Таҳияи Рӯҳафзои Ҳасанзод,
корманди шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.