Шинохти шахсиятҳо. Жан Калвин. Дар Китобхонаи милӣ дар ин бора чӣ метавон хонд?
Калвин Жан 10 июли соли 1509 дар Нуайони Фаронса ба дунё омадааст. Арбоби реформатсия, асосгузори калвинизм ё ислоҳгароӣ. Илоҳиётро дар Донишгоҳи Порис (1523-28) ва ҳуқуқро дар мактабҳои ҳуқуқшиносии Орлеан ва Бурже (1528-31) омўхтааст; ба омўзиши забонҳо ва фалсафаи бостон рағбат ва таълимоти инсондўстонаи Эразми Роттердами таваҷҷуҳ дошт.
Таҳти таъсири ғояҳои М. Лютер соли 1534 аз католитсизм рўй гардонда, ба протестантизм майл кард ва аз сабаби авҷи таъқиби протестантҳо дар Фаронса ба шаҳри Базел (Швейсария) паноҳ бурд. Соли 1536 асари худ «Дастуруламали дини масеҳӣ»-ро таълиф кард, ки дар он усули дини нав ифода ёфта буд.
Худи ҳамонсол аз Женева ба сабаби мунозира бо арбоби Реформатсия бадарға шуд ва ба Страсбург рафт (1538). Соли 1541 Калвин ба Женева баргашта, то охири умр дар онҷо зиндагӣ кард ва ҷараёни нави протестантизм– калвинизмро таъсис дод. Зери таъсири Калвин магистрати женевагӣ шакли нави ташкилоти калисоиро қабул кард, ки баъдтар онро ба як қатор тағйирот ҷамъиятҳои калвинии мамлакатҳои дигар низ қабул намуданд.
Таълимоти Калвин дар бораи сарнавишти мутлақи илоҳӣ маъруфият пайдо кард. Ў далелҳои Лютерро дар мубоҳиса бо Эразми Роттердамӣ (1524-1525) инкишоф, дода онҳоро сахт тақвият дод.
Дар таълимоти Калвин шукўҳу шаҳомат, танбалӣ, муфтхўрӣ бо қатъият маҳкум, аммо меҳнати шахсӣ ва ҷамъоварии сарват беҳтарин василаи хидмат ба Худованд дониста шудааст. Таълимоти Калвин дар бораи калисо ва робитаи тарафайни он бо ҳокимияти дунявӣ дар рушти сиёсии Аврупо таъсир гузошт. Ў шакли идораи ҷумҳуриявӣ ва ҳокимияти интихобиро сохтори олии сиёсӣ мепиндошт. Аммо андешаи Калвин дар бораи робитаи тарафайни калисо ва давлат бо таълимоти Лютер тафовут дорад. Лютер салоҳияти калисо ва ҳокимияти дунявиро маҳдуд нишон додааст. Эътибори калисо, аз назари Калвин ҷанбаи илоҳӣ дорад ва шахсони хидмадгори он дар ҳалли масъалаҳои амалӣ адолати олии илоҳиро ҳимоя менамоянд ва қонунҳои Худоро мувофиқи дастуроти китобҳои Тавроту Инҷил иҷро мекунанд.
Калвин дастуруламалҳои теократии худро ҳангоми мудирияти чадинсолаи хеш дар Женева (1536-38,-1541-64) дар амал ҷорӣ кард. Ў бо кўшишҳои пайвастаи хеш Женеваро ба марказ ва паноҳгоҳи протестантизми Аврупо табдил дод. Таълимоти Калвин амалан ба дини расмии шаҳр-давлат табдил ёфт ва муҳофизони сохти ҷумҳуриявӣ дар он датуруламали олӣ барои будани муборизаи қатъӣ бо католитсизм ва ҳокимияти феодалиро (О. Кромвел дар Англия, Ҷ. Нокс дар Шатландия) медиданд. Муборизаи рўзафзуни зидди таҳаммулгароӣ ва усули озодии виҷдон ба сустшавии таъсири ғояҳои Калвин боис шуд, вале дар асри 20 шавқу рағбат ба таълимоти Калвин дубора афзуд. 27 майи соли 1564 дар Женева даргузашт.
ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ ДАР ИН БОРА МЕТАВОНЕД БИХОНЕД:
Калвин Жан. Наставление в христянской вере. Т. 1-2. – М., 1997-1998.
Новая философская Энсиклопедия. В. 4 томах. Т.2. – М., 2010.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 258.
Таҳияи: Зафар Ғолибов,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ