Шинохти Шумқор Одинабеков

Имрӯз зодрӯзи яке аз маъруфтарин сарояндагони кишвар Шумқор Одинабеков аст. Шумқор Одинабеков бисту  чоруми апрели соли 1928  дар деҳаи Барвини собиқ вилояти Ғарм таваллуд шудааст.

Мактаби миёнаи № 1 –и деҳкадаи Ғармро хатм намуда (1940), сипас дар ҳайати театри халқии вилояти Ғарм истеъдододашро сайқал дод (то соли  1956). Солҳои 1956 – 85 сароянда ва мутриби дастаи тарона ва рақси Филармонияи Давлати Тоҷикистон.

Шумқор  Одинабеков ҳамчун шогириди Шариф Ҷӯраев санъати мусиқии тоҷикони кӯҳистони Дарвозу Қаротегинро бою рангин гардонидааст. Барномаи Шумқор Одинабеков ғанӣ буда, ишқу муҳаббат, зебоии ҳаёт, дӯстиву рафоқат, панду ахлоқ, сулҳу саодат, меҳнат ва ғайраро дар бар гирифтааст.

Шумқор Одинабеков навоҳои эҷодкардаи Ш. Ҷӯраев “ Ташнид “, “Дарахти дӯсти”, “ Намепурсад ҳеҷ “, “ Мегирист “, “  “Бахти ман бедор буд “ – ро маҳорати баланд сурудааст, ки писанди мардуманд.

Шумқор Одинабеков суруду оҳанг низ эҷод кардааст: “Аҳсан ба одам “ (шеъри. М. Қаноат), “ Насиҳат “( Амир Хусрав), “Меҳр ва маҳ “ (Ҷомӣ) “ Кавчак “ ( Абдулло Қодирӣ “ ), “Тоҷикистон “, (Муҳиддин Фарҳат), “ Модар“  ( Мирзо Турсунзода) ва ғайра.

Шумқор Одинабеков бо ҳамроҳии ҳунарпешагони Филармонияи Давлатии Тоҷикистон ба бисёр шаҳрҳои Иттиҳоди Шӯравӣ сафар кардааст. Иштирокчии рӯзҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав (1967) ва Даҳаи санъату  адабиёти    тоҷик  дар Узбакистон (1968) буд.

Бо Грамотаҳои  фахрии  Президиуми  Шӯрои Олии   РСС Тоҷикистон мукофотонида  шудааст. Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон (1938).

Аз китоби Ҳабиб Сулпймонӣ ва Мрзоаҳмад Нуров “Ифтихори миллат”, таҳияи Салима ОДИНАЕВА, шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.