Шиносномаи 19 асари бунёдӣ: Феҳристи асарҳои Маркази “Тоҷикшиносӣ” (2014-2024)

Боиси хушнудист, ки фазои китобшиносӣ бо интишори нахустин дастури библиографии Маркази «Тоҷикшиносӣ» ғанитар гардид: нашриёти «Меҳроҷ-граф» «Феҳристи асарҳои Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон (2014-2024)»-ро ба нашр расонд. Ин иқдом на танҳо ҷамъбасти даҳсолаи фаъолияти пажуҳишии Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, балки ҳамчун манбаи арзишманди иттилоотӣ барои нигоҳдошти хотираи таърихӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ арзёбӣ мегардад.
Феҳристи мазкур дастрасии муҳаққиқонро ба мероси илмии силсилаи «Тоҷнома» («Тоҷикон дар масири тамаддун») осон месозад. Бояд зикр кард, ки ин силсила тибқи қарори Шурои илмӣ-методии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» аз 4 апрели соли 2025, таҳти рақами №3, бо номи нави «Тоҷикон дар масири таърих» идома ёфта, то имрӯз 19 асари бунёдиро ба доираи васеи хонандагон ва донишпажуҳон пешниҳод кардааст.
Зарурати гирдоварӣ, таҳлил ва мураттабсозии маълумоти илмии пароканда замина гузошт, то ин дастури ягонаи библиографӣ таҳия ва нашр шавад. Ҳадафи стратегии ин иқдом – осон намудани дастрасии муҳаққиқон, донишҷӯён ва насли ҷавон ба адабиёти соҳавӣ, инчунин батанзимдарории фаъолияти даҳсолаи пажуҳишии марказ мебошад. Дар ин раванд, мураттибон – Маҳмадвалӣ Зиёев ва Орзуҷон Искандаров таҳти назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода ва муҳарририи масъул – номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода нахустин феҳристи библиографии марказро омода намуданд. Лоиҳаи мазкур пас аз тақризи мусбати узви Шурои илмӣ-методии Китобхонаи миллӣ Сайзароб Нодирзода барои нашр тавсия гардидааст.
Дастури мазкур, ки дар асоси принсипҳои стандарти байналмилалии ГОСТ 7.1-2003 таҳия шудааст, аз се фасли асосӣ иборат буда, паҳлуҳои гуногуни фаъолияти пажуҳишӣ ва иттилоотии марказро дар бар мегирад:
Фасли I: «Нашрҳои Маркази «Тоҷикшиносӣ» – 19 асари муҳимеро фаро мегирад, ки ба таърих, фарҳанг, сиёсат, дину мазҳаб, урфу одат ва дигар суннатҳои миллати тоҷик бахшида шудаанд. Ин асарҳо дар доираи силсилаи «Тоҷнома» ва берун аз он тадвин ёфта, ҳар кадом бо тавсифи дақиқи библиографӣ ва мундариҷаи муфассал пешниҳод гардидааст.
Фасли II: «Адабиёт доир ба фаъолияти Маркази «Тоҷикшиносӣ» – зерфаслҳои «Нашри алоҳида» ва «Мавод дар нашрияҳои даврӣ, ғайридаврӣ ва давомдор»-ро дар бар мегирад. Дар ин бахш мақолаҳое, ки паҳлуҳои мухталифи кору фаъолияти марказро инъикос менамоянд, гирд оварда шудаанд.
Фасли III: «Манобеи электронӣ» – бо дарки ниёзҳои асри нав ва рушди технологияҳои рақамӣ ворид карда шудааст. Ин бахш ба пажӯҳишгарон имкон медиҳад, ки бо истифода аз шабакаи интернет раванди ҷустуҷӯ ва дастрасӣ ба маводро ба таври фаврӣ анҷом диҳанд.
Дар қисмати ниҳоии дастур кумакфеҳристҳои алифбоии «асарҳо» ва «ашхос» ҷой дода шудаанд, ки имкон медиҳанд ҷӯяндагон мавзуъҳои мавриди назар ва шахсиятҳои саҳмгузорро дар кӯтоҳтарин фурсат пайдо кунанд.
Хулоса, интишори феҳристи мазкур гувоҳи он аст, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар роҳи иҷрои рисолати таърихии худ – ҳифз ва тарғиби ҳувияти миллӣ – гомҳои устувор мебардорад. Ин асарҳои бунёдӣ акнун соҳиби муаррифиномаи расмии илмии худ гардиданд, ки барои мондагории онҳо дар таърихи илми тоҷик замина мегузорад.
Қайд намудан зарур аст, ки Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллӣ бо пешниҳоди «Феҳристи асарҳои Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллӣ (2014-2024)» як манбаи муҳими иттилоотиро фароҳам овард. Акнун хонандагон ва муҳаққиқон метавонанд ин дастури библиографиро аз толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ дастрас намуда, дар корҳои илмӣ ва таҳқиқотии худ аз он самаранок истифода намоянд.
Маҳмадвалӣ ЗИЁЕВ, сармутахассиси
Маркази «Тоҷикшиносӣ».
Теги: тоҷикшиносӣ