Шиносоӣ бо Имоди Фақеҳ

Имоди-ФакехШуҳрат Имомуддин Алӣ Фақеҳи Кирмонӣ, шоири форс-тоҷик. Лақаби «Фақеҳ» номи хонаводагии ӯст. Имоди Фақеҳ аз шоирони хонақоҳии адабиёти форсист. Абдурраҳмони Ҷомӣ, Хондамир ӯро бо унвони «Шайхи Хонақоҳдор» ёд кардаанд.

Ҳамчунин, Имоди Фақеҳ дар маснавиаш «Сафонома» гуфторҳо дар одоби хонақоҳ дорад, ки нишондиҳандаи аҳаммияти тариқати хонақоҳӣ дар низоми фикрии ӯст. Бино бар маълумоти тазкираҳо, амакаш Низомуддин бо тавсияи Шайх Зайнуддини Абдуссалом (муриди Шаҳобуддин Суҳравардӣ) хонақоҳе бино карда, ба тарбияи муридон пардохт. Пас аз фавти ӯ идораи ин хонақоҳ ба уҳдаи Имоди Фақеҳ ва бародараш Муҷидуддин буд.

Амир Муборизуддини Муҳаммад – аввалин амири силсилаи подшоҳони Оли Музаффар ба Имоди Фақеҳ эътимоди бузург дошт. Аз ин рӯ, дар девони шоир ашъори бисёре дар мадҳи ӯ ва фарзандаш Шоҳ Шуҷоъ вуҷуд дорад. Шоҳ Шуҷоъ низ ба Имоди Фақеҳ иродатманд буд ва Имоди Фақеҳ дар мадҳияҳояш ӯро насиҳат кардааст.

Ҳамчунин дар васфи чандин дӯсти наздики хеш мадҳияҳо сурудааст. Шайх Озарӣ дар «Ҷавоҳиру-л-асрор», Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкирату-ш-шуаро» ва дигар тазкиранависон ба фазлу дониш ва ҳунари шоирии Имоди Фақеҳ баҳои баланд додаанд. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Баҳористон» шеъри ӯро шеъри ҳамаи мардуми Кирмон гуфтааст.

Имоди Фақеҳ дар гуфтани шеър ба Саъдӣ иродат доштааст ва худро ровии ашъори ӯ номидааст. Имоди фақеҳ ҳам дар ғазал ва ҳам дар маснавинависӣ ба Саъдӣ пайравӣ кардааст. Аз ин рӯ, Изди Яздӣ, ки аз адибони муосири Имоди Фақеҳ буд, ӯро «Саъдии Сонӣ» ном бурдааст.

Ҳамчунин, ғазалҳои Имоди Фақеҳ ба зеҳну забони Ҳофиз таъсири зиёд доштааст. Ӯ, махсусан, дар илми бадеъ мумтоз будааст. Аз Имоди Фақеҳ  шаш маснавӣ ва як девони ашъор ба мерос мондааст. Онҳо бо номи «Куллиёти Имоди Фақеҳи Кирмонӣ» ба табъ расидаанд, ки дорои 16 ҳазор байт мебошанд.

Намунае аз ашъори ӯ:

Бар лавҳи ҷон навиштаам аз гуфтаи падар,

Рӯзи азал, ки турбати ӯ бод анбарин:

К-ай тифл, агар ба суҳбати уфтодае расӣ,

Шӯхӣ макун, ба чашми ҳақорат дар ӯ мабин!

Гар дар ҷаҳон диле зи ту хуррам намешавад,

Боре чунон макун, ки шавад хотире ҳазин!

Бар шер аз он шуданд бузургони дин савор,

К-оҳистатар зи мӯр гузаштанд бар замин.

Ёре ба ҷуз Худо натавон хостан, Имод,

Ё Мустаъону, авнака ийёка настаъин!

 Бозчоп: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2019. – Ҷ.8. – С. 74-75.

Таҳияи  Замира Давлатова
Корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ
.