Шиносоӣ бо рутбаҳои дипломатӣ. Дар ин бора шумо чӣ медонед?

Рутбаҳои дипломатӣ унвонҳои махсусе мебошанд, ки ба дипломатии мақомоти сиёсати хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатӣ дар хориҷа пешниҳод мегарданд. Тартиби додани рутбаҳои дипломатӣ аз ҷониби қонунгузории ҳар як кишвар ба тазим дароварда мешавад. Рутбаҳои дипломатӣ нишондоди шахсии сатҳи касбӣ мебошанд.

Додани рутбаҳои шахсӣ ба мақсади ҳавасманд намудани афзоиши касбии кормандони дипломатӣ, густариши сифатҳои касбии онҳо амалӣ карда мешаванд. Мавҷудияти ин ва ё он рутбаи шахсӣ таҷрибаи касро ҳамчун дипломат, қобилият ва сатҳи донишҳои азхудкарда тавсиф менамояд. Ба ғайр аз ин шахсоне, ки рутбаи дипломатӣ дошта дар низоми Вазорати корҳои хориҷӣ фаъолият менамоянд, бо назардошти дараҷа ба маоши муайяншудаашон иловапулӣ мегиранд.

Рутбаҳои дипломатӣ аввалин бор дар асри ХIII пайдо шудаанд. Дар он замон шахсонеро, ки дар соҳаи муносибатҳои дипломатӣ фаъолият менамуданд «амбассадор» меномиданд. Аз оғози асри ХVI рутбаи «мандатарио» ва дар қарни ХVII рутбаҳои «резидент» ва «фиристода» муайян гардиданд

Дусад сол пештар истилоҳи Сафири фавқулода ва мухтор мавҷуд набуда, танҳо мафҳуми намояндагони (сафирн) кишварҳо амал менамуданд. Вале дар ҳолатҳое, ки шаҳриёрон сафирони таъйиншуда надоштанд ва ё дар сурати мавҷуд будани онҳо ба мақсади таъкиди муҳимияти воқеа ба сафирон салоҳиятҳои фавқулода дода, барои иштирок ба маросими махсус ва ё расонидани хабари муҳим мефиристоданд. Ин амр ба ихтилофҳои зиёд мусоидат менамуд, зеро сафирони фавқулода ба иззату эъҷози махсус дар баробари сафирони таъйиншуда даъво менамуданд. Чунин ҳолатҳо зуд-зуд такрор мешуданд, чунки барои эътибору нуфузи сафирони доимии хеш кишварҳо онҳоро «фавқулода ва мухтор» меномиданд.

Баҳсҳои зиёд нисбат ба таносуби рутбаҳои дипломатӣ боиси коркарди регламенти махсус (19 марти соли 1815 дар шаҳри Вена) ва протоколи Ахен (21 ноябри соли 1818) гардиданд, ки рутбаҳои зеринро муқаррар намуд:

  1. Сафирон ва нунтсийҳо;
  2. Фиристодагон ва интернунтсийҳо;
  3. Кордорони муваққатӣ.

Вобаста ба руишди муносибатҳои байнидавлатӣ ва хислати доимӣ гирифтани намояндагиҳои дипломатӣ рутбаҳои дигар низ пайдо шуданд.

Бо ҷорӣ намудани рутбаҳои дипломатӣ дар дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии кишварҳо басти расмӣ бо назардошти низоми рутбаҳо тағйир ёфт: атташе, котиби севум, котиби дувум, котиби якум, мушовир, ҷонишини сардори шуъба, сардори шуъба. Барои коромӯзон ва кормандони ғайриштатии сиёсӣ, мансабҳои референт ва референти калон нигоҳ дошта, барои кормандони ботаҷриба ва коршиноси – вазифаи коршинос ва мушовир муйаян гардиданд.

Айни замон сохторҳои мушобеҳ танҳо дар мақомоти соёсати хориҷии Франсия ва собиқ кишварҳои лагери сотсиалистӣ мавҷуданд. Унсурҳои алоҳидаи ин низом дар сатҳи мушовир ва фиристода дар Олмон амал менамояд. Дар Иёлоти Муттаҳиди Амрико, Британияи Кабир ва соири кишварҳои дигар низоми мураккаби ҳарфӣ (литерӣ) рақамии рутбаҳо мавҷуданд, ки аз қисматҳои зиёд (собиқаи корӣ, шароити кор, сатҳи масъулият ва ғ.) вобаста мебошад. Мансаби атташе, котибон, ва мушовирон унсурҳои фарогирандаи тарҳи байналхалқӣ мебошад, ки нисбати сафорат ва намоядагиҳои дигар истифода мегарданд.

РУТБАҲОИ ДИПЛОМАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кишвари мо низ қисми ҷудошавандаи ҷомеа ҷаҳонӣ буда дар он ниҳодҳои дипломатӣ ва ҳавасмандгардонӣ бо додани рутба роиҷ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тҷикистон мувофиқи моддаи 17 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» аз 31 декабри соли 2014 бо назардошти вазифа ва дараҷаи ихтисос ба кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои зерини дипломатӣ дода мешавад:

  • Атташе (вобаста);
  • Котиби севум;
  • Котиби дувум (дараҷаи II-I);
  • Котиби якум (дараҷаи II-I);
  • Мушовир(дараҷаи II-I);
  • Фиристодаи фавқулода ва мухтор (дараҷаи II-I);
  • Сафири фавқулода ва мухтор.

   Тибқи моддаи 18-и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» аз 31 декабри соли 2014 рутбаҳои дипломатии Сафари фавқулода ва мухтор, Фиристодаи фавқулода ва мухтор дараҷаи I ва II бо пешниҳоди вазири корҳои хориҷӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

   Рутбаҳои дигар дипломатӣ аз ҷониби вазири корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон дода мешаванд.

   Кормандони хизмати дипломатии дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷӣ ва кормандоне, ки рутбаҳои дипломатии Сафири фавқулода ва мухтор, Фиристодаи фавқулода ва мухтори дараҷаи I ва II доранд ва ба сохторҳои давлатӣ гузаронида шуданд, изофапулӣ барои рутбаи дипломати дар ҳаҷми 30 фоизи маоши вазифавӣ аз рӯи мансаби ишғолнамудаашон мегиранд.

        Кормандони хизмати дипломатии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналхалқӣ изофапулӣ барои рутбаи дипломатӣ дар ҳаҷми 15 фоизи моҳона тибқи вазифа мегиранд. (Мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 соли 2008, таҳти № 509).

        Рутбаи дипломатӣ дар шаҳодатномаи хизматӣ ва дафтарчаи меҳнатӣ қайд карда мешавад.

    Зимнан боиси таъкид аст, ки «атташе» дар руйхати дипломатӣ-ин коромӯзони дипломатӣ мебошад (худи истилоҳи «атташе» маънои вобаста кардан ба ягон чизро дорад). Дипломатони касбӣ бошанд фаъолияти хешро одатан аз мансаби котиби севум ва ё котиби дувум оғоз менамоянд. Атташеҳои махсус метавонанд котиби дувум, якум ва ҳатто мушовир бошанд.

    Дар амалияи дипломатӣ чунин навъҳои атташе мавҷуданд:

Атташе ҳарбӣ-баҳрӣ, ҳарбӣ-ҳавоӣ, ки намояндагони идораҳои ҳарбии давлати дар назди идораҳои ҳарбии кишвари мизбон маҳсуб мешаванд. Ҳамзамон онҳо мушовирони намояндагии дипломатӣ оид ба масъалаҳои ҳарбӣ ба ҳисоб мераванд. Фаъолияти атташеи ҳарбӣ бояд дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, қонунҳо ва анъанаҳои кишвари мизбон сурат гирад;

Атташе махсус– намояндаи идораҳои гуногуни давлатӣ оид ба саноат, хоҷагии кишлоқ, молия, тиҷорат, фарҳанг, техника, илм ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд. Ба ин сифат одатан мутахассисони баландихтисос дар соҳаи худ таъйин мешаванд, ки ба онҳо омeзиши масъалаҳои марбут ба ихтисоси онҳо, инчунин бурдани корҳои фаврӣ ки бо нигаҳдорӣ ва густариши алоқаҳои байни давлати онҳо ва кишвари мизбон равона шудаанд, супурда мешаванд. Дар баъзе ҳолатҳо атташеи махсус дараҷаи мушовирро доранд;

Атташеи табъу нашр (пресс-атташе)-кормандони масъули намояндагии дипломатӣ, ки масъалаҳои табъу нашр ва иттилооти намояндагиро ба уҳда дорад;

Атташеи дипломатӣ– корманди хурди дипломатии сафорат ё ин ки дастгоҳи маркази Вазорати корҳои хориҷи ба ҳисоб меравад. Ба вазифаи атташеи дипломатӣ шахсоне таъйин  мегарданд, ки хизмати дипломатиро оғоз намудаанд;

Атташеи фахрӣ– шахсоне, ки роҳи дипломатиро интихоб ё пеша намудаанд, лекин ба хизмати доимӣ дохил нестанд. Онҳо ҳуқуқи гузаштани бозомӯзиро дар ягон намояндагии дипломатӣ мегиранд. Бо анҷоми бозомӯзӣ онҳо ба хизмати штатии дипломатӣ дохил мешаванд.

Ҳамаи категорияҳои атташе кормандони диплоатӣ ба ҳисоб рафта, ба ҳайати корпуси дипломатӣ дохил мешаванд ва аз ҳамаи масуният ва имтиёзҳои дипломатӣ истифода мебаранд.

МАНБАЪ: Р.Ш. Нуриддинов, П.Р.Нуриддинов: “Дипломатия”. Душанбе, 2017.

Маврид ба ёдоварист, ки дар ин китоб ҷанбаҳои асосии дипломатияи касбии муосир бо дар назардошти дигаргуниҳои бунёдии ибтидои асри ХХI инъикос ёфтаанд. Бо истифода аз сарчашмаҳо ва адабиёт зарурии дастрас ба забонҳои русӣ, англисӣ, тоҷики ва форсӣ муаллифон кӯшиш намудаанд, ки нозукиҳои санъат, методҳо ва роҳҳои гуногуни дипломатияи муосирро инъикос намоянд.

Ин китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Арбия РАҲМАТОВА,

мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ