Ширкат ва суханронии директори Китобхонаи миллӣ дар ҳамоиши китобхонаҳои миллии Русия ва ИДМ

директори Китобхонаи миллӣДиректори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода дар ҳамоиши китобхонаҳои миллии Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  Библиографияи ғалаба: солномаи корнамоии халқҳои Иттиҳодиштирок  ва суханронӣ кард.

Вай аз ҷумла гуфт: “Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 22 июни соли 1941 оғоз ёфт, зиндагии халлоқона ва сулҳомези мардуми Иттиҳоди Шуравиро халалдор кард. Саҳифаи ҷадиди қаҳрамонона ва дар айни ҳол ғамангез дар таърихи бисёрасраи мардуми Тоҷикистон ва ҳамчунин кулли кишварҳои  шуравӣ оғоз шуд.  Мардуми Тоҷикистон ҳамроҳ бо тамоми халқи сермиллати шуравӣ озмоишҳои сахттаринро аз cap гузаронданд; ба онҳо лозим омад, ки дар солҳои ҷанг ғаму андуҳ, маҳрумиятҳову азобу машаққати зиёдеро пушти сар кунанд.

Сарфи назар аз душвориҳо аз ибтидои ҷанг ҳисси муҳаббати бепоён нисбат ба Ватан тамоми тоҷиконро фаро гирифт ва ин муҳаббати самимӣ дар ҳама арсаҳои зиндагӣ ҳисс мешуд. Рӯҳи ватандӯстӣ ва фидокории тоҷикон, пеш аз ҳама, дар корномаҳои ҷангӣ ва меҳнатӣ, ки воқеан саҳми онҳоро дар торумор кардани артиши фашистӣ тавсиф мекунад, зоҳир гардид. Точикистон зиёда аз 300 ҳазор нафар писарону духтарони худро ба майдонҳои ҷанг фиристод. Аз ин шумор бештар аз 100 ҳазор нафар ба ватан барнагаштаанд, зиёда аз 40 ҳазор нафар беному нишон шуданд ва 60 ҳазор нафари дигар аз ҷанг маҷруҳ баргаштанд

Ҷумахон Файзализода Ҷанговарони тоҷик дар ҳамаи муҳорибаҳои муҳимми Ҷанги Бузурги Ватанӣ, бахусус, дар муҳофизати қалъаи Брест, Киев, Смоленск, Одесса, Севастопол ва дигар шаҳрҳо; барои озод кардани Ленинград ва Москваи муҳосирашуда ёрӣ расонданд, дар Курск ҷангиданд, дар муҳориба барои қаламрави Беларуссия, ҷамоҳири назди Балктика ширкат карданд, Дар озодсозии Лаҳистон ва кишварҳои дигари Аврупо аз фашистон ҳисса гузоштанд.

58 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон барои ҷасорату қаҳрамонӣ  ба ордену медалҳо ва 55 нафар барои мардонагӣ ва шуҷоат ба унвони баланди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардонда шуданд.

 «Мои ифтихор мекунем, ки садҳо ҳазор фиристодаи мардуми тоҷик, фарзандони шуҷои Тоҷикистон дӯшодӯши намояндагони соири  миллатҳои ҷангиданд ва саҳми шоистае дар тазмини пирӯзӣ доштанд”, – зикр карданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ба гуфтаи Сарвари давлат, мардуми Тоҷикистон, ки пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар таърихи навини худ бори дигар ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро аз сар гузаронидааст, ин фоҷиаро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард ва сулҳу суботро бештар аз ҳама қадр мекунад. Дар солҳои ҷанг Тоҷикистон корхонаҳои саноатиеро, ки аз навоҳиии ғарбӣ интиқол дода шуда буданд, дар ҳудуди худ ҷой дод. Дар он солҳо ба ҷумҳурӣ таҷҳизоти 13 корхона ирсол гардад ва дар корхонаҳои мавҷуда ва сохташавандаи кишвар таҷҳизоти бист корхонаи саноативу фабрикаҳои истеҳсолӣ ҷойгир карда шуд.

Ҷумахон Файзализода Директори Китобхонаи миллӣ дар идомаи суханронии худ ёдовар шуд, ки дар он солҳо Тоҷикистон ба корхонаҳои мудофиавии минтақаҳои марказии Федератсияи Русия, Урал ва Сибир наздик ба 45 ҳазор шаҳрвандони худро фиристод.

Профессор Файзализода бо таваҷҷуҳ ба ин ки пирӯзӣ бар фашизм дар натиҷаи саҳми кулли сокинони қаламрави кишвари паҳновари Шуравӣ ба даст омад, иброз дошт, ки соли 1942 дар дар ИҶШС як ҳаракати умумихалқӣ барои ҷамъоварии маблағ ба ҷабҳа оғоз шуд. Аз Точикистон ба фронт зиёда аз 150 вагон туҳфа фиристода шуд, ки 50 вагони он ба Ленингради дар муҳосирамонда ирсол  гардид. Дар маҷмуъ дар солҳои ҷанг Тоҷикистон ба Фонди дифоъ ва тавлиди аслиҳа беш аз 1 миллиард рубли шӯравӣ ворид кардааст. Бо назардошти он, ки дар солхои 40-ум 1 грамм тилло дар СССР 4,45 сум буд, метавон гуфт, ки ҶШС Тоҷикистон барои таҳкими ҳолати дифоии кишвар ва пешрафтҳо дар ҷабаҳоти мухталиф қариб 225 тонна тилло фиристодааст.

Ҷумахон Файзализода Директори Китобхонаи миллӣ дар идома суханронии худ дар бораи ташкили беморхонаҳо барои муолиҷаи маҷруҳони ҷанг ҳарф зад ва гуфт, ки дар солҳои мудҳиши ҷанг Тоҷикистон бидуни шак барои бисёре аз одамон хонаи дувум шуд. Ба ҷумҳурӣ аз шаҳрҳои Ленинград, Москва, Киев, Минск ва дигар шаҳрҳои бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ сокинон интиқол ёфтанд. Дар он солҳо наздик ба 100000 нафар дар сарзамини тоҷикон барои худ ҷойи амну осуда ёфтанд, ки зиёда аз  10000 нафарашон кӯдакон буданд.

Директори Китобхонаи миллӣ барои исботи фикр аз хотираҳои Сарвазири пешини Русия Дмитрий Медведев мисол овард, ки гуфтааст: “Модари ман дар солҳои ҷанг дар Тоҷикистон буд ва мо дар бораи зиндагии ӯ дар он ҷо ва кумаки мардуми тоҷик ба ҳамаи онҳое, ки дар солҳои ҷанг ба онҷо омадаанд, ба таври муфассал дар мавриди зиндагии ӯ дар он ҷо ва кумаки мардуми Тоҷикистон ба ҳама касоне, ки дар тули ҷанг ба онҳо омада буданд, нақл мекардем.  Мо ҳамаи онҳоеро, ки дар фронт ва дар ақибгоҳ барои Ватани мо меҷангиданд, бо миннатдорӣ ёдовар мешавем, зеро мо аз он тавонистем пирӯз шавем, ки бо ҳам будем”. Аз ин рӯ, хеле рамзист, ки имрӯз Конгресси мо таҳти шиори «Пирӯзӣ. Бо ҳам қавитарем” баргузор мешавад ва дар ҳошияи он иҷлоси китобхонаҳои миллии Русия ва Кишварҳои Ҷумахон Файзализода Муштаракулманофеъ бо ҳадафи тақвияти пайвандҳои китобхонаҳои бузургтарини давлатҳои аъзои ИДМ, муқовимат бо талошҳо  барои таҳрифи таърих баргузор мешавад.

Дар идомаи суханронии худ профессор Ҷумахона Файзализода дар бораи таърихи китобу китобдорӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳолати китобхонаҳо дар солҳои ҷанг ва саҳми китобдорон дар пирӯзӣ бар фашизм ва як силсила масъалаҳои дигар изҳори назар намуд.

Дар ҳошияи ширкат дар ҳамоиши ёдшуда Директори Китобхонаи миллӣ дар ҳашари ниҳолшинонӣ дар боғи марказии шаҳри Ижевск иштирок кард ва дар ин кори хайр саҳми худро гузошт.

 Б.Шафеъ