Ширкати бонувони Китобхонаи миллӣ дар як ҳамоиш ба ифтихори ҷашни Истиқлол
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи “Занони Истиқлолият” конфронс доир намуд.
Дар маҳфили “Занон ва Истиқлолият” дар баробари собиқадорон , занону бонувони фаъол, Шӯрои занон ва духтарони вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, ташкилоту муассисаҳо бонувони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат карданд.
Ҳадафи баргузории конфронс таҳкими пойдории бузургтарин дастоварди замони истиқлол, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, тақвияти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, таблиғи касбу кори гуногун ва либоси миллӣ унвон шуд.
Маврид ба таъкид аст, ки ҳамарӯза бахшид ба ҷашни Истиқлол дар муассисаву коргоҳҳо ва вазорату ниҳодҳои кишвар нишасту ҳамоишҳо, мизҳои гирду конфронсҳо баргузор мешаванд.
Китобхонаи миллӣ низ рӯзҳои 4-5-уми сентябри соли 2024 “Рӯзи дарҳои боз” баргузор менамояд.
Фароғат Толибова, раиси Шӯрои бонувони Китобхонаи миллӣ.