Ширкати директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар 6-умин Конгресси байналмиллалӣ
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Файзализода Ҷумахон Хол бо даъвати раиси Ҷамъияти умумиҷаҳонии омўзиш, нигоҳдорӣ, муаррифӣ ва тарғиби мероси фарҳангии Ўзбекистон дар 6-умин Конгресси байналмиллалӣ зери унвони «Мероси фарангии Ўзбекистон –пояи эҳёи нав» дар шаҳри бостонии Самарқанд ширкат намуд.
Конгрессро Ҷамъияти умумиҷаҳонии омўзиш, нигоҳдорӣ, муаррифӣ ва тарғиби мероси фарҳангии Ўзбекистон дар доираи лоиҳаи «Мероси фарҳангии Ўзбекистон дар маҷмўаҳои ҷаҳон» рўзҳои 22-23 июли соли равон баргузор кард. Дар он 250 нафар, аз ҷумла олимон ва коршиносон аз Ўзбекистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Фаронса, Исроил, Покистон, Туркия, Туркманистон, Русия, Чин ширкат намуданд.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Ҷумахон Файзализода дар мавзуи «Мероси хаттӣ –хамчун омили рушди робитаи байнифарҳангӣ» маърўза намуд.
Ў дар суханронияш ба баргузоркунандагони Конгресс барои роҳандозии чунин як нишасти хотирмон изҳори сипос намуд ва аз робитаҳои фарҳангии ду кишвари бо ҳам дўсту ҳамсоя суҳбат намуда, аз ҷумла гуфт, ки дар моҳи октябри соли равон Тоҷикистону Ўзбекистон сисолагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатиро таҷлил менамоянд.
Сарвари Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчунин аз сиёсати хирадмандонаву созандаи сарони кишварҳои дўст: Тоҷикистону Ўзбекистон ёдовар шуда, иброз намуд, ки имрўз махсусан дар пасманзараи ин сиёсати созанда масъалаҳои ҳамкориҳои байнифарҳангӣ ва байникитобхонавӣ низ баррасӣ мешаванд.
Профессор Файзализода дар бахше дигар аз суханронии худ дар бораи дастхатҳои нодир изҳори назар намуд ва гуфт: Мероси хаттӣ ба унвони як неруи маънавӣ ва зеҳнӣ яке аз муҳимтарин ҷузъи мероси милли Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад, ки ба кишварҳои мо имкон медиҳад дар байни қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ боқӣ бимонанд.
Фарҳанги китобнависии мардумони мо як падидаи беназири таърихи ҷаҳонист. Нусхаҳои хатии баҷомонда аз гузаштагон ганҷинаи гаронбаҳое ба ҳисоб меоянд, зеро дониши донишмандони қаблӣ ва талошҳои онҳо дар илмҳои мухталифро ошкор мекунанд. Ин осори бениҳоят пурарзишест, ки ба ҳаёти маънавӣ ва фарҳангии ҳар як халқ равшанӣ меандозад. Аз ин рӯ, ин падидаи фарҳангиро на танҳо бодиққат бояд ҳифз кард, балки моҳирона ва ҳамаҷониба омӯхтан лозим аст.
Директори Китобхонаи милии Тоҷикистон дар нишаст зимни суҳбат дар мавзӯи дастхатҳо иброз дошт, ки аз соли 1953 ба шарофати талошҳои кормандони шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ёрии дӯстдорони китоб аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз 2700 нусха китоб аз аҳолӣ ҷамъоварӣ шуд, ки ҳоло нигаҳдорӣ мешавад. Дар бойгонии дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 200 нусха китобҳо мавҷуданд, ки мутааллиқ ба асрҳои XVII-XX мебошанд. Ва дар миёни онҳо китобҳои Алишери Навоӣ-поягузори адабиёти классикии ӯзбек мақоми шоиста доранд. Яке аз ин китобҳо соли 1801 хаттотӣ шуда, панҷ достони хуби адиби маъруф, яъне “Хамса”-и ӯро дар бар мегирад.
Дар идомаи суханронияш директори Китобхонаи миллӣ дар бораи чанде аз нусхаҳои қаламӣ ва китобҳои дастнавиштаи забони ӯзбекӣ дар бойгонии Китобхонаи миллӣ ҳарф зад. Вай таъкид кард, ки масоили омўзиш, ҳифз ва тарғиби мероси хаттии аҷдодонамон, ки дар тамоми олам паҳн аст ва арзиши куллӣ ва умумиинсонӣ доранд, мавриди таваҷҷўҳ қарор гиранд.
Дар охири Конгресс ширкаткунандагон тибқи барнома шаҳри Самарқандро тамошо карданд ва бо ёдгориҳои қадимии ин шаҳри бостонӣ аз наздик ошно шуданд.
Раҳима Бобоева, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниои фарҳангӣ.