Ширкати Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Анҷумане дар шаҳри Бухоро (Видео)
Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Ҷумахон Файзализода, ки ҳамакнун дар дар шаҳри Бухоро ҷиҳати ширкат дар дуюмин Анҷумани Иттиҳод “Китоб ва китобхонӣ ҳамчун манбаи стратегӣ дар рушди ҷомеа” ба сар мебарад, дар анҷуман суханронӣ кард.
Ин Анҷуман дар доираи 16-умин Конфронси байналмилалии «Central Asia -2023: Интернет ва зарфиятҳои иттилоотӣ-китобхонавӣ дар илм, маориф, фарҳанг ва тиҷорат” бо дастгирии Бунёди байналмилалии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад.
Директори Китобхонаи миллӣ дар суханрониаш иброз дошт, ки ин Анҷуман дуюмин бор аст, ки баргузор мешавад. Ин ба он маъност, ки дар миёни теъдоде аз форумҳои байналмилалӣ мавқеъ пайдо кард ва чун минбаре эътироф шудааст, ки дар он масъалаҳои мубрами фаъолиятҳои китобхонавӣ – иттилоотӣ эҷодкорона мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҳҳои ҳалли онҳо пешниҳод мешавад.
Профессор Файзализода дар идома суханронии худ ба мушкилоти ҷомеаи башарӣ ишора кард ва гуфт: Ҷомеаи муосир давраи бесуботӣ ва фалокатҳоро паси сар карда, талош мекунад, ки роҳи раҳоӣ аз мушкилоти зиёди ҷаҳонӣ ва минтақавиро пайдо кунад. Барои инсон китобу мутолиа чун муҳимтарин нишонаҳои олами атроф, дар олами донишу муносибат боқӣ монда, ба воситаи онҳо арзишҳои ахлоқӣ ва эстетикии ҷомеаро дарк мекунад.
Ба андешаи сарвари Китобхонаи миллии Тоҷикистон суръати фазояндаи раванди буҳрони китобхонӣ, ки дар асри рақамӣ вобаста ба вазъи мушаххаси иҷтимоӣ-фарҳангӣ мушоҳида мешавад, дар ҳар ҷомеа бо роҳҳои гуногун натиҷа медиҳад.
Ба ҳамин далел аст, ки ҷалби шаҳрвандон ба мутолеа, шаклгирии фарҳанги мутолеа ин мушкилоти имрӯз на танҳо барои педагогика, балки барои ҷомеа низ басо муҳим аст.
Суханронии Директори Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумахон Файзализодаро дар Анҷумани ёдшуда ин ҷо тамошо ва бишнавед:
Суханронии профессор Файзализода дар Анҷумани “Китоб ва китобхонӣ ҳамчун манбаи стратегӣ дар рушди ҷомеа” дар шаҳри Бухоро