Ширкати Директори Китобхонаи миллӣ дар Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии Боку

Директори КитобхонаДар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба номи М.Ф.Охундзода дар мавзӯи «Китобхонаҳои миллӣ – нигаҳбони хотираи маънавии халқҳо» конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ оғоз гардид, ки дар он роҳбарони китобхонаҳои миллии ҷаҳон ширкат доштанд.

Як ҳайат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ҷумахон Файзализода дар ин нишаст иштирок намуданд.

Ин конфронс баъди иҷрои суруди миллии Озарбойҷон бо намоиши як видеоролик дар мавзуи 100-солагии Китобхонаи миллии Озарбойҷон оғоз ба кор кард ва муддати ду рӯз идома дошт.

Вазири фарҳанги Озарбойҷон Одил Керимли ширкаткунандагонро ба муносибати садсолагии Китобхонаи миллии Озарбойҷон муборакбод кард ва аз ҷумла гуфт: «Дар натиҷаи сиёсати оқилонаи Сарвари давлат Илҳом Алиев, ки сиёсати фарҳангии пешвои миллат Ҳайдар Алиевро бо муваффақият идома дода истодааст, Китобхонаи миллӣ имрӯз даврони шукуфоии худро аз сар гузаронида, дар қатори муосиртарин китобхонаҳои ҷаҳон қарор дорад».

Директори КитобхонаДиректори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Ҷумахон Файзализода дар мавзуи “Мероси хаттӣ чун омили рушди ҳамкориҳои байни китобхонаҳо” суханронӣ намуд.

Профессор Файзализода дар ин суханронии худ дар бораи бойгони китобҳои қадим, нусхаҳои қаламӣ ва дастхатҳои нодири Китобхонаи миллӣ маълумот дод.

Аз қадимитарин дастхатҳои форсӣ, мавҷудияти китобҳои чопи қадиму дастхатҳои нодир, аз ҷумла осори Низомии Ганҷавӣ ва дигар саромадони адабиёти форсу тоҷик, ки ҳамакнун осорашон ба ганҷидаи пурғановати мероси фарҳангии олам ворид шудааст, изҳори назар намуд.

Профессор Файзализода ҳамчунин дар бораи аҳаммияти илмии омӯзиши муштараки дастхатҳо ва китобҳои нодири китобхонаҳои кишварҳо ҳарф зад ва гуфт, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамеша аз ҳар гуна ҳамкории созандаву пажӯҳишҳои муштараки илмӣ истиқбол мекунад.

Директори Китобхона