Ширкати Директори Китобхонаи миллӣ дар Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар шаҳри Порис

Директор-1Имрӯз, 7 июни соли 2024 бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Пориси Фаронса Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ифтитоҳ шуд.

директори-китобхонаМаросими тантанавиро вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҳусни оғоз бахшид.

Ҳадаф аз баргузории конфронс пос доштани хотири Мавлоно Балхӣ ва эътирофи саҳми безаволи ӯ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ буда, дар он олимону донишмандонро аз тамоми гӯшаи канори олам гирди ҳам омадаанд.

Дар Конфронс Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода иштирок дорад.