Ширкати Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Рӯзи дави миллӣ

 15-уми майи соли 2022 кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Рўзи дави миллӣ фаъолона ширкат намуданд. Рўзи дави миллӣ дар Тоҷикистон ҳамасола рўзи якшанбеи сеюми моҳи май баргузор гардида, ҳадафи он таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳкимбахшӣ ва оммавигардонии варзиш дар тамоми кишвар мебошад.

Дави миллӣ аз шаҳраки Чорбоғ оғоз гардида, масофаҳо 3, 5 ва 10 км муайян шудаанд.

Имсол низ ҳайати намояндагони сохторҳои давлатӣ, омӯзгорону донишҷӯён, корхонаҳои хусусӣ, намояндагони ташкилоту созмонҳои миллӣ ва байналмилалӣ, дар маҷмуъ аҳолии кишвар бо ширкати фаъол аз Рӯзи дави миллӣ ҳимоят намуданд.

 Ғолибону ширкаткунандагони фаъол бо тӯҳфаҳои кумитаҳои тадорукоти Рӯзи дави миллӣ қадрдонӣ хоҳанд гашт.

Раҳима Аъзам,

шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.