Ширкати Китобхонаи миллӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»

Намоишгоҳи байналмилалиИмрӯз рӯзи охири Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» дар Осорхонаи миллӣ аст. Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон низ ба намоиш китобҳои худро пешкаши меҳмонону дӯстдорони китоб намуд. Китобхонаи миллӣ аз рӯзи 22-юми октябри соли равон дар Намоишгоҳи мазкур ширкат дорад. Қатори китобҳое, ки пештар нашр шуда буданд, ҳамчунин ҳамаи шумораҳои маҷаллаи Китобхонаи миллӣ бо номи “Паёми Китобхонаи миллӣ”, ки бо 3 забон нашр меградад, дар намоиши китоб муаррифӣ гардид.

Дастурҳои библиографии Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Ҳақназар Ғоиб, Назри Яздон, Боқӣ Раҳимзода ва диграр адибону ҳунармандон зеби гӯшаи Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” гардид.

Тавре сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг  Раҳмоналӣ Мирализода дар суҳбат бо мо изҳор дошт, даври  12-уми Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» аз 21 то 24 октябри соли 2024 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳузури фаъоли ноширону адибон ва алоқамандони китоб баргузор шуд.

-Имсол ба ғайр аз чорабиниҳои канорӣ дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” ду мулоқоти бисёр муфиду судманд миёни адибони Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар мавзӯъҳои назми муштараки ду кишвар ва тарҷумаи осори адабӣ ба вуқуъ пайваст. Адибони ду кишвар масоили мубрами ҳамкориро дар як ҷаласаи ҷудогона баррасӣ намуда, дар як нишасти дигар бо ҳузури дӯстдорони каломи бадеъ маҳфили адабӣ баргузор намуданд, гуфт ӯ дар суҳбат бо сомонаи Китобхонаи миллӣ.

Намоишгоҳи байналмилалиҚарор шуд, ки дар солҳои оянда ин таҷрибаи хуб миёни адибони тоҷик бо адибони дигар кишварҳои дӯст доир хоҳад гашт, таъкид намуд дар анҷоми суханонаш ҳамсуҳбатамон .

Ба гуфтаи масъулини намоиш дар намоиши имсол аз солҳои гузшта тавфовути зиёд ҳам аз назари миқдорӣ ва ҳам сифатӣ ба мушоҳида расид. Ғурфаҳои китоб низ пурбортару зеботар ва бо ороиши наву муосир ва таъсирнок ба ширкатдорони намоиш муаррифӣ гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» аз соли 2010 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола баргузор мешавад ва имсол дар Намоишгоҳ ноширон аз 8 кишвари ҷаҳон иштирок карда, беш аз 5 ҳазор китобро аз 40 нашриёти ватаниву хориҷӣ дар риштаҳои адабиёти бадеӣ, илмӣ, донишномаӣ, таърихӣ, ҳунарӣ ва китобҳои кӯдакона барои дӯстдорони китоб арза доштанд.

Раҳима Аъзам,
бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа.