Ширкати кормандони Китобхонаи миллӣ дар озмуни “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе”
Чор нафар аз ҷумлаи кормандони Китобхонаи миллӣ дар озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” ширкат карданд. Тавре пештар ҳам хабар дода будем, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» баргузор мегардад, ки ҳадаф аз он дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандон, дорои маҳорати баланди ровигӣ, сарояндагию овозхонӣ, ташаккули истеъдод ва ҳунари наврасону ҷавонон мебошад.
Озмуни мазкур аз рӯйи номинатсияҳои эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қироати беҳтарини шеър дар васфи пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти кишвар доир гардида истодааст.
Рӯзи 26-уми октябри соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ноҳияи И.Сомонӣ даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» гузаронида шуд, ки дар он чор нафар кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Абдуғаюр Саломов– шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, Назира Толибова – сардори шуъбаи кӯдакон ва наврасон, Шаҳноза Дониёрова муовини сардори шуъбаи кӯдакон ва наврасон ва Хосиятбибӣ Каримова – мутахассиси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок намуданд.
Хосият Каримова