Ширкати намояндагони Китобхонаи миллӣ дар Конгресси умумирусиягии китобхонаҳо: «Китобхона дар ҷаҳони бисёрқутбӣ»

Китобхонаи миллӣ дар20 май соли 2024  маҷмааи савдо ва фароғатии «Корстон»и Қазон, «Пойтахти китобхонаи Русия дар соли 2024» маросими ифтитоҳи ботантана Конгресси китобхонаҳои Умумирусия: «Китобхона дар ҷаҳони бисёрқутбӣ» баргузор шуд. Конгресс бо дастгирии ҳукумати Ҷумҳурии Тотористон ташкил карда шуд. Лоиҳа бо истифода аз грант аз ҷониби Фонди фарҳанги Русия дар доираи лоиҳаи федералии «Одамони созанда»и лоиҳаи миллии «Фарҳанг» амалӣ карда шуд.

Дар Конгресс зиёда аз 1550 нафар мутахассисон аз саросари Русия, инчунин меҳмонони махсус аз кишварҳои хориҷӣ (Беларус, Ҳиндустон, Эрон, Чин, Куба, Сербия) ва мутахассисони чавони китобхонахои Озарбойчон, Арманистон, Белоруссия, Казоқистон, Кирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат намуданд.

Иштирокчиёни лоиҳаи «Ҳамкории таълимии китобхонаҳои Иттиҳод» – 50 нафар сабти ном шудаанд.

Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Ҳадиятуллоҳи Амриддин, Нодиршоҳи Ҳабибулло, Шаҳбози Алихон намояндагӣ  меунанд.

Чорабини мазкур то 24 май соли 2024 давом мекунад ва дар он масъалаҳои ҳамкорӣ ва рушди фаъолияту самтҳои китобхонаҳо баррасӣ мешавад.

Нодиршоҳи Ҳабибулло – сармутахассиси шуъбаи умуми ва коргузории МД «Китобхонаи миллӣ» Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон