Ширкати намояндаи Китобхонаи миллӣ дар як форуми байниминтақавӣ

Мавзуна Орумбекова – сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Форуми байниминтақавӣ зери унвони “Зиндагӣ бидуни монеа ва сарҳаддар доираи барномаи ҳамгироии иҷтимоӣ-фарҳангии шахсони имконияташон маҳдуд: таҷриба, мушкилот ва дурнамои рушд, ки бахшида ба 60-солагии таъсис ёфтани Китобхонаи ҷумҳуриявии Удмурт барои нобиноёни шаҳри Ижевски Ҷумҳурии Удмурти Федератсияи Росия дар таърихи 10-уми декабри соли равон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

            Мавзуна Орумбекова дар маърӯзаи хеш таҳти унвони “Хусусиятҳои хизматрасонии китобхонавӣ ба маъюбон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон” аз шароиту имкониятҳо ва сатҳу сифати хизматрасонӣ ба маюбон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз намуд, ки маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери ҳимоя ва дастгирии ҳамешагии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар ин баробар аз ҷониби вазорату идора ва шахсони алоҳида низ дасти кумак дароз карда мешавад.

            Дар шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои ба мутолиа фаро гирифтани шахсони дорои имконияти маҳдуд тамоми шароит фароҳам оварда шуда, дар баробари ин аз тарафи созмонҳои кумакрасон низ мавриди ғамхорӣ қарор мегиранд.

            Ёдовар мешавем, ки ҳамкориҳои байналмилалии Китобхона дар ҳоли рушду тавсиа буда, кормандони он дар форуму конференсияҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат меварзанд.

   Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон