Ширкати профессор Файзализода дар конференсияи «Истиқлол ва рушди технологияи муосир дар фаъолияти китобдорӣ-библиографӣ»
Доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода-директори МД “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ саҳми Китобхонаи миллии Тоҷикистонро дар тарғибу ташвиқи технологияҳои муосир дар раванди китобдорӣ – библиографӣ муҳим арзёбӣ намуд. Ба таъкиди номбурда, замони муосир тақозо мекунад, ки кормандони китобхонаҳо бояд аз технология ва донишҳои имрӯз бархӯрдор бошанд, зеро танҳо дар ин сурат кори китобхонаҳо рушд карда метавонанд.
***** ****** ******
5-уми сентябри соли 2025 дар толори Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Истиқлолият ва рушди технологияи муосир дар фаъолияти китобдорӣ-библиографӣ» баргузор гардид. Дар нишаст директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода низ ширкат ва суханронӣ намуд.
Дар конференсия сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон – Аҳмад Иброҳимов, директори МД «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор – Файзализода Ҷумахон Хол, ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», номзади илмҳои филологӣ, дотсент – Назарзода Маҳмуд Мирзо, дотсенти Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдории Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ – Шариф Комилзода, муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Саидзода Зафар Саидҳошим, декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисоси Кори китобдорӣ – Зафари Шариф, директори Китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Бохтар ба номи Камоли Хуҷандӣ – Раҷабзода Қурбонбӣ, мудири шуъбаи методӣ-библиографии Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин» – Тӯтинисо Юсупова ва дигар олимону мутахассисони соҳа аз вазорату идораҳои кишвар иштироку суханронӣ намуданд.
Ҳамоишро директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони баналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» – Сайзароб Нодирзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфта, муҳимтарин дастовардҳои Хонаи китоби Тоҷикистонро дар зарфи 34 соли истиқлол зикр кард.
Ҳамзамон, ӯ қайд намуд, ки “Бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин анъанаи неки ниёгон – эҳтироми китобу китобхонӣ идома ёфта, дар ин ҷода корҳои зиёде анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, 4-уми сентябри соли 2007 хишти нахустини бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузошта шуда, ин рӯз ҳамчун рӯзи китоб дар сар то сари кишвари маҳбубамон эълон гардид. Ҳамин тавр, аз соли 2007 инҷониб дар баробари ҷашни муқаддаси Истиқлол Рӯзи китоб низ бо шукуҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад”.
Сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмад Иброҳимов дар суханронии худ саҳми китоб ва китобхонаҳоро дар бедории ҷомеа таъкид намуд.
Файзализода Ҷумахон Хол – директори МД “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ саҳми Китобхонаи миллии Тоҷикистонро дар тарғибу ташвиқи технологияҳои муосир дар раванди китобдорӣ – библиографӣ муҳим арзёбӣ намуд. Ба таъкиди номбурда, замони муосир тақозо мекунад, ки кормандони китобхонаҳо бояд аз технология ва донишҳои имрӯз бархӯрдор бошанд, зеро танҳо дар ин сурат кори китобхонаҳо рушд карда метавонанд.
Дар конференсия ҳамчунин, дотсенти Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдории Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шариф Комилзода дар мавзуи «Ҷойгоҳи технологияи иттилоотӣ-иртиботӣ дар рушди фаъолияти китобхонаҳои замони Истиқлол», декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисоси Кори китобдорӣ – Зафари Шариф дар мавзуи «Истиқлолият марҳилаи сифатан нави рушди фаъолияти методии китобхонаҳо» ва муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Саидзода Зафар Саидҳошим дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ ва рушди барномаҳои автоматикунонидашудаи соҳавии ватанӣ дар Китобхонаи миллӣ» баромад намуданд.
Дар фарҷоми конференсия директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар» – Ҳусейн Сафарзода ва дигар иштирокдорон фикру ақидаҳои худро оид ба масъалаҳои муҳими соҳаи китобдорӣ ироа намуданд.
Ҳамзамон, меҳмонон аз дастовардҳои муассиса ва намоиши китобӣ дидан намуданд.
Манбаъ: Гузориши Фирдавс Аминов дар саҳифаи “Хонаи китоб” (Фейсбук)