Ширкати се нафар кормандони Китобхонаи миллӣ дар як Форуми байналмилалӣ дар шаҳри Москав

 Ширкати се нафар кормандони Китобхаони миллӣСе нафар кормандони Китобхонаи миллӣ дар як Форуми байналмилалӣ дар шаҳри Москав ширкат карданд. Ин форум рӯзҳои 24-26 апрели соли равон таҳти унвони “Ҳақиқати таърихиро барои наслҳои оянда ҳифз мекунем” баргузор гардид.

Он ба ёди кормномаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки кулли сокинони қаламрави собиқ Иттиҳои Шӯравӣ ширкат ва дар пирӯзии кишвар ба миллигароёни Олмон ҳисса доштанд, бахшида шуда буд. Се намояндаи Китобхонаи миллӣ дар мавзӯҳои мухталиф оид ба корномаҳои ҷангии фиристодагони Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла Сардори Маркази таҳсилот ва инноватсия Муҳаммадиқбол Атозода дар мавзӯи “Саҳми китобдорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ғалаба бар фашизм” суханронӣ кард. Мавсуф аз даҳҳо нафаре ҳикоят намуд, ки дар он солҳои пурошӯб кори китобдориро як сӯ гузошта, бо даъвати роҳбарияти кишвар ба ҷабҳа рафтанд ва китобро бо силоҳ иваз намуда, ҳар кадом Артиши Шӯравиро қадам ба қадам ба ғалаба наздик карданд.

Муҳаммадиқбол Атозода иброз дошт, ки китобдорони Ҷумҳурии Тоҷикистон қатори ҳазорҳову миллионҳо сокинони кишвар дар ҳама ҷабаҳоти ҷанг ҷоннисорӣ карданд. Тибқи маълумоти расмӣ дар ин набардҳои хунин беш аз 10 нафар китобдорон ширкати бевосита доштанд ва бо силоҳ алайҳи истилогарони фашистӣ ҷангиданд.

 Ширкати се нафар кормандони Китобхаони миллӣ45 нафари дигар дар корҳои барқарорсозии харобаҳои ҷанг ва сохтмонҳои ёрирасон иштирок намуданд.

Ҳамчунин беш аз 20 нафар кормандони КМТ дар машғулиятҳои муқовимати зиддиҳавоии кимиёӣ ҳамчун мураббӣ хидмат кардаанд.

Илова бар ин кормандони китобхона дар саҳрои кор, корхонаву фабрика, сохтмонҳои азим, бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои дармонбахшиву кумакҳои тиббӣ фаъолият намуда, дар кори ёрӣ ба ҷароҳатдидагон ҳиссаи сазовор гузоштанд.

Маврид ба ёдоварист, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ як корзоре буд, ки халқҳои гуногунмиллати кишвари паҳновари Шӯроҳоро ба ҳам овард. Онҳо ба муқобили душман, баҳри фардои дурахшони наслҳо ҷангиданд ва бисёриҳо аз тири истилогарон ҷон бохтанд ва номи худро барои наслҳо абадзинда гардонданд.

Ёқубҷон Бобохонов,
муовини шуъбаи
автоматикунонии раванди
китобдорӣ-иттилоотӣ.