Ширкаткунандагони аввалини номинаи эҷоди назму наср: Сабрина Ашӯрова
Рўзи дуввуми озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Китобхонаи миллӣҷараён дорад. Имрўз се номинои озмун: адабиёти классикӣ, адабиёти кўдакон ва эҷоди назму насрдоир ва идома дорад.
Сабрина Ашӯрова, хонандаи синфи 8-и мактаби рақами 12-и шаҳри Исфара дар номинои эҷоди назму наср дар бахши наср иштирок мекунад. Ўро ҳинни омодагӣ ба озмун дидам, ки чанд дақиқа пас навбаташ буд. Мисли дигар довталабон ҳиссиёти пуршўре дошт ва бовараш намешуд, ки дар сатҳи олӣ ўро мешунаванд ва мебинанд. Мақсадаш на танҳо кишвар, ҷаҳониёнро бо осори як нависандаи кўчак ошно кардан аст. То оғози иштирокаш фурсатро ғанимат донистам ва бо чан суол муроҷиат кардам:
-Чӣ гуна дилгарм ба навиштани шеъру достон шудед?
– Шавқу ҳавас доштам ба навиштан, махсусан шеърҳо менавиштам. Шеъри аввалинамро ҳанўз дар синфи 4 гуфта будам. Дар мавзуҳои мактаб, муаллим ва Ватан ва китиоб менависам зиёдтар. Дар рўзномаҳои «Хазинаи маърифат», «Насими Исфара» ва ғайра нашр шудаанд. 7 ҳикоя, 3 эссе, 1 повест ва 2 драма пешниҳод кардам ба озмун. Умедворам доварон баҳои арзанда медиҳанд. Ин маро ба навиштани китобҳои бузург ҳидоят хоҳанд кард.
-Нависанда бояд мутолиаи жарфу амиқ ва таҷрибаву дониш ҳам дошта бошад. Мутолиаат дар кадом поя аст?
– Оре,бояд барои навиштан бештар хонд. Китоб зиёд мехонам, махсусан китобҳои устод Садриддин Айнӣ ва Фазлиддин Муҳаммадиевро хондаам. Аз асарҳои классикони ҷаҳонАлександр Пушкинро меписандам.
-Ҳаяҷонзада ҳастӣ…
– Албатта ҳар кас пеш аз иштирок кардан ҳаяҷон дорад. Ман низ ҳаяҷонзадаам, ҳарчанд бори аввал аст дар сабқати сатҳи баланд ҳозир шудам. Азбаскӣ орзу доштам ширкатдори «Фўруғи субҳи доноӣ» бошам, ҳиссиёти камтар дорам.Мехоҳам худро ба оламиён муаррифӣ намоям.
-Падару модарат чӣ кораанд?
– Модарам дӯзанда ва падарам дар шабакаҳои барқӣ фаъолият мекунанд. Ҳамсинф ва дугонаи хубам низ дар ин озмун иштирок варзид, вале мутаасифона аз даври вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ нагузаштанд. Аз ин руҳафтода ҳастам, чунки худам аз даври вилоятӣ гузаштам ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтам.
Аз аввал наваисандагиро дўст медоштам. Ин истеъдодро дорам. Вақте танҳо мемонам, идеяи ҳикову роман ба зеҳнам меояд. Агар ғолиб биёям, пули онро барои хонданам дар оянда сарф мекунам.
Раҳима БОБОЕВА, шуъбаи
тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангӣ.