Ширкаткунандагони Конфронси байналмилалии китобхонаҳои академикии Авруосиё «ЕФДС-2022» соҳиби Сертификат шуданд
Се нафар аз ҷумлаи кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар як Конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Остона-пойтахти Қазоқистон ширкат доштанд, соҳиби Сертификат шуданд. 11-умин Конфронси байналмилалии Авруосиёи китобхонаҳои академӣ таҳти унвони “Дастрасии озод ба дониш ва китобхонаҳо: рушд ва дастовард” рўзҳои 27-28 октябри соли 2022 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазокистон баргузор шуда буд ва дар он мутахассисони соҳаи китобдорӣ, ноширӣ ва технологияи иттилоотӣ аз кишварҳои гуногуни олам ва ҳамчунин аз Тоҷикистон ширкат намуданд.
Китобхонаи миллии Тоҷикистонро дар ин нишаст Гадобек Маҳмудов-муовини Директори Китобхонаи миллӣ, Нуқра Аҳмадова-сардори шуъбаи Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шаҳобуддин Назаров– сардори шуъбаи таҳрир ва интишороти китобхона намояндагӣ карданд.
Дар доираи ин чорабинӣ муовини директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов бо як қатор роҳбарони китобхонаҳои академикӣ, миллӣ ва ноширҳо мулоқот кард. Дар дидору вохӯриҳо масъалаҳои имкониятҳои ҳамкориҳои мутақобили бо Китобхонаи милли Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор ги рифтанд.
“Дастрасии озод ба манобеи иттилоотии ҷаҳонӣ: ҳолат ва мушкилот”-унвони як мизи гирде буд, ки бо ширкати мутахассисони варзидаи соҳаҳои технологияи иттилоотӣ, китобдорӣ ва ноширӣ доир шуд. Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов оид ба вазъи дастрасӣ ба манобеи иттилоотии китобхонаҳои Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Дар поёни нишаст санади ҳамкорӣ дар бораи вусъати фаъолияти китобхонаҳо дар Осиёи Марказӣ, омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳо, таъсиси марказ барои омўхтани таҷрибаи пешқадам ва такмили ихтисос, коркарди лоиҳаҳои минтақавӣ бо иштироки китобхонаҳои бузурги кишварҳои минтақа, чорӣ намудани технологияи муосири иттилоотӣ ва ташкили консорсиумҳои китобхонаҳои Осиёи Марказӣ барои дастрасӣ пайдо намудан ба манобеҳои иттилоотии ҷаҳонӣ, нашриётҳои бузурги ҷаҳон, ҳамзамон ташкил ва баргузор намудан семинарҳову тренингҳову конференсияҳо қабул гардид.
Абдуғаюр Саломов