Ширкаткунандагони як конференсияи илмӣ- назариявӣ дар Китобхонаи миллӣ аз Ваҳдату якпорчагӣ гуфтанд ва аз профессор Шакармамадов ёд карданд

конференсияи илмӣ- назариявӣИмрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи нақшаи чорабиниҳои муассиса бо ташаббуси шуъбаи менеҷмент ва маркетинг ва дар ҳамкорӣ бо Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ  Конфренсияи илмӣ-назариявии “Мавзуи ваҳдату дӯстӣ ва ғояи миллӣ дар суннатҳои мардумӣ ва адабиёти  гуфтории халқи тоҷик” баргузор шуд.

Дар чорабинии мазкур директори Китобхонаи миллӣ,  доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода, доктори илмҳои фалсафа профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов, доктори илмҳои филология, профессор Офаридаев Назрӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Равшан Раҳмонӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Варқа Охонниёзов, Корманди шоистаи Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, инчунин кормандони Китобхонаи миллӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Коференсияи мазкур ба 26-умин солгарди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бахшида шуда, зимнан, аз фолклоршиноси маъруф, профессор Нисор Шакармамадов ёдоварӣ шуд.

конференсияи илмӣ- назариявӣДар оғоз директори Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумахон Файзализода суханрони карда, ҳозиринро ба  яке аз ҷашнҳои муҳими давлатӣ – 26-умин солгарди Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон тансиҳатӣ, хонаи обод, ҳаёти осоишта ва фаъолияти созандаву пуршараф баҳри боз ҳам гул-гулшукуфон гаштани Ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол таманно кард.

Сарвари Китобхонаи миллӣ аз он рӯзҳои мудҳиш ёд кард ва бо ба ёд овардани талошҳои истиқрори сулҳ дар кишвар ва саҳми пурарзиши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзуд: Насли наврасу ҷавонро зарур аст, ки аз мероси гаронбаҳои гузаштагону имрӯзиён бархӯрдор бошанд. Воқеан, ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, ки дар асари “Тоҷикон дар ойинаи таърих” гуфтаанд: “Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамини аҷдодӣ ва марзу бум, расму оини ниёгон огаҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонанд”.

Профессор Файзализода дар бахши дигар аз суханронии худ аз хидматҳои арзишманди олими маъруф ва фолклоршиноси варзида Нисор Шакарм амадов ёдовар шуд ва гуфт: Нисор Шакармамадов олими фолклоршинос, профессор, доктори илмҳои филологӣ аз зумраи донишмандони ватани азизамон мебошад, ки дар илми фолклоршиносии кишвар саҳми бориз ва мондагор дорад. Ба қалами ў зиёда аз 200 мақола ва асарҳои кўчаку бузург тааллуқ дорад. Бештар аз даҳ китоб ба нашр расондааст, ки машҳуртарини онҳо асар и чандҷилдаи «Фолклори Бадахшон», «Куллиёти фолклори Помир», «Сурудҳои туёнаи Помир», «Наврӯз дар Бадахшон», «Ривоёти Помир» ва ғайраҳо мебошанд. Бисёре аз асарҳои илмии профессор Нисор Шакармамадов дар кишварҳои хориҷӣ ба табъ расидаанд. Ў беш аз даҳ шогирдро тарбия кардааст, ки дар ҳоли ҳозир соҳиби унвонҳои гуногуни илмиянд.

конференсияи илмӣ- назариявӣДоктори илмҳои филология, профессор Парвона Ҷамшедов дар мавзуи “Фолклори тоҷик ва саҳми Нисор Шакармамадов дар таҳқиқ ва интишори он” маърӯза карда, аз ҷумла гуфт, ки эҷодиёти Нисор Шакармамадов самараи фаъолияти қариб 50 – солаи илмии ин олими бузург ва соҳибистеъдод аст. Ҳамин аст, ки ӯ аз худ номи нек ва фолклоршиноси хуб барҷо гузоштааст. Бояд гуфт, ки эҷодиёти ӯ мавзуи назми халқии Бадахшон аст, ки кам олимон ин самтро кор ва натиҷаи хубро пешниҳод намудаанд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки Нисор Шакармамадов дар назди миллату давлати хеш рисолати худро хеле хуб иҷро кардааст.

конференсияи илмӣ- назариявӣСипос, профессор, узви пайастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов дар мавзуи «Ваҳдат ва арзишҳои миллӣ», баромади пурмуҳтавое намуда, ин неъмати бебаҳоро барои миллати тоҷик арзишманд ва нодир ҳисобида, дар ин раванд саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бузург арзёбӣ кард.

Дар мавзуи “Саҳми профессор Нисор Шакармамадов доир ба омўзиши жанри даргилик” номзади илмҳои сиёсӣ Мавлоналӣ Муҳаммадазимов суханрони намуда, дар идомаи қайд кард, ки мо бояд аз чунин олимону профессоронамон ибрат гирем, тамоми китобу нусхаҳои хаттиамонро сарҷамъ кунем, аз ҳар нафаре аз ҳар минтақае як чизаки наве кашф кунем, он вақт воқеан фарҳангу маърифати мо пешрафт мекунад.

конференсияи илмӣ- назариявӣСуханронии доктори илмҳои филологӣ, профессор Равшан Раҳмонӣ ба “Мавзуъҳои ваҳдату дӯстӣ ва ғояи миллӣ дар суннатҳои мардумӣ ва адабиёти гуфтории мардуми тоҷик” низ яке аз маърузаҳои хуби конфренсия буд, ки оид ба адабиёти гуфтории халқи тоҷик ва масоили сулҳу ваҳдат дар он  сухан мерафт. Профессор Раҳмонӣ аз замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ёд кард ва саҳми барномаҳои радио аз ҷумла барномаи “Хоки Ватан”, ки садҳо гурезаҳоро ба Ватан овард, арзишманд хонд. Вай гуфт дар ин барномаҳо садҳо байту рубоиҳои нав аз ғарибиву мушкилоти он, пазмонии ватану истиқболи гарм аз ваҳдату якпорчагӣ ва сулҳу салоҳ садо доданд.

Дар идомаи конфронс доктори илмҳои филология, профессор Варқа Охонниёзова дар мавзуи “Нисор Шакармамадов – муҳаққиқи сарчашмаҳои моддии таърихӣ” баромад намуда, ҳамчунин қайд кард, ки осори ин олими шинохтаву ин суханшиноси варзида ҳамчун хазинаи бебаҳо барои имрӯзиён ва ояндагон метавонад зиёд манфиат дошта бошад ва бояд онро ба таври васеъ истифода намуд.

Дар анҷоми конфронс Корманди шоистаи Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар мавзуи “Сарчашмаву анъанаҳои таҳкими ғояи конференсияи илмӣ- назариявӣмиллӣ ва ҷараёни имзои Созишномаи истиқрори сулҳ”  суханронӣ кард. Вай аз ҷумла гуфт, ки созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои миллати мо тавонист саҳифаи таърихӣ ва фаромушнашавандаро боз намояд. Дар он шабу рӯзҳо воқеан мо шоҳиди ҳол будем, ки халқ чӣ гуна азият мекашид ва чи тавр роҳи гурезро пеш гирифт танҳо ва танҳо ҳамин созишнома сабаб гардид ва ба ҷони миллат марҳам шуд.

Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муассисаи бонуфузи фарҳангии ҷумҳурӣ бо доштани махзани гаронмояи адабиёти илмӣ-соҳавӣ ва бадеиву тарбиявӣ ҳамарӯза ба муштариёни зиёд, ки аксари онҳоро донишҷӯёну мактаббачагон ташкил медиҳанд, хидмат мерасонад. Ҳамчунин чорабиниҳои гуногуни илмӣ-фарҳангӣ доир намуда, дар самти таҳкими ғояҳои Ваҳдати миллӣ, конференсияи илмӣ- назариявӣИстиқлоли давлатӣ, ҳувийяти миллӣ ва эҷоди ҷомеаи мутамаддин дар кишвари азизамон саҳм мегузорад.

Наргис НАЗАРЗОДА