Шитоб ба сўи китоб
Китоб беҳтарин мерос аз гузаштагон буда, моро ба рўзгори пешиниёни бо нангу номусамон ошно месозад. Китоб роҳнамо ва беҳтарин устоди беминнат ҳаст. Барои насли ҷавон раҳнамое буда онҳоро ба самти шарофат ва фазилат роҳкушоӣ менамояд.
Бо ибтикор ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4-сентябр рўзи китоб эълон шуд. Пешвои миллат талошу тадбирҳои заруриро андешидаанд, то шавқ ва масулияту шинохти рисолат ба китобу китобхонӣ бештару хубтар гардад. Далели гуфтаҳои боло озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст», беҳтарин донандагону хонандагонро муаррифӣ намуд.
Бойси зикр кард, ки тибқи омори сабткардаи кормандони шуъбаи нигоҳдории китоби Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”- Дастгоҳи иҷроияи Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се моҳ қариб 3126 хонанда вориди махзани дониш гардида, ба ин озмун тайёрии ҳамаҷониба дида истодаанд. Ҳамзамон шумораи китобдўстон ва китобхонон сол аз сол афзуда, на ин ки насли наврасу ҷавон, балки калонсолон ва кормандони идораву муассисаҳо рў ба китоб овардаанд, ки ин барои мо боиси ифтихор ва сарфарозист.
Ҳамзамон дари Китобхона барои дӯстдорони китоб ҳамеша боз аст ва хоҳишмандон метавонанд мувофиқи шавқу завқ ганҷинаи нодири илму донишро дарёфт ва мутолиа намоянд. Фоидаҳои дигари мутолиа он аст, ки шахси пурмутолиа дар изҳори андеша дар намемонад. Хониши осори бадеӣ барои суфтаву равон шудани забону гуфтугў кўмак мекунанд. Масалан, вақте, ки мо ба иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи донои китоб аст» суҳбат мекунем, бо сабабе, ки онҳо садҳо осори бадеӣ хондаву ғазалу рубоиву мухаммасҳои зиёде аз бар кардаанд, ҳангоми суҳбат бо онҳо лаззат мебарем. Гуфторашон гуворо аст, равон суҳбат мекунанд, андешаҳои созанда доранд, ғайр аз ин, бо як забони хориҷӣ озодона ҳарф мезананд. Омўзиши забонҳои хориҷӣ низ барои шахси китобхон осон мегардад.
Қудрати китоб хеле бузург аст. Ҳар оила бояд дар хона ҷевони китоб дошта бошад. Зеро дар хона будани ҷевони китоб ба кўдакон таъсири мусбат мерасонад. Ҳамарўза кўдакон, ки дар хона ҳастанд, хоҳ нохоҳ бо китобҳо ошно мегарданд. Ҳар боре, ки дар хона гашту гузор мекунанд ва назарашон ба китобҳо меафтанд, таъсири калон доранд. Дар навбати аввал кўдак агар номи китобҳо ва номи муаллифи онҳоро биомўзад, алакай қадами нахустин ба китобдўстиву китобхонӣ аст. Инчунин дар хона мавҷуд будани ҷевони китоб барои наврасон хотирмон аст. Ҳамзамон, дар баробари дигар таҷҳизоти зурурӣ барои пешбурди рўзгор, бояд дар хона ҷевони китоб низ бошад. Бояд китоб ҷузъе аз зиндагии рўзмарраи мо маҳсуб гардад.
Муниса Мамадсодиқова,
мутахассиси пешбари шубаи
нигоҳдории китоб