«ШОҲНОМА»-И САОЛИБӢ»
«ШОҲНОМА»-И САОЛИБӢ»
«Шоҳнома»-и Саолибӣ» ё «Таърихи ғурару-с-сияр» китоби сеюми силсилаи «Тоҷнома» ба шумор меравад. Ин китоб асари Абӯмансур Абдулмалик ибни Муҳаммади Саолибии Нишопурӣ буда, дар он таърихи шоҳони Эрони бостон, шурӯъ аз подшоҳони Каёнӣ то шоҳони охири аҳди Сосонӣ ба тартиб оварда шудааст.
Китоб аслан аз чаҳор ҷилд иборат будааст, вале то замони мо ҳамагӣ ду ҷилди он омада расидааст. Ин ду ҷилд дар як китоб пешкаши хонанда карда шудааст.
Китоб бо тавзеҳот, таълиқот, тасвирҳо, харитаҳо, феҳристи номҳо такмил дода шуда, барои оммаи васеи хонандагон тавсия мешавад.