Шодӣ Раҷабзод: Қолабшиканӣ дар сабк аз омилҳои офаридани асарҳои мондагор аст

Меҳмони навбатии маҳфили “Хонандаи имрӯз-созандаи фардо” Шодӣ Раҷабзод аз таҷрибаи фаъолияти рӯзноманигорӣ ва эҷодии худ ёдовар шуда, дар бораи масъулияти аҳли қалам дар инъикоси воқеияти ҷомеа, нақши адабиёти муосир дар тарбияи маънавии ҷавонон ва аҳамияти мутолиаи асарҳои арзишманди тоҷик сухан гуфт. Ба гуфтаи ӯ, қолабшиканӣ дар сабки навиштан яке аз омилҳои офаридани асарҳои мондагор мебошад.

Ин маҳфил субҳи имрӯз дар толори хониши “Фурӯғ”-и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Мавзуъ «Ҳамқадами адабиёти муосири тоҷик» буд ва дар он рӯзноманигор, нависанда ва публитсисти маъруф Шодӣ Раҷабзод ширкат ва бо хонандагон ҳамсуҳбат шуд.

Дар оғози нишаст ҷонишини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Камолзода ҳозиринро хайрамақдам гуфта, аз нақши чунин маҳфилҳои фарҳангиву маърифатӣ дар рушди фарҳанги китобхонӣ, тақвияти ҷаҳонбинии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба адабиёти миллӣ ёдовар шуд. Ӯ таъкид намуд, ки мулоқоти мустақими хонандагон бо намояндагони илму адаб барои бедор намудани шавқи мутолиа ва дарки арзишҳои фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳамчунин мавсуф ба ҳозирин, бахусус довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва умуман онҳое, ки ба мутолиа завқу рағбати зиёд доранд, тавсия дод, ки се дафтар дошта бошанд: яке барои сабти номҳои асарҳои мутолиакардаашон бо шарҳи мухтасари мазмун, дуюм барои сабти шоҳбайтҳои азбарнамуда ва сеюм барои ҷамъоварии луғатҳои нав. Ғайр аз ин, мутолиаи такрории китоби «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ барои такмили маҳорати ёддоштнависӣ тавсия дода шуд.

Ровигии маҳфилро хонандаи фаъоли Китобхонаи миллӣ, донишҷӯи соли дуюми факултети тиббии ДДТТ, ғолиби озмуни “Китобхони беҳтарин” дар соли 2019, ғолиби озмуни вилоятии “Лоиқхонӣ” дар соли 2021, ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дар соли 2023, ғолиби “Интернет олимпиада” дар соли 2024, Гирандаи стипендияи Президентӣ дар солҳои 2022, 2023, 2024, 2025 ва довталаби соли шашуми даври ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»   Паричеҳра Ёдгорова ба уҳда дошта, фаъолияти рӯзноманигорӣ ва эҷодии Шодӣ Раҷабзодро ба ҳозирин муаррифӣ кард. Дар зимн ӯ гуфт, ки Шодӣ Раҷабзод 20 июли соли 1964 дар деҳаи Моинкаҷи Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст. Соли 1986 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, баъдан ба фаъолияти рӯзноманигорӣ низ машғул шудааст.

Солҳои 1986–1990 ва 1992–2000 ҳамчун омӯзгор дар мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият кардааст. Солҳои 2000–2001 дар ҳафтаномаи «Оила» фаъолият бурда, аз соли 2011 то имрӯз муҳаррири яке аз бахшҳои ҳафтаномаи «Омӯзгор» мебошад. Шодӣ Раҷабзод узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, соҳиби унвонҳои «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, “Аълочии маорифи Тоҷикистон” буда, бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Ӯ муаллифи китобҳои «Растагорӣ», «Ранҷиш», «Дасти боло» ва маҷмуаи чоруми ҳикояҳо мебошад. Соли 2017 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гардидааст. Китоби «Растагорӣ» соли 2018 сазовори ҷоизаи «Китоби сол» шудааст. Барои китоби ҳикояҳои “Дасти боло” нависанда соли 2013 ба гирифтани Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мушарраф гардидааст.

Дар фаъолияти рӯзноманигории худ Шодӣ Раҷабзод бештар бо:

  • мақолаҳои таҳлилӣ оид ба масъалаҳои маориф;
  • масъалаҳои таълиму тарбия;
  • сиёсати китобҳои дарсӣ;
  • арзишҳои миллӣ ва иҷтимоӣ;
  • очеркҳо ва гузоришҳои таҳлилӣ дар матбуоти ҷумҳуриявӣ маъруф аст.

Зикр гардид, ки мавсуф аз чеҳраҳои фаъоли рӯзноманигорӣ ва адабиёти муосири тоҷик буда, бо осори публитсистӣ ва бадеии худ дар рушди фарҳанги сухан саҳми арзанда гузоштааст.

Зимни суханронӣ Шодӣ Раҷабзод доир ба аҳамияти китобхонӣ, нақши адабиёт дар ташаккули шахсияти инсон ва ҷойгоҳи адабиёти муосири тоҷик дар тарбияи маънавии ҷомеа андешаҳои судманд баён намуд. Ӯ таъкид кард, ки мутолиаи пайвастаи китоб на танҳо донишу ҷаҳонбинии инсонро ғанӣ мегардонад, балки ҳисси худшиносӣ, масъулиятшиносӣ ва тафаккури созандаро низ тақвият мебахшад.

Ба онҳое, ки хоҳиши иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро доранд, ӯ дақиқкорӣ ва тозанависиро ҳангоми омода намудани маводи озмун таъкид намуд. Барои васеъ намудани ҷаҳонбинӣ мутолиаи осори нависандагони барҷастаи ҷаҳон, аз қабили Ги де Мопассан, Ҷек Лондон, Николай Гогол, Лев Толстой, Чингиз Айтматов ва Эрнест Ҳемингуэйро ҷиддан тавсия дод.

Ӯ ҳамчун раис ё узви ҳайати ҳакамони доимии ин озмуни бонуфуз таъкид намуд, ки ҳар як иштирокчӣ бояд аз осори барҷастатарини намояндагони адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик огоҳии кофӣ дошта бошад.

Меҳмони маҳфил ҳамчунин аз таҷрибаи фаъолияти рӯзноманигорӣ ва эҷодии худ ёдовар шуда, дар бораи масъулияти аҳли қалам дар инъикоси воқеияти ҷомеа, нақши адабиёти муосир дар тарбияи маънавии ҷавонон ва аҳамияти мутолиаи асарҳои арзишманди тоҷик сухан гуфт. Ба гуфтаи ӯ, қолабшиканӣ дар сабки навиштан яке аз омилҳои офаридани асарҳои мондагор мебошад.

Дар идомаи маҳфил миёни хонандагон ва меҳмон суҳбати озод баргузор гардид. Иштирокчиён доир ба вазъи адабиёти имрӯз, роҳҳои ташаккули завқи китобхонӣ, фаъолияти эҷодӣ ва рӯзноманигорӣ, инчунин мазмуну муҳтавои бархе аз ҳикояҳои Шодӣ Раҷабзод саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои муфассал ва омӯзанда гирифтанд.

Меҳмон таъкид намуд, ки аз он хушбин аст, ки насли ҷавони имрӯз созандагони фардои миллати куҳанбунёди мо мебошанд. Муҳокимаҳо дар фазои самимӣ ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, таваҷҷуҳи зиёди ҷавононро ба худ ҷалб намуданд.

Дар анҷоми нишаст таъкид гардид, ки маҳфили «Хонандаи имрӯз – созандаи фардо» минбари муҳими фарҳангӣ барои таҳкими робитаи китобхона бо хонандагон, тарғиби китобу китобхонӣ ва муаррифии чеҳраҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик мебошад.

Баргузории чунин маҳфилҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон далели таваҷҷуҳи пайвастаи муассиса ба рушди фарҳанги мутолиа ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа буда, дар ташаккули насли китобдӯсту соҳибмаърифат нақши муассир мегузорад.

Инобат Бобоева

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа