Шоҳ Аврангзеб – охирин бузургтарин султони муғултабори Ҳинд
Аврангзеб, шоҳи Ҳинд. Аз силсилаи Темуриён Ҳинд (ё Муғулҳои Бузург), номи аслиаш Муҳаммад, машҳур ба Оламгир (солҳои ҳукмронӣ 1658-1707). Писари севуми Шоҳиҷаҳон, падари шоира Зебуннисо.
Аврангзеб солҳои 1636-44 ва 1952-57 волии Дакан буд, пас аз муборизаи сесола (1958-60) алайҳи бародаронаш (Дорошукўҳ, Шуҷоъ ва Мурод) соҳиби тахту тоҷи Ҳиндустон шуд. Падари худ Шоҳиҷаҳони солхурдаро маҷбур ба гўшанишинӣ кард ва бародараш Муродро, ки аз муттаҳидонаш буд, дар қалъаи Гволнур аввал зиндонӣ кард ва сипас ба қатл расонд (1661). Бародари дигараш Шуҷоъ пас аз набарди Хоыва (1661) низ ба қатл расид. Моҳи июни 1859 Аврангзеб худро шоҳи Ҳиндустон эълон кард.
Пас аз ду моҳ бародараш Дороро низ ба қатл расонд. Баъди қатли ҳарифони хеш, Аврангзеб иқдом ба тасарруфи манотиқи шимолу шарқии Ҳинд кард ва қаламрави империяи Темуриёни Ҳиндро то ҳудуди Карупа ва Читтагонг расонд. Аврангзеб саъй кард то қабилаҳои афғонро зери тобеияти хеш дароварад, аммо талошҳояш барои истиқрор ва пойдории давлати худ натиҷаи дилхоҳ надод. Дар Кобул, Пешовар ва дигар вилоятҳо шўришҳои зидди Аврангзеб сар занад.
Аз бузургтарин исёнҳои ин минтақаҳо шўриши мардумӣ таҳти раҳбарии Хушҳолхон (1672-75) буд, ки бераҳмона саркўб гардид. Дар солҳои 60-70 асри XVII шўришҳои қавмҳои мухталиф-роҷпутҳо, моротҳо, ҷотҳо, сикхҳо, бунделҳо ва ғайра саросари давлатдории Темуриёни Ҳиндро фаро гирифт.
Дар аҳди Аврагзеб, ки нишонаҳои таназзули давлатдории Темуриёни Ҳинд ба таври возеҳ зуҳур кард, ҷангҳо алайҳи (роҷпутҳо, моротҳо, ҷотҳо, сикҳҳо ва ғайра) барои хазинаи давлат махориҷи сангинро ба бор овард. Аврангзеб пас аз ақибнишинӣ дар ҷанги зидди моротҳо (1707) бар асари беморӣ даргузашт. Ўро тибқи васияташ мисли як дарвеш ба хок супурданд.
Аврангзеб мусулмони мутаассиб буд, чунончи, мамнўи мусиқӣ ва рақс дар дарбор, берун рондани аҳли шеъру адаб аз дарбор ва ғайра аз нишонаҳои боризи таассуби динии ў буданд. Тавсеаи таассуби динии сиёсӣ дар миёни ҳиндувон ва ақвоми ғайримусулмони Ҳинд аз муҳимтарин самтҳои сиёсаташ буд.
Тибқи дастури ў ибодатгоҳҳо, муқаддасот ва биноҳои ҷамъиятии ҳиндувон ва дигар қавмҳои ғайри мусулмон тахриб ва молу мулкашон ғорат шуданд. Сиёсати молиётии Аврангзеб низ эътирозҳои мардумро афзуд, ў молиёти изофӣ барои тоҷирони ҳинд вазъ ва пардохти ҷизяро аз нав муқаррар кард. Дар аҳди ў ҷойгоҳи ширкатҳои тиҷории давлатҳои Европа дар Ҳиндустон устувор гардид. Нахуст писаронаш зидди ў шўриданд ва Ҳинд пас аз Аврангзеб беш аз ним аср дар ҷангу ҷидол ғўтавар гардид.
МАНБАЪ: Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ. 1. – С. 129-130.
Муаллиф Л.Бойматов
Таҳияи: Набиева Аниса,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ