“Шоҳнома”-и Саолибӣ. Достони Барзуяи пизишк ва китоби “Калила ва Димна”
Анӯшервонро яксаду бист пизишки румӣ, ҳиндӣ ва форсӣ буд, лекин Барзуя, ки гиромитарин пизишкони порсӣ буд ва беш аз ҳама навиштор мехонд. Дар набиштае дида буд, ки дар шаҳре аз шаҳрҳои Ҳинд кӯҳҳое ҳаст, ки гиёҳони шигифте дорад, чунон ки мурдаро зинда мекунад. Барзуя бо маниши баланд ҳамвора дар андеша буд, ки онро биҷӯяд ва ба даст орад. Рози дилашро ба Анӯшервон гуфт ва аз ӯ дастурӣ хост, ки ба Ҳинд биравад ва он доруро ба даст оварад. Анӯшервон дастурӣ дод ва ӯро барои рафтан ба Ҳинд ёрӣ кард ва номае ҳамроҳи ӯ кард, то ба ёрии он ба назди шоҳи Ҳинд роҳ ёбад. Ба ӯ озодӣ дод, ки ба ҳар гунае ки метавонад, худро ба бузургтарин шаҳри Ҳинд бирасонад.
Чун Барзуя ба он шаҳр расид ва номаи Анӯшервонро ба шоҳи Ҳинд дод, ӯро гиромӣ дошт ва дар расидан ба хостааш ӯро озод гузошт ва ба ӯ ёрӣ кард то гиёҳонеро, ки дар пайи он аст, биҷӯяд. Барзуя ҳамвора мекӯшид ва худро ба ранҷ меафканд ва то метавонист гиёҳ мечид ва гирд меовард ва дарҳам меомехт, то он ки пас аз замоне саргузашти ӯ чун сухани мардумони Бағдод гашт, ки мегӯянд:
«Мо ҳамвора дар пайи ҳеч гаштем ва саранҷом мурдем ва осудем».
Чун Барзуя аз расидан ба хостааш дармонд ва рӯзгоре аз даст бидод, хаставу хор ва шарманда гардид, ба худ биандешид, ки чӣ гуна бо дасти тиҳӣ ба пеши худовандгори худ баргардад. Ногузир ба ҷустуҷӯи бузургтарин пизишк ва донишмандтарин ҳакими Ҳинд баромад. Ӯро бар пире солхӯрда роҳнамоӣ карданд. Барзуя ба назди ӯ рафт ва достони худро бо ӯ дар миён гузошт ва гуфт, ки дар набиштае хондаам, ки дар кӯҳҳои Ҳинд гиёҳоне аст, ки мурдаро зинда мекунад.
Донишманди солхӯрда гуфт: «Ҳафизта шайъан ва ғобат ъанка ашёун». Ту як сухан аз бар кардӣ ва розҳои бисёре аз ту пӯшида мондааст. Бидон, ки ин рамзе аст аз пешиниён. Онон аз кӯҳҳо донишмандонро хостаанд ва аз гиёҳон суханони басанда ва дармонгари ононро, аз мурдагон нодонро, чунонки донишмандон бо донишомӯзӣ ба нодонон гӯё мурдагонро ҷон мебахшанд. Ин суханони устувор ва пандомӯз ҳама дар китобе ба номи «Калила ва Димна», ки танҳо дар ганҷинаи подшоҳ ҷой дорад, навишта омадааст.
Бад-ин сон Барзуя аз андӯҳи дарун раҳид ва он чиро шунида буд, дар дил ниҳон дошт. Ба назди шоҳ омад ва аз ӯ хост, ки набиштаи «Калила ва Димна» – ро ба ӯ вом бидиҳад ва Анӯшервонро миннатпазир ва сипосгузори хеш гардонад.
Шоҳи Ҳинд гуфт: ба ҳамин зудӣ бифармоям, ки набиштаро ба вом ба ту диҳанд, то ҳам хости Анӯшервонро ба ҷой оварда бошам ва ҳам поси меҳмонии туро, ба ин шарт ки назди ман чашм бар он афканӣ ва бихонӣ ва аз он барои худ рӯнавишт барнадорӣ. Барзуя ин суханро аз ҷону дил пазируфт. Пас ҳар рӯз ба анҷумани шоҳи Ҳинд меомад ва набиштаро меситонд ва дар он менигарист ва он чи дар онон меёфт, аз бар мекард. Чун ба хона бозмегашт, онҳоро ба риштаи нигориш дармеовард. То ин ки ҳамаи китобро фаро гирифт. Пас, аз шоҳи Ҳинд дастури бозгашт хост. Шоҳи Ҳинд ба ӯ дастур дод ва ба ӯ армуғон бахшид ва бар ӯ ҷомаҳои гаронбаҳо пӯшонд.
Чун Барзуя ба назди Анӯшервон расид, достонро ба огоҳии ӯ расонд. Мужда дод, ки набиштаро ҳамроҳ овардааст. Сипас, онро ба Анӯшервон нишон дод. Анӯшервонро хуш омад ва подоши бузург ба ӯ дод ва Бузургмеҳрро фармуд, ки набиштаро ба забони паҳлавӣ бигардонад. Барзуя бо хоҳиш ва меҳрубонӣ аз Анӯшервон дархост, то дастур диҳад, ки бахши оғозинро ба номи худи ӯ кунад ва гузориши зиндагии хешро дар он биёварад. Анӯшервон хоҳиши ӯро пазируфт. Аз он рӯзгор боз «Калила ва Димна» ҳамеша дар назди шоҳони Форс нигоҳдорӣ мешуд, то ин ки Ибни Муқаффаъ онро ба тозӣ бигардонид. Пас Рӯдакӣ ба фармони Наср ибни Аҳмад онро ба сурудаи порсӣ даровард.
ХАШМ ГИРИФТАНИ АНӮШЕРВОН БАР БУЗУРГМЕҲР
Чун Анӯшервон бар Бузургмеҳр бемеҳр шуд, ба ӯ фармон дод, ки барои нишасти худ ҷое баргузинад, ки дар тобистон ва зимистон ҷо ба ҷо нашавад ва хӯроке баргузинад, ки онро дигар насозад ва ҷомае, ки онро дигар накунад.
Бузургмеҳр барои нишастан зерзаминеро баргузид, ки дар тобистон сард ва дар зимистон гарм аст. Барои хӯроки худ шир баргузид, ки ҳам хӯрданӣ аст ва ҳам ошомиданӣ ва хурду бузург онро мехӯранд. Барои пӯшидан пӯстин баргирифт, ки дар зимистон бипӯшад ва дар тобистон онро воруна кунад. Рӯзгори гирифтории Бузургмеҳр чандон ба дарозо кашид, ки кӯр шуд.
Қайсар сандуқчае дарбаста ва муҳршуда ба назди Анӯшервон фиристод ва аз ӯ хост, ки агар пайки моро аз он чӣ дар сандуқча аст, огоҳӣ диҳад, пардохтани божро ба гардан хоҳад гирифт ва агар натавонист посух диҳад, боже нахоҳад дод.
Анӯшервон аз ҳамаи ҳушмандони дарбор хост, ки ба пурсиши Қайсар посух гӯянд, лекин ҳамагӣ дар надоштани посух яксон буданд.
Анӯшервон донист, ки ҷуз Бузургмеҳр, гарчи кӯр аст, касе наметавонад посух бигӯяд. Фармон дод ӯро озод кунанд ва ба гармоба баранд ва ҷомаи вазирон бар ӯ бипӯшонанд. Фармонро ба ҷо оварданд ва Бузургмеҳрро ба пешгоҳ дароварданд. Анӯшервон ӯро ба худ наздик кард ва аз ӯ пӯзиш хост ва ӯро аз достони сандуқ огоҳ сохт ва хост, ки ӯро аз он чӣ дар он аст, биогоҳанд. Бузургмеҳр як шаб замон хост. Рӯзи дигарро бо ду чокар пешопеш барнишаст ва ба он ду супурд, ки нахустин касеро, ки бинанд, ба ӯ гузориш диҳанд. Нахуст зане ба онон бархӯрд. Бузургмеҳр аз ӯ пурсид: дӯшизаӣ ё бева? Посух дод: дӯшизаам. Ба дувумин зан расид, аз ӯ пурсид: оё бешавҳарӣ ё шуй дорӣ? Гуфт: ман шавҳар дорам. Пурсид: оё фарзанд дорӣ? Посух дод: на. Аз ӯ гузашта савумин зан пеш омад, аз ҳоли ӯ пурсид. Гуфт: фарзанд ҳам дорам.
Пас ба роҳи худ рафт, то ба назди Анӯшервон расид. Гуфт: сандуқи сар ба муҳр ва фиристодаи қайсарро биоваред. Чун онҳоро оварданд, гуфт: дар ин сандуқ се марворид аст; яке носуфта, дигаре нимсуфта ва савум суфта. Чун сандуқро гушуданд, чунон буд, ки Бузургмеҳр гуфта буд. Анӯшервон аз зиракии ӯ дар шигифт монд ва аз он чи бар ӯ раво дошта буд, пушаймон гашт ва онро хости Худо донист.
Фиристодаи қайсар ба намояндагӣ аз қайсар пардохтани божро ба гардан гирифт.
САРАНҶОМИ КОРИ АНӮШЕРВОНИ ДОДГАР
Чун чилу ҳашт сол бар подшоҳии Анӯшервон гузашт, ҳангоме ки ҷаҳонро обод карда буд ва бар шоҳон чира гашта ва оинҳои некӯ ниҳода буд ва шаҳрҳои Навбандҷон, Румия, Ардабил, Ҳаҷар, Сур, Бобулабвоб ва он чиро з-ин пеш баршумурдем аз боруҳо ва дижҳо сохта буд, бемор шуд ва бо ҳамон беморӣ даргузашт.
Пеш аз марг мӯбадон ва марзбононро гирд овард ва аз онон дар бораи он, ки шоистаи ҷонишинӣ аст, рой хост. Ҳамагон бо ӯ ҳамрой шуданд, ки Ҳурмуз писараш аз духти хоқони Турк дархӯри ин пойгоҳ аст. Анӯшервон ӯро пеш хонд ва ба ӯ гуфт: писарам, ман туро аз миёни дигар писаронам барои подшоҳӣ баргузидам, чи дар ту нишонаҳои некӣ мебинам, пас гумони неки маро баровар ва ба роҳи ман бирав. Ту равишҳои маро дидаӣ ва нишонаҳои кирдори маро шинохтаӣ. Ҳурмуз гирист ва пазируфт, ки фармони ӯро ба кор бандад. Писарон ва бузургон аз Ҳурмуз пайравӣ карданд ва кори ӯро устувор карданд. Пас аз он Анӯшервон ҳафтае беш напойид ва ҷаҳонро падруд гуфт…
Ин асар, ки бо номҳои «Ғурару-с-сияр», «Таърихи Саолибӣ», «Шоҳномаи Саолибӣ», «Ғурару ахбори-л-мулук ва сияриҳим», «Ал-Ғурар фӣ сияри-л-мулук ва ахбориҳим», «Ғурар ахбори мулуки-л-Фурс ва сияриҳим», «Ғурару сияри-л-мулук ва ахбориҳим» низ ёд мешавад, таърихномаи умумиест аз таърихнигор ва адиби форс-тоҷик Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммад Саолибии Нишопурӣ.
Китобро соли 2024 аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун Китобхонаи миллӣ нашр карда буд.
Таҳияи Сабрина Акрамова,
мутахассиси мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”.