“Шоҳнома”-и Саолибӣ. Достони падид омадани шатранҷ ва нард
Шеваи шоҳон чунон буд, ки ба якдигар паём медоданд ва аз ҳам пурсишҳои душвор ва печидае мепурсиданд ва ҳар кадом посухи дуруст мегуфт, аз пардохти бож бахшида мешуд ва ҳар кӣ наметавонист посух бигӯяд ба пардохти бож водор мегардид.
Чун ҳамаи шоҳон дар баробари Анӯшервон сар фуруд оварданд ва барояш армуғонҳо ва божҳо фиристоданд, шоҳи Ҳинд армуғонҳои фаровон ва гаронбаҳо фиристод, ки дар миёни он шатранҷ ва тахтаи он буд. Ва паём дод, ки агар рози онро донистӣ, пардохти божи солонаро ба гардан мегирам, вале агар натавонистӣ, бар ман нахоҳад буд, ки боже бипардозам.
Анӯшервон донист, ки чуз Бузургмеҳр касе он розро накушояд. Пас фармуд, ки Бузургмеҳр рози онро дарёбад.
Бузургмеҳр мӯшикофона дар он нигарист ва рози онро дарёфт ва низ чигунагии ҷунбиши муҳраҳо ва шеваи пайкори онро якояк бозшинохт ва гуфт: ин бозӣ овардгоҳ аст. Бузургтарин муҳра шоҳ аст ва муҳраи дунболи он вазир ва муҳраҳои дурушт саворонанд, ки ҳар кадом кору тавоне доранд. Пиёдагон сарбозонанд ва ҳаракати онҳо рӯёрӯй дар овардгоҳ аст.
Фиристодаи шоҳи Ҳинд аз зиракии ӯ дар шигифт монд ва ба намояндагӣ аз шоҳ пардохтани божро ба гардан гирифт. Пас Бузургмеҳр бо падид овардани нард бо ӯ ба баробарӣ бархост ва онро барои шоҳи Ҳинд фиристод. Лекин на шоҳ онро дарёфт ва на донишмандони ҳиндӣ. Шоҳи Ҳинд номае ба Анӯшервон навишт ва аз ӯ хост то ба Бузургмеҳр фармон диҳад, ки вайро аз шева ва рози он огоҳ кунад. Анушервон пазируфт.
Бузургмехр гуфт: хатҳои дувоздаҳгона баробари мохҳо ва бурҷҳои кайҳонӣ аст ва муҳраҳои сиёҳу сафед ба ҷои шабу рӯз аст ва ду тос даст ба даст шудани фармонравоии мардум ва бахтҳоро нишон медиҳад.
Шоҳи Ҳинд сухани ӯро писандид ва бар андозаи бож афзуд ва армуғонҳо ба назди ӯ фиристод.
Дар бархе аз навишторҳо омадааст, ки ду тан аз шоҳзодагони Ҳинд пас аз марги падар бар сари шоҳӣ бо якдигар ба набард бархостанд ва бо ҳам ҷангиданд, то яке аз онон дар гирогири пайкор кушта шуд. Модараш бар марги ӯ сахт бетобӣ намуд, чандон ки хост худро оташ бизанад. Ӯро аз ин кор боздоштанд, лекин ҳамвора мегирист ва фарзанди мондаашро бар куштани бародар сарзаниш мекард. Фарзанд хост, ки модарро бар бегуноҳии худ огоҳ кунад ва биёмӯзад, ки бародарашро огоҳона накушта ва газанди ҷанг домани ӯро гирифтааст. Барои ин ба донишмандон фармон дод, ки чизе бисозанд, ки ҷанг ва даргирии ду сипоҳ ва кушта шудани яке аз ду фармондеҳро намоиш диҳад. Онон шатранҷро сохтанд ва чигунагии даргирӣ ва чирагии яке бар дигаре ва кори ҷанг ва чигунагии марги шоҳро ба намоиш дароварданд ва бо бозӣ кардан дар пеши рӯи модар чунон карданд, ки зан аз чигунагии кори ҷанг огоҳ шуд ва донист, ки писараш чӣ гуна кушта шудааст. Он гоҳ аз писари бозмондааш пӯзиш хост ва андаке ором гирифт.
ДОСТОНИ МАҲБУЗ
Анӯшервон вазири донишманде дошт Маҳбуз ном, ки аз вежагонаш ба шумор меомад ва назди ӯ ҷой ва пойгоҳи воло дошт.
Маҳбуз ҳар рӯз ҳангоми густурдани хон тирарӯзии ӯ медид ва ҳамвора бадбахтии ӯро интизор буд ва барои ӯ хоначае аз беҳтарин хӯрокиҳо ба дасти ду писараш армуғони Анӯшервон мекард.
Бузурги пардадорони Анӯшервон ба номи Азрундод бо Маҳбуз
сахт душман буд ва беҳрӯзии худро дар газанд меҷуст. Дар пешгоҳи шоҳ аз ў бад мегуфт. Лекин чун Анушервон Маҳбузро бисёр дӯст медошт ва ба ӯ дил устувор медошт, ба суханони Азрундод гӯш намедод. Ногузир душмании худро бо дӯсти яҳудияш, ки андаке аз пизишкӣ баҳра дошт ва дар ҷоду низ дасте дошт, дар миён гузошт ва гуфт, ки тири найранги ман дар назди шоҳ коргар нест, чӣ шоҳ дар дӯстдории Махбуз зиёдаравӣ мекунад. Азрундод аз марди яҳуди хост, ки мехрубонӣ кунад ва ӯро тарфанде биёмӯзад, то ҳарифро ногаҳон бияндозад. Дар баробари ин кор хостаи бисёреро барои ў ба гардан гирифт.
Яҳудӣ аз ў пурсид, ки оё дар хӯрокиҳое, ки Маҳбуз барои шоҳ меоварад, хўроке ҳаст, ки аз шир дуруст шуда бошад? Чӣ ман афсуне медонам, ки агар онро дар хӯроки ширӣ бидаманд, бедиранг заҳр мегардад. Азрундод посух дод, ки бештари хӯрокиҳое, ки барояш меоваранд, омехта ба шир аст. Яҳудӣ гуфт: агар битавонӣ коре кунӣ, ки чашми ман бар он хӯрокҳо бияфтад, туро аз кори Маҳбуз осуда мегардонам. Азрундод гуфт: ин бар ман бисёр осон аст. Ту он чӣ барои кори худ боиста аст, омода кун.
Пас ҳар рӯз марди яхудиро бо худ ба анҷумани Анӯшервон меовард ва ба мардумон вонамуд мекард, ки Анӯшервон аз ӯ мехохад, ки дармонаш кунад.
Яке аз рӯзҳо, ки яҳудӣ дар пеши подшоҳ буд, писарони Маҳбуз ба шеваи ҳамарӯза ованде (зарф) симин фароз оварданд, ки рӯи онро бо дастори зарбофт пӯшонида буданд. Азрундод ба онон гуфт: рӯпӯш аз ованд бардоред, то ман хуроки шохро бубинам. Чун дастор баргирифтанд, дид ширу биринҷ аст, ки рӯи онро шакар пошида буданд. Марди яҳудӣ дар он нигарист ва афсун хонд ва дар он дамид. Писарон рӯи хўрокро пўшонданд ва хончаро ба анчумани шоҳ оварданд, ки бар хон нишаста буд.
Чун шоҳ хост ба он даст ёзад, дарбон саросема давид ва оҳиста дар гўши Анушервон гуфт: Мабодо шоҳ аз хӯроке, ки аз хонаи Махбуз овардаанд бихӯрад, ки омехта ба заҳр аст. Ман инро аз яке аз огоҳон шунидаам. Шоҳ аз ин сухан дар шигифт монд ва ду писари Махбузро фармуд, то аз он хӯрок бичашанд. Ҳар ду аз он чашиданд. Белиранг афтоданд ва мурданд. Шоҳ бегумон донист, ки Махбуз мехост ўро ногаҳонӣ бикушад. Пас фармон дод Махбуз ва ҳамаи занон ва чокаронашро куштанд. Пардадор ба коми худ расид ва бо кушта шудани душман чашмаш равшан шуд ва ҳама ҷо барояш аз рақиб тиҳӣ гашт.
Яке аз рӯзҳо, ки Анушервон бо сарону ҳамнишинон ба шикор мерафт, сухан ба чодугарӣ кашид. Анушервон гуфт: ман ҷодуро яксара дурӯғ ва табоҳ медонам.
Дар ҳамин ҳангом аз забони пардадор парид, ки сухани нодуруст аз шоҳ дур бод! Чӣ ман худ касеро дидаам, ки бо афсун дар хӯроки омехта ба шир дамид, ки бедиранг заҳри кушанда гардид. Анушервон ба ёди Маҳбуз ва писаронаш афтод ва бар дилаш гузашт, ки дар он достон тарфанди пардадор дар кор будааст. Пас аз асп ба зер омад ва бо ў танҳо нишаст ва гуфт: достони худ бо Маҳбузро ба дурустӣ барои ман бозгӯ. Ман бегумон медонам, ки ту тарфанде ба кор бурдӣ ва барои куштани ў кўшидӣ.
Ранги пардадор зард шуд ва дасту пояш ба ларза даромад. Анӯшервон гуфт: нафрин бар ту бод! Рост бигӯ, вагарна фармон медиҳам туро гардан бизананд. Дарбон аз ў зинҳор хост ва ҳамаи достони яҳудиро бозгуфт.
Анушервон фармон дод, то бедиранг марди яҳудиро биёваранд. Чун яҳудиро оварданд, достонро аз ў пурсид. Яҳудӣ гуфт: ман хар чӣ кардам ба фармони пардадор буд.
. Анушервон фармон дод, то яҳудиро ба дор биёвезанд ва пардадорро дуним кунанд ва дороии ӯро ба бозмондагони Маҳбуз бидиҳанд. Аз ин ки дар куштани Маҳбуз шитоб карда буд, сахт пушаймон шуд
Ин асар, ки бо номҳои «Ғурару-с-сияр», «Таърихи Саолибӣ», «Шоҳномаи Саолибӣ», «Ғурару ахбори-л-мулук ва сияриҳим», «Ал-Ғурар фӣ сияри-л-мулук ва ахбориҳим», «Ғурар ахбори мулуки-л-Фурс ва сияриҳим», «Ғурару сияри-л-мулук ва ахбориҳим» низ ёд мешавад, таърихномаи умумиест аз таърихнигор ва адиби форс-тоҷик Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммад Саолибии Нишопурӣ.
Китобро соли 2024 аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун Китобхонаи миллӣ нашр карда буд.
Таҳияи Сабрина Акрамова,
Мутахассиси мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”.
Теги: тоҷикшиносӣ