“Шоҳнома”-и Саолибӣ. Ёдкарди он чи миёни Баҳром ва Шобашоҳ гузашт

Пас аз он Баҳром сипоҳро раҳбарӣ кард ва бо рафторе дархӯр ба роҳе, ки дар пеш дошт, раҳсипор гашт. Ба ӯ огоҳӣ расид, ки яке аз сипоҳиён кисаи коҳе ба зӯр аз зане гирифта аст. Фармон дод, ки сипоҳиро ба ду ним кунанд, то мояи панди дигарон гардад.
Чун ба наздики лашкаргоҳи душман расид, Шобашоҳ Фағфури бародарашро пеши ӯ фиристод, то Баҳромро бигӯяд, ки ман аз мардонагӣ ва ҷаҳондории неки ту чандон шунидаам, ки хуш дорам туро зинда нигоҳ дорам ва дар роҳи дуруст бубинам ва туро вежаи худ созам. Пас яке аз ду роҳро баргузин: ё тандуруст ҳамроҳи ёронат бозгард, ё зинҳорхоҳон пеши ман ой, то туро гиромӣ бидорам ва баркашам ва Эронро ба ту вогузорам, худ ва гурӯҳи андаки хешро бо тозиш овардан бар касоне гирифтори газанд макун, ки дар як чашм бар ҳам задан шуморо нест ва нобуд хоҳанд кард.
Баҳром гуфт: ваҳ чӣ сухани зиште, баргард ва ба бародарат бигӯ, ки Баҳром мегӯяд: худовандгори ман маро ба сони камтарин чокаронаш аз он рӯ барои шикори ту фиристодааст, ки туро хор ва забун шумурдааст. Ба ман фамон дода, то сари туро пеши ӯ бибарам, нофармониро рӯй нест.
Чун Фағфур ин посухро ба бародар расонд, сахт барошуфт ва хашмгин шуд ва барнишаст ва фармон дод, то кӯсҳо бизананд ва шайпурҳоро ба овоз дароваранд. Ва худ дар тозиш овардан бар ёрон пешӣ гирифт ва ба онон гуфт: ин гурӯҳи андакро барчинед ва чун орди носоида нарм кунед. Набояд ҳеч як аз онон бигурезад.
Онон ба сӯи Баҳром, ки сипоҳашро сахт некӯ ороста буд, тозиш оварданд. Пиёдагон дар пеш, пилсаворон дар пушт ва сарбозони ҷанговар дар сӯи рост ва чап.
Баҳром гурӯҳе аз паҳлавононро фиристода буд, то бар сипоҳиёне, ки бихоҳанд бигрезанд, роҳ барбанданд.
Осиёби ҷангӣ чархидан гирифт ва ахтари туркон забона кашид. Баҳром кӯтоҳӣ намуд ва фаро намуд, ки шикаст хӯрда ва оҳанги гурез дорад. Ва бо сипоҳи худ чунон ниҳод, ки андаке диранг кунанд ва сипас ҳамагӣ якбора бар онон тозиш оваранд ва тамоми нерӯи худро дар задан ва кӯфтан ба кор баранд. Сипоҳиён фармон бурданд ва дар ҳангоми ноогоҳии туркон чу шер бар онон тохтанд ва бо тозиши ростин бо шамшер ва гурз душманро ба гурез водоштанд. Баҳром хурӯш бармеовард ва сипоҳро ба набард бармеангехт.
Чун Шобашоҳ гардиши чархро ба зиёни худ дид, бо вежагон гурехт. Баҳром ӯро дунбол кард ва тире бар ӯ афканд, ки камарбанд ва зиреҳашро сӯрох кард ва аз он гузашт ва то пар ба замин фурӯ рафт. Шобашоҳ афтод ва ҷон супурд. Баҳром сар аз танаш ҷудо кард. Эрониён турконро дунбол карданд ва овардгоҳро аз куштагон пур карданд ва он ки зинда монда буд, гурехт.
Ҷанг бор аз дӯш фурӯ ниҳод ва Баҳром ба хун оғушта ба лашкаргоҳ бозомад, аз сипоҳаш ҳеч номбардоре кушта нашуда буд. Он шаб биёсуд ва сипоҳиёнро осуда гузошт ва чун бомдод баромад, фармон дод то ғаниматҳоро гирд оваранд ва дар миёни куштагон бигарданд. Фағфурро дар миёни куштагон ёфтанд, сари ӯро низ аз танаш ҷудо карданд ва дар канори сари бародар ниҳоданд.
Пас аз ин пирӯзӣ ба Баҳром огоҳӣ расид, ки Пармуда писари Шобашоҳ дар шаҳри Байканд паноҳ гирифта ва хостаҳо ва ганҷинаҳо ва сарони турк дар он ҷо гирд омадаанд, пас касеро ба номаи пирӯзӣ бар туркон бо сарҳои Шобашоҳ ва бародараш барои Ҳурмуз фиристод ва аз ӯ дар бораи набард бо Пармуда рой хост.
Яке аз рӯзҳо, ки Ҳурмуз ба тахти шоҳӣ нишаста ва мӯбадон ва марзбонон гирдогирдашро гирифта буданд ва аз дер расидани гузориш аз Баҳром дилгангӣ менамуд, ногоҳ муждарасон гузориши пирӯзии бузургро овард ва ба дунболи ӯ фиристодаи Баҳром ҳамроҳ бо гузориши бузургтарин комравоии Ҳурмуз расид.
Ҳурмуз дар хок афтод ва Худойро бар ин пирӯзӣ сипос гуфт ва фармон дод, ки сад киса зар бар ниёзмандон бибахшанд ва сад киса низ дар корҳои нек ҳазина кунанд. Бар фиристода ҷомаҳои гаронбаҳо пӯшонд ва ба ӯ диҳише фаровон бахшид ва он гоҳ як ҳафта бо вежагонаш ба хӯрдану нӯшидан пардохт.
Пас аз он бо ситоиш ба номаи Баҳром посух дод ва ҷомаҳои гаронбаҳо ва асбҳои арзанда равона кард ва фармон дод то барои ӯ тахте симин бисозанд. Ба ҳар яке аз фармондеҳон армуғон ва ҷомаҳои гаронбаҳои вежа бахшид ва Баҳромро фармон дод, то ба сӯи Пармуда биравад ва бо ӯ биҷангад ва он чи аз хоста ва ганҷина дар набард ба даст овардааст, нигоҳдорӣ кунад ва ҳамаро бо дороиҳои Шобашоҳ ба назди ӯ бифиристад.
Чун фиристода бо посухнома ва ҷомаҳои гаронбаҳо ва тахт ба назди Баҳром бозгашт, дилаш аз шодӣ саршор гардид ва ҷомаҳои гаронбаҳоро пӯшид ва ба гоҳ баромад ва дигар ҷомаҳои гаронбаҳоро дар миёни фармондеҳон бахш кард ва ба сӯи Эрон рӯ овард ва Ҳурмузро намоз бурд ва Худоро барои ӯ хонд ва пас аз он ба ромиш ва шодӣ ва саргармӣ пардохт ва шодмонии худро ошкор кард. Сипас бо ёронаш дар бораи пайкор бо Пармуда ба гуфтушунид нишаст ва фармуд, ки худро барои набард омода кунанд. Фармондеҳон фармон пазируфтанд ва кӯшиш дар набардро ба гардан гирифтанд. Баҳром ба эшон подоше некӯ бахшид ва навидҳо дод ва худ омодаи набард гардид.
Ин асар, ки бо номҳои «Ғурару-с-сияр», «Таърихи Саолибӣ», «Шоҳномаи Саолибӣ», «Ғурару ахбори-л-мулук ва сияриҳим», «Ал-Ғурар фӣ сияри-л-мулук ва ахбориҳим», «Ғурар ахбори мулуки-л-Фурс ва сияриҳим», «Ғурару сияри-л-мулук ва ахбориҳим» низ ёд мешавад, таърихномаи умумиест аз таърихнигор ва адиби форс-тоҷик Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммад Саолибии Нишопурӣ.
Китобро соли 2024 аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун Китобхонаи миллӣ нашр карда буд.
Таҳияи Сабрина Акрамова,
мутахассиси мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”.