“Шоҳнома”-и Саолибӣ. Набарди Баҳром бо Пармуда – писари Шобашоҳ
Пас аз он Баҳром бо сипоҳи худ аз Ҷайҳун гузашт ва ба сӯи Пармуда рӯ ниход. Пармуда низ бо сипоҳи худ ба пешвози ӯ омад. Ду лашкар дар баробари ҳам рада бастанд ва чун фардо баромад, Баҳром бо тане чанд аз вежагони лашкар ба фарози сипоҳи Пармуда баромад ва дар бораи онон ковиш кард ва чигунагии эшонро ворасӣ кард. Пас ба касоне, ки ҳамроҳаш буданд гуфт: ҳамоно Пармуда шоҳзодаи ҷавон аст ва бисёре аз волоиҳо ва некиҳоро бо худ дорад ва инак бо сипоҳиён ва созу барг ба хунхоҳии падар ва амуаш бархоста аст. Аз ин рӯ, бар шумост, ки дар кори набард бо ӯ бикӯшед ва бо ростӣ бо ӯ биҷангед, ба гумони ман беҳтар он бошад, ки бар ӯ шабехун бизанем, сипас ба ҷойгоҳаш бозгашт.
Фардои он рӯз Пармуда монанди Баҳром барнишаст ва аз фароз ба лашкари Баҳром нигарист ва андаке дар бораи эшон андешида ба ёронаш гуфт: ин сипоҳ бо шумори андакашон, бисёр диловар ва пурсозу барганд ва чун пирӯзиҳое ба даст овардаанд, бар далерӣ ва густохии онон афзуда аст ва фармондеҳашонро мастии диловари ва дороӣ фурӯ гирифтааст. Ман меандешам, ки дуруст он аст, ки пойдорӣ кунем ва бар онон шабехун бизанем. Пас ба лашкаргоҳаш бозгашт.
Пас аз он Баҳром дар яке аз бӯстонҳо бо фармондеҳони сипоҳ ва вежагон ба бодагусорӣ нишаст. Лекин аспҳоро дар канори худ баста буданд ва ҷангафзор дар дастрасашон буд.
Яке аз ҷосусони Пармуда ба ӯ огоҳӣ дод, ки Баҳром дар баҳмон боғ саргарми ромишгарӣ ва бодагусорӣ аст ва ҷуз тане чанд бо ӯ нест.
Пармуда бедиранг гурӯҳе аз гузидагони сипоҳро омода кард ва ба онон фармон дод, ки ба сӯи боғ битозанд ва онро дар миён гиранд ва Баҳромро ба асирӣ бигиранд ва назди ӯ биоваранд. Сипоҳиёни Пармуда рафтанд ва чун гирдогирди боғро гирифтанд, Баҳром пай бурд ва дар дам ҷомаи разм пӯшид ва бо ёрон барнишаст ва аз боғ бадар омад ва турконро дар миён гирифт ва монанди гургон, ки бар галаи гӯсфанд занад, бар онон тохтан овард.
Ононро ҳамекуштанд. Баҳром фарёд мезад ва мегуфт: инак ки шикор ба суроғи шумо омада аст, ҳар чӣ мехоҳед шикор кунед. Сипоҳиёни Баҳром пайваста тозиш мебурданд, то ин ки ононро ба гурез водоштанд ва ба сӯи лашгаргоҳашон ронданд. Пармуда аз кораш, ки мояи дилшикастагии сипоҳиён шуда буд, пушаймон гашт.
Пас аз он шабе Баҳром бар Пармуда шабехун зад ва ёронашро кушт ва торумор кард. Чун бомдод шуд, Пармуда низ гурехт. Баҳром ӯро дунбол кард ва чун ба наздики ӯ расид, Пармуда ӯро ба Худованд ва ҷони Ҳурмуз савганд дод, ки андаке диранг варзад, то суханашро бишнавад. Баҳром истод. Пармуда гуфт: оё ту аҳриман ё одамӣ? Оё замони он нарасида, ки аз гӯшти мо сер шавӣ ва аз хуни мо сероб гардӣ? Кунун метавонӣ яке аз ду корро баргузинӣ! Ё ин ки бо ман биҷангӣ ва маро бикушӣ, чи хуни чун мане поймол нахоҳад шуд; ё ин ки ман чун касе, ки ногузир ба гирифторӣ шудааст, бо ту хоҳам ҷангид ва ҳама кӯшиши худро ба кор хоҳам бурд, то туро бикушам.
Чун Баҳром суханони Пармударо шунид, аз ӯ рӯ бартофт ва ба сӯи лашкаргоҳаш бозгашт. Пармуда низ ба сӯи Байканд рафт ва дар он паноҳ гирифт.
Баҳром ба сӯи Байканд омад ва онро дар миён гирифт то кор бар Пармуда танг шуд. Пас аз чанд рӯз Баҳром ба ӯ паём дод, ки яке аз ду корро баргузин: ё омодаи набард шав, ё дари дижро барои ман бикушо ва хостаҳоро ба ман биспор, то ба ту зинҳор диҳам ва аз Ҳурмуз барои ту зинҳор бигирем ва туро озодона ба назди ӯ барам.
Пармуда зинҳори шоҳро баргузид. Баҳром инро барои Ҳурмуз навишт. Чун Ҳурмуз номаро хонд, сахт дар шигифт афтод ва фармон дод, ки зинҳорномае бинависанд ва худ онро дастина барниҳад ва бузургон онро гувоҳӣ кунанд ва ҷомаҳои гаронбаҳои шоҳӣ ва камарбанди гуҳарнишон ва аспе бемонанд барои Баҳром фиристод, то ононро бо зинҳорнома ба Пармуда бидиҳад. Ва ба ӯ фармон дод, ки Пармударо гиромӣ бидорад ва ниёзҳои ӯро бароварда созад ва ӯро ба пешгоҳ равона кунад ва он чи аз хостаҳои вай ва падараш ва ганҷинаҳои ононро, ки гирд оварда аст, ҳамаро бо мардони устувор ба дарбор бифиристад.
Баҳром фармони Ҳурмузро пазируфт ва зинҳорнома ва ҷомаҳои гаронбаҳои шоҳиро барои Пармуда фиристод. Пармуда бедиранг бо дувист савора аз диж берун омад ва диж ва он чиро дар он буд, ба Баҳром супурд ва рӯй ба Эрон ниҳод. Баҳром ба диж даромад ва бар ганҷинаҳои пур аз хоста ва колоҳои гаронбаҳо ва ҷангафзорҳои Афросиёб ва Арҷосп ва афсари Сиёвуш ва камарбанду гӯшвораҳои ӯ даст ёфт ва фармон дод, ки аз онҳо сиёҳабардорӣ кунанд. Он гоҳ ононро бо мардони устувор ва дурандешиҳои дархӯр бар ҳазорон шутур бор кард ва ба пешгоҳи Ҳурмуз фиристод
ДАР ОМАДАНИ ПАРМУДА БА НАЗДИ ҲУРМУЗ ВА РАСИДАНИ ХОСТАҲО БА ДАРГОҲ ВА АНГЕЗАИ НОФАРМОНИИ БАҲРОМ
Чун Пармуда ба наздики даргоҳ расид, Ҳурмуз фармондеҳонро ба пешвози ӯ фиристод ва аз омадани вай шод шуд ва худ низ барнишаст ва то дари кох ба пешвоз рафт ва чун Пармударо аз дур дид, аз ин рӯ, ки мабодо Пармуда барои ӯ аз асп пиёда нашавад худ аз асп ба зер омад.
Пармуда аз ин кор дар шигифт афтод ва пас аз андаке диранг пиёда шуд. Ҳурмуз, ки шарманда шуда буд, ба сӯи хуршед рӯ кард ва фаро намуд, ки барои ниёиши хуршед аз асп поин омада аст. Сипас ба сӯи Пармуда рафт ва ӯро дар оғуш кашид ва барнишаст. Лекин Пармуда савор нашуд ва пиёда то болои кох фароз омад. Ҳурмуз аз асп пиёда шуд ва ба гоҳ баромад ва Пармударо бар дупуштӣ нишонд ва дар наздик сохтан ва гиромидошти ӯ ва низ дар меҳрубонӣ ба ӯ ва шӯхӣ бо вай зиёдаравӣ кард. Сипас фармон дод, то ӯро ба кохе, ки барояш омода карда буданд, бибаранд, ки дар он ҳамаи абзори осоиш аз фарш ва ованди симин ва заррин ва навҷавонон ва канизакон ва ганҷина ва ҷомахона ва ошпазхона ва ҷуз он фароҳам шуда буд. Сипас ӯро фаро хонд. Се рӯз ҳамошомӣ карданд ва Ҳурмуз ба ӯ армуғонҳои гуногун бахшид.
Чун хостаҳои Пармударо ба даргоҳ оварданд ва ҳамон ҷо боз карданд, фармуд, ки то як ҳафта онҳоро дар беруни кох бигзоранд. Сипас фармон дод, ки онҳоро аз баробари ӯ бигзаронанд ва бо сиёҳае, ки бардошта буданд, баробар кунанд. Ҳамнишинони Ҳурмуз аз бузургӣ ва фаровонӣ ва гаронбаҳоию фузунии он дар шигифт афтоданд. Яке аз онон гуфт: сӯри бузурге аст ин, худ луқма ва пасмондае аз асл аст ва Баҳромро ба дағалкорӣ ва дастбурд олуданд, зеро гӯшвораҳо ва мӯзаҳои гуҳарнишони Сиёвуш, ки сиёҳа будани онҳоро гувоҳӣ мекард, дар миёни армуғонҳо набуд. Ҳол он ки дар сиёҳаи пайк навишта шуда буд ва беҳуда ҳам аз Баҳром ба бадӣ ёд кард ва ба гунае сарбаста гуфт, ки Баҳром беш аз инҳо аз дороиҳои вай ва падараш дарёфт карда аст.
Ҳурмуз аз ин кор ҳаросон ва нигарон шуд ва фармон дод, номае сарзанишбор ба Баҳром бинависанд ва аз ӯ бихоҳанд, ки гушвораҳо ва мӯзаҳоро бифиристад. Барои ӯ пунба на чарх ва дуки нахресӣ ва ҷомаи занона фиристод
Чун нома ва армуғонҳо ба Баҳром расид, сахт хашмгин ва озурда шуд ва гуфт: ин аст подоши касе, ки бо он худхоҳи ситамкор ба дурустӣ рафтор кунад! Он гоҳ фармондеҳон ва вежагонашро фаро хонд ва дарду андӯҳатро бо онон дар миён гузошт.
Эшон низ хашмгин ва ошуфта шуданд ва гуфтанд: Ҳурмуз паймони худро бо чӣ касе пос дошта аст, ки бо ту пос дорад? Ин рафтори ӯ сароғозе аст, бар он ки туро ба туҳмат биолояд ва андак – андак туро фурӯ гирад ва нобуд кунад ва дили худро хунук созад. Ба Худо савганд, агар ту бар ӯ чошт нахӯрӣ, ӯ бар ту шом хоҳад хӯрд.
Ва тири оташини хашм ба сӯи ту хоҳад афканд, зеро рӯзгори дарозе аст, ки бо устувонаҳои давлаташ чунин карда аст.
Баҳромро суханони эшон писандида омад ва аз онон паймон гирифт, ки дар баробари Ҳурмуз ӯро ёрӣ ва хамрохӣ кунанд ва аз ӯ фармон баранд.
Пас оҳанг устувор кард, ки ба нофармонии Ҳурмуз бархезад, ва ӯро аз кор фурӯ кашад ва худ ба ҷои ӯ бинишинад. Он гоҳ бо Ҳоқон писари Пармуда оштӣ карда ва кишварашро ба ӯ вогузошт. Ва бо вай паймони дӯстӣ баст ва ба сӯи Хуросон равон гардид ва нофармонӣ оғоз кард ва кӯшид миёни Ҳурмуз ва писараш Парвиз ошуб барангезад. Пас ба суханчинӣ ва дубаҳамзанӣ пардохт, ба ин гуна, ки фармон дод, то ба номи Парвиз динор ва дирам заданд ва онҳоро дар Эрон пахш кард ва номае ҳар чӣ дурушттар ба Ҳурмуз навишт ва ӯро ба зишттарин гуна накӯҳид ва гуфт: ту шоистаи подшоҳӣ нестӣ ва ин кор аз ту барнаояд. Аз кор канора гир ва подшоҳиро ба Парвиз бозгузор, бад-он гуна, ки шоҳони дигар дар зиндагишон шоҳиро ба фарзандонашон супурданд. Ва худро бираҳон, пеш аз ин ки ҳама бар куштани ту ҳамдаст шаванд.
Чун Ҳурмуз номаро хонд, ҳуш аз сараш парид ва сахт ҳаросон шуд. Чи пештар шунида буд, ки Парвиз ба номи худ динор ва дирам зада аст, барои ҳамин андӯҳе ҷонкох ӯро фаро гирифт ва дар ин бора бо Озингушб ба ройзанӣ нишаст. Озингушб ба куштани Парвиз ишорат кард ва аз ӯ хост, ки бо Баҳром аз дари меҳрубонӣ дарояд ва аз ӯ дилҷӯӣ кунад ва ӯро ба некӣ водорад, то кори кишвар сомон ёбад.
Дар ин миён ғуломбачае аз Ҳурмуз, ки дӯстдори Парвиз буд, ба суханони эшон гӯш медод. Пас он чи шунид, ба гўши Парвиз расонид ва ӯро аз диранг ва кундӣ бимнок гардонид. Парвиз шабона ба Озарбойҷон гурехт. Марзбони он ҷо ӯро хидмат кард ва нигаҳдорӣ ва пуштибонӣ аз ӯро ба гардан гирифт.
БАРДОШТАНИ ҲУРМУЗ АЗ ПОДШОХӢ ВА КӮР КАРДАНИ Ӯ
Чун ба Ҳурмуз огаҳӣ расид, ки Парвиз гурехтааст, ин кор бар ӯ сахт гарон омад, бегумон донист, ки гурехтани Парвиз бо ҳамраъии Баҳром буда аст, барои ин фармон дод, то доиҳои Баҳром – Биндӯя ва Бистомро ба зиндон афкананд. Дар ҳамин ҳангом огаҳӣ расид, ки Баҳром ба Рай даромада ва дирафши носозгорӣ барафрошта. Аз ин кор пойтахт парешон шуд ва оташи ошӯб забона кашид ва мардумон ошуфта шуданд ва корҳо ба ҳам рехт. Дари зиндонҳоро шикаста ва Биндӯя ва Бистом аз зиндон бадар омаданд ва зишткориҳои Ҳурмузро ошкор карданд ва мардумро ба фурӯ кашидани вай бароғолиданд. Ин сухан бар дили мардум нишаст, зеро ба Ҳурмуз фишор оварданд ва ӯро аз гоҳ фуруд оварданд ва рӯи замин кашиданд ва аз кор барканор карданд ва саранҷом мил дар чашмонаш кашиданд ва кӯраш карданд.
Ин рухдод пас аз гузашти ёздаҳ сол ва нӯҳ моҳ аз подшоҳии ӯ буд.
Чун ин огаҳӣ ба Парвиз расид, даме диранг накард ва бо шитоби фаровон бо марзбони Озарбойҷон ва чанд марзбони дигар худро ба Мадоин расонд.
Ин асар, ки бо номҳои «Ғурару-с-сияр», «Таърихи Саолибӣ», «Шоҳномаи Саолибӣ», «Ғурару ахбори-л-мулук ва сияриҳим», «Ал-Ғурар фӣ сияри-л-мулук ва ахбориҳим», «Ғурар ахбори мулуки-л-Фурс ва сияриҳим», «Ғурару сияри-л-мулук ва ахбориҳим» низ ёд мешавад, таърихномаи умумиест аз таърихнигор ва адиби форс-тоҷик Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммад Саолибии Нишопурӣ.
Китобро соли 2024 аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун Китобхонаи миллӣ нашр карда буд.
Таҳияи Сабрина Акрамова,
мутахассиси мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”.