“Шоҳнома”-и Саолибӣ. Подшоҳии Ҳурмуз пури Анӯшервон

Чун Ҳурмуз ба ҷои падар нишаст, шоҳон ӯро хидмат карданд ва кораш сомон ёфт. Ҳурмуз бар нотавонон меҳрубон ва бар зӯрмандон сахтгир буд. Хурдонро бармекашид ва бузургонро хор медошт ва чун бар фармонравоӣ чира гашт, андак-андак коргузорони падарро фурӯ андохт ва бар онон ситам кард ва ононро яке-яке барандохт ва аз ҳар яке аз онон, ки дар рӯзгори падар аз ӯ ҳаросида буд, кина ҷуст.
Мехост, ки Бузургмеҳр ва Баҳроми Озармоҳонро, ки аз бузургон ва устувонаҳои даргоҳи Анӯшервон буданд, сар ба нест кунад ва аз миён бардорад. Пас Бузургмеҳрро фаро хонд ва пинҳонӣ ба ӯ гуфт: мехоҳам Баҳроми Озармоҳонро бикушам, дӯст дорам, ки дар куштани ӯ хуҷҷате бар гунаҳкории ӯ дошта бошам, агар ту дар пеши бузургон бар носозии вай гувоҳӣ диҳӣ, ки сазовори куштан бошад, туро зинҳор мебахшам ва пойгоҳатро бармеафрозам. Бузургмеҳр гуфт: аз фармонбардорӣ аз шоҳ гурезе надорам. Пас Ҳурмуз фармон дод, ки вижагон дар дарбор анҷуман кунанд, он гоҳ Бузургмеҳр ва Баҳромро фаро хонд ва ба Бузургмеҳр гуфт: чӣ гӯӣ дар бораи Баҳром?
Бузургмеҳр, ки хости ӯро дарёфта ва дониста буд, ки нахуст Баҳром ва сипас ӯро хоҳад кушт, бо густохӣ сухан оғоз кард ва гуфт: ба носозии ӯ, ки сазовори куштан аст, гувоҳӣ медиҳам. Баҳром гуфт: эй бародар, аз ман носазоие дидаӣ? Бузургмеҳр гуфт: ҳамон рӯз, ки Анӯшервон аз мо рой хост, ки подшоҳиро ба писари зани турк, ки ҳамин Ҳурмуз аст, биспорад ва мо ба каси дигаре рой додем ва ту бар подшоҳии Ҳурмуз пой фишурдӣ!
Ҳурмуз шарманда шуд ва сар ба зер афканд ва аз анҷуман берун рафт ва фармон дод, то ҳар дуро ба зиндон биафкананд. Нахуст Бузургмеҳрро кушт. Чун Баҳром донист, ки ӯ ҳам кушта хоҳад шуд, ба худ гуфт: ман бояд пеш аз рафтан аз ин ҷаҳон ин дурӯғгӯи хунрезро чунон кайфар диҳам, ки рӯзгораш тира гардад. Пас номае ба ӯ навишт ва ҳаққу поси худро ба ӯ ёдовар шуд ва гуфт: барои ту андарзе дорам, агар рой бошад, маро бихон, то онро бозгӯям. Ҳурмуз Баҳромро фаро хонд ва гуфт: чи мехоҳӣ, бигӯй? Баҳром гуфт: шоҳо, дар ганҷинаи ниҳонӣ, ки дорӣ, куттии заррине аст, ки ба ангуштарии падарат муҳр шудааст. Ройи ман он аст, ки ҳар чӣ зудтар бар он огоҳ шавӣ, то дар кори худат биниши равшане дошта бошӣ.
Ҳурмуз фармон дод, ки қуттиро биёваранд. Фармуд онро бикушоянд. Чун кушуда шуд, порчаҳое аз абрешими чинӣ дар он ёфт, ки навиштае буд ба хатти Анӯшервон ва дар он навишта буд, ки ҳама ситорабинони корозмудаи дурустандеш ҳамрой шудаанд, ки фарзанди ман Ҳурмуз пас аз ман ёздаҳ сол ва нуҳ моҳ подшоҳӣ хоҳад кард ва сипас кори кишвардорияш бар ӯ шӯрида хоҳад шуд ва саркашон сар бархоҳанд овард ва ӯро аз кор хоҳанд андохт ва чашмонашро мил кашида кӯр хоҳанд кард ва ӯро хоҳанд кушт.
Чун Ҳурмуз навиштаи падарро дид, ҷаҳон дар чашмаш тор шуд ва андӯҳ бар ҷонаш чанг андохт. Фармон дод то Баҳромро ба зиндон бозгардонданд. Баҳром гуфт: бо писари зани турк чунон кардам, ки зиндагонӣ бар ӯ ногувор гардид.
Чун шаб чодари тирагуни худро фурӯ густурд, Ҳурмуз фармон дод, ки Баҳромро аз дами шамшери тез бигзаронанд, аммо худ низ аз он пас хони шодиро барчид. Чӣ на хоби гуворое дошт ва на рӯзи равшане. Бо ин ҳама ба равиши пешин мерафт ва бо зӯрмандон меситезид ва дар нотавон ба некӣ менигарист. Зимистонро дар Ироқ ва тобистонро дар Порс мегузаронд. Дар гузаргоҳ сипоҳиёнро аз дастдарозӣ ба кишту фаровардаи мардум бозмедошт ва агар касе ба онон зиёне мерасонид, сахт кайфар медид ва аз ин ки фармондеҳи бузургеро дар баробари як ғирбол коҳ ё пуштае ҳузум, ки аз худованди киштзоре ба зӯр ситонда, бикушад, боке надошт. Гӯянд: яке аз фармондеҳони сипоҳ дар роҳе, ки мерафт, ба дарахти разе нигоҳ кард, дид хӯшаҳои ангур расида, ӯро хуш омад ва орзу кард, ки аз он бихӯрад. Ба чокараш фармон дод, то чанд хӯша ангур бичинад ва барояш биоварад. Чокар чунон кард. Дар ин ҳангом худованди боғ пеши ӯ омад ва афсори асбро гирифт ва дод хост. Фармондеҳ аз ин ки мабодо Ҳурмуз огоҳ шавад ва ба куштани ӯ фармон диҳад, тарсид ва камарбанди заррини гавҳарнишони худро боз кард ва пеши худованди боғ афканд, то ба Ҳурмуз шикоят набарад.
Парвиз дар бархе ҷаҳонгардиҳо падарро ҳамроҳӣ мекард. Дар яке аз гардишҳо аз асби худ, ки беҳтарини асбҳо буд, ба зер омад ва ба асби дигар барнишаст. Асб раҳо шуд ва ба киштзори кишоварзе даромад ва андаке аз он хурд. Худованди киштзор ба Ҳурмуз шикоят бурд. Ҳурмуз фармон дод, то дасту пои асбро буриданд ва зиёни худованди киштро товон доданд.
ФИРИСТОДАНИ ҲУРМУЗ БАҲРОМИ ЧӮБИНРО БА ҶАНГИ ШОБАШОҲИ ТУРК
Чун корҳо бар Ҳурмуз даромехта шуд ва душманон гирдогирди кишварро гирифтанд ва Хоқон ба номи Шобашоҳ бо сад ҳазор савор ба сӯи Балх омад, то ба Эрон чира шавад. Ҳурмуз бо мӯбадон ва бузургон дар бораи он чи рӯй дода ба ройзанӣ нишаст ва ҳамагон ҳамрой шуданд, ки тохту този туркон аз бадтарин гирифториҳои кишвар аст ва агар газанди зиёни ононро бо кайфар аз бех барканем, дигарон аз саргузашти эшон панд хоҳанд гирифт ва ба ҷои худ бозхоҳанд гашт. Ҳурмуз аз онон дар бораи касе, ки шоистаи фармондеҳии набарди туркон бошад, бозпурсид. Бештари онон Баҳроми Чубин, марзбони Озарбойҷонро номзад карданд, чи ӯ оинҳои саворкорӣ ва диловарӣ ва боистагиҳои фармондеҳӣ ва кишвардориро якҷо дошт.
Ҳурмуз Баҳромро фаро хонд ва чун ба ӯ нигарист, нишонаи бузургворӣ ва зиракӣ ва боистаҳои сарвариро дар ӯ дид. Пас дар бораи набард бо туркон бо ӯ ба гуфтушунид нишаст ва ҷуз он чи мояи шодияш бошад, аз ӯ нашунид. Аз ин рӯ, набарди турконро ба вай вогузошт ва фармони ӯро ба мардон ва хостаҳо раво сохт.
Баҳром дувоздаҳ ҳазор тан аз беҳтарин паҳлавонон ва саронро баргузид ва он чи низ боиста буд, дархост кард. Ҳурмуз фармон дод, ки ниёзи ӯ бароваранд ва ҳама костиҳои ӯро аз миён бардошт. Пас барои ӯ ҷомаҳои гаронбаҳо пӯшонд ва парчами Рустамро ба ӯ дод ва гуфт: ин ёдгори Рустам аст ва ту ҳам ҷонишини ӯ ҳастӣ. Баҳром чанд бор замин бӯса дод ва омода шуд ва рӯй бо набард овард.
Ҳурмуз пешгӯеро фармуд, ки дар бораи кори Баҳром нек бингарад. Пешгӯ ба дунболи корвони Баҳром равон шуд. Чун Баҳром ба биёбон расид, каллапази бараҳнаеро дид, ки сабади пур аз каллаи гӯсфанд болои сар ниҳода аст. Баҳром инро ба шугуни хуш гирифт ва тире афканд ва ду сар гӯсфандро аз сабад рабуд ва гуфт: ба ҳамин зудӣ ба номи Ҳурмузшоҳ сари Шобашоҳ ва бародараш Фағфурро ҳамин гуна хоҳам рабуд.
Пешгӯй ба назди Ҳурмуз бозгашт ва ӯро аз он чи дида ва шунида буд, огоҳ кард ва гуфт: Баҳром ба зудӣ ба душман чира хоҳад шуд. Лекин дар баробари сарвараш нофармонӣ хоҳад кард. Ҳурмуз гуфт: ҳар фармоне, ки аз осмон ояд, хуш ояд!
Ин асар, ки бо номҳои «Ғурару-с-сияр», «Таърихи Саолибӣ», «Шоҳномаи Саолибӣ», «Ғурару ахбори-л-мулук ва сияриҳим», «Ал-Ғурар фӣ сияри-л-мулук ва ахбориҳим», «Ғурар ахбори мулуки-л-Фурс ва сияриҳим», «Ғурару сияри-л-мулук ва ахбориҳим» низ ёд мешавад, таърихномаи умумиест аз таърихнигор ва адиби форс-тоҷик Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммад Саолибии Нишопурӣ.
Китобро соли 2024 аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун Китобхонаи миллӣ нашр карда буд.
Таҳияи Сабрина Акрамова,
мутахассиси мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”.
Теги: тоҷикшиносӣ