“Шоҳнома”-и Саолибӣ. Подшоҳии Яздигурд писари Баҳром

ШоҳномаЧун Яздигурд ба подшоҳӣ расид, мардумон Худоро барои ӯ хонданду гуфтанд: Худованд ин подшоҳиро, ки ба ту бахшида, фархунда кунод ва некию хубӣ ва некбахтию осоишро бар ту пайваста бидорад. Худованд диҳишҳоеро, ки дар рӯзгори падарат мардум бахшида буд, дар рӯзгори фархундаи ту низ бибахшад.

Зеро мардумон осудагӣ ва некрӯзию фарохӣ ва покии зиндагӣ ва нозҳои гуногунеро, ки ба рӯзгори падарат ёфтанд, дар замони фармонравоии ҳеҷ шоҳе наёфта буданд, гарчи ҳамаи шоҳони пешин бо мардум ба некӣ рафтор карданд ва ононро дар ноз нигоҳ доштанд, ҷуз яке аз шоҳон, ки фарзандаш он чиро, ки падар табоҳ карда буд, беҳбуд бахшид ва захмҳое, ки ба ҷо гузошта буд, дармон кард. Мо аз Худованд барои равони онон осоиш ва омурзиш мехоҳем. Худованд аз суйи мо ба онон беҳтарин подошҳо диҳад ва мурдареги зиндагонии онон низ ба ту диҳад, ҳамон гуна ки Худованд кишвари ононро ба ту арзонӣ доштааст.

Яздигурд дар посух гуфт: Худованд фарохони шуморо пазируфта ва ҳамаи некиҳову неъматҳоро барои шумо фароҳам кардааст. Пас афзуд, ки: он чи аз дӯстдории шумо дар баробари падарамон дар зиндагияш дидем ва аз арҷгузориву сипосдорӣ пас аз маргаш, ки наметавонем аз ёд бубарем ва на подоши онро ба пас меафканем, ба хосту фармони Худованд ба зудӣ шумо худ чунон мехрубонӣ ва нигарише ба корҳоятон аз мо хоҳед дид, ки чашмонатон равшан хоҳад шуд ва гумонҳои хуби шуморо ба ростӣ хоҳад пайваст.

Яздигурд чанде бо нармрафторӣ ва баровардани ниёзҳои мардум роҳи некӣ падарро дар пеш гирифт ва аз ӯ пайравӣ кард.

Сипас роҳи дигаре баргузид ва аз мардумон бурид ва чандон дастури дидор ба онон намедод.

Яке аз наздикон ба ӯ гуфт: ин кор бар мардумон гарон омадааст. Яздигурд хашми худро фурӯ бурд ва ба равиши неки гузашта бозгашт, вале гуфт: шуморо насазад, ки наздик сохтан ва некиву фаровонӣ, ки аз падаронамон дидед, ҳаққи боиста бар ҳамаи шоҳон бидонед, ки дигарон ҳам бояд онро ба кор банданд ва агар шоҳе бархе аз корҳои падари моро нодида ангошт, онро аз худхоҳӣ ва тангдиливу сахтгирии ӯ биянгоред, чӣ сиришти шоҳон гуногун аст ва раъйи онон низ ноҳамгун ва ҳар рӯзгореро ойине аст, ки шоистаи ҳамаи рӯзгорон нест. Пас, агар шоҳ замоне дароз танҳо гузинад ва худ ба танҳоӣ ба корҳо бипардозад ва ин каронагирӣ аз мардумон барои беҳбудии кори онон ва сомон додан ба кишвар ва чораҷӯй дар бораи найрангҳои душманон ва кандани решаи гирифториҳо бошад, бар ӯ гирифте нест.

Мардумон пӯзиши ӯро пазируфтанд ва он чи ӯро хушнуд мекард, хушнуд шуданд ва раъйи ӯро писандиданд. Яздигурд дар додгарӣ, кишвардорӣ, меҳрубонӣ, ободсозӣ аз падар пайравӣ мекард. Лекин дар шикор ва майгусорӣ бо ӯ ҳамоҳанг набуд. шикорро ба як бора канор гузошт, чи онро барои ин ки падарашро чунон газанде расид, ба шугуни бад гирифт ва дар майгусорӣ миёнаравӣ пеша кард ва андоза нигоҳ медошт, то ӯро аз дурандешӣ дар корхои кишвар бознадорад. Дар ҳафта як ё ду бор бода менӯшид. Бештар рӯзгори худро ба раъйзанӣ бо пандомӯзон ва некхоҳон мегузаронд. Бо душманон бо сахтӣ бархӯрд мекард ва ба навиду бим додани худ пойбанд мебуд. Бо мардумон меҳрубон буд. Корҳои сипоҳиёнро ба хубиву некӣ менигарист.

Яздигурдро ду писар ба номҳои Ҳурмуз ва Фирӯз буд, ки ҳар ду аз некнажодӣ ва хушрафторӣ ва ҳамагуна забардастиҳо баҳраи фаровон доштанд ва барои ин ки яке аз он ду андӯҳгин нашавад, ҳеҷ якро ба равшанӣ ба ҷонишинии худ барнагузид ва гузинишро ба бузургони давлат, сарон ва марзбонон вогузошт.

Подшоҳии Яздигурд пас аз ҳаждаҳ сол бо равишҳои писандида ва корҳои сутудае, ки аз худ ба ҷо гузошт, поён ёфт.

Ин асар, ки бо номҳои «Ғурару-с-сияр», «Таърихи Саолибӣ», «Шоҳномаи Саолибӣ», «Ғурару ахбори-л-мулук ва сияриҳим», «Ал-Ғурар фӣ сияри-л-мулук ва ахбориҳим», «Ғурар ахбори мулуки-л-Фурс ва сияриҳим», «Ғурару сияри-л-мулук ва ахбориҳим» низ ёд мешавад, таърихномаи умумиест аз таърихнигор ва адиби форс-тоҷик Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммад Саолибии Нишопурӣ.

Китобро соли 2024 аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун Китобхонаи миллӣ нашр карда буд.

Таҳияи Сабрина Акрамова,
Мутахассиси мутахассиси
Маркази “Тоҷикшиносӣ”.