“Шоҳнома”-и Саолибӣ. Қиссаи шӯрангези саранҷоми кори Парвиз

ШоҳномаЧун Парвиз пир шуд, орзуи гирдоварии хостаҳои гуногун дар ӯ ҷавон гашт. Ганҷҳои берун аз шумор гирд овард ва ҳамаи кӯшиши худро дар ин роҳ ба кор гирифт. Ӯ дар хунрезӣ ва озурдани бузургону марзбонон ва сарон хӯи тозае ёфт. Бузургон ва сарон, аз ин ки ононро фурӯ бигирад, бар худ тарсиданд ва аз фармонравоии ӯ хаставу сер гаштанд ва бо ҳам созиш карданд, ки ӯро аз кор бардоранд ва бо писари вай Шерӯя паймон бубанданд.

Сипас, ба хонае, ки Шерӯя дар он зиндонӣ буд, рафтанд. Посбонон гурехтанд ва якбора дар он хона даромаданд ва Шерӯя, ки аз достон  огоҳ набуд, аз тарс ба шикамравиш гирифтор шуд ва ашки андӯҳ фурӯ рехт ва гуфт: афсӯс, ки падарам шоҳаншоҳро аз даст додам.

Яке аз он гурӯҳ ба ӯ гуфт:

– Мужда бод туро, ки мо омадаем то ба ҷои падар туро ба шоҳӣ барнишонем. Ҳамон беҳтар, ки бипазирӣ, вагарна туро мекушем ва яке дигар аз бародаронатро, ки шуморашон бисёр аст, ба шоҳӣ менишонем.

Шерӯя чизе нагуфт. Пас ӯро бо бузургдошт ба хонаи Зодонфаррухи пардадор бурданд.

Чун шаб пардаи сиёҳи худ дар ҳама ҷо фурӯ овехт ва Парвиз ноогоҳу осуда ва дар канори Ширин ғунуда буд, ногоҳ шунид, ки посбонон номи Қубодро, ки ҳамон Шерӯя аст, ба шоҳаншоҳӣ фарёд мезананд. Ҳол он ки пеш аз ин ҳамаи шаб номи Парвизро ба шоҳаншоҳӣ фарёд мекарданд. Ширин бонги шоҳиро шунид ва аз андӯҳи фаровон замин гирди сараш чархид. Бо ин ҳама нахост, ки Парвиз бедор шавад. Худ фарёд баровард ва гуфт:

– Ин посбонони нафриншударо чӣ шуда, ки ин бонги нохуш сар медиҳанд?

Парвиз аз хоб бедор шуд ва овое, ки нишонаи гирифтории бузурге буд, пардаи гӯшашро ларзонд. Растохезаш фаро расид ва саргаштаву ҳаросон аз шигифтӣ заҳрханде зад ва ба Ширин гуфт:

Шигифто, ки мо ин номи нохуҷастаро ба касе нагуфта будем, балки  ҳангоми зодан дар гӯшаш гуфтем, ки «туро Қубод  меномем» ва ҳамвора ӯро Шерӯя мехондем, чӣ касе ин номи ношинохтаро бар сари забонҳо андохтааст?

Ширин гуфт: коре рӯй додааст ва ба зӯди Худованд газанди  онро ба миён хоҳад бурд. Акнун пеш аз он ки хуршед бидамад ва сапеда парда аз ҳама кор барафканад, чорае бияндеш ва худро бираҳон.

Парвиз бо тарсу ларз даромад, бо чокаре, ки сипари заррин ба даст дошт, худ зиреҳ пӯшида ва шамшер ба даст ба боғи он сӯи коҳ даррафт, ки дарахтоне дирҳам дошт ва худро дар зери дарахте пинҳон кард ва зиреҳ аз тан даровард ва бар он нишаст ва шамшерро аз ниём кашид ва дар доман гузошт. Чокар низ сипарашро болои сари ӯ гирифт.

Чун бомдод равшан шуд, ғирев бархост ва мардум дарҳам омехтанд. Замин ба ларза даромад ва сипоҳиён гирдогирди  Шерӯяро гирифтанд ва ӯро барнишонданд ва ба коҳ оварданд ва ба гоҳ  бароварданд. Ба ӯ паймон бастанд  ва чокарии ӯро пазируфтанд. Пас, ҳар ҷо, ки гумоне мерафт, ба ҷустуҷӯи Парвиз пардохтанд, ӯро наёфтанд. Чун рӯз ба нима расид, Парвиз гурусна шуд. Пас гавҳаре аз каронаи камари хеш канд ва ба чокар дод, ки онро ба касе бидиҳад, то хӯроке  бихарад ва барои ӯ биёварад. Чокар онро ба яке аз боғбонон дод. Марди боғбон ба бозор шуд.

Чун гавҳари камарбандро нишон дод, донистанд, ки аз они подшоҳ аст. Мардро гирифтанд ва ӯро ба дарбор супурданд. Зодонфаррух  достонро  аз мард пурсид. Марди боғбон достонро боз  гуфт.   Зодонфаррух ӯро ба анҷумани Шерӯя баровар. Мард достонро  ба ӯ низ бозгуфт.  Зодонфаррух фармон дод, то гурӯҳе аз сипоҳиён ба ниҳонгоҳи Парвиз гусел шаванд. Ба онон фармон дод, ки ӯро асир кунанд. Сипоҳиён рафтанд ва чун бо Парвиз рӯ ба рӯ шуданд. Парвиз чун сарбозонро бидид, бо шамшер ба рӯи онон парид.

Сипоҳиён гурехтанд ва ба назди Шерӯя бозгаштанд. Шерӯя пурсид: пас куҷост мард? Гуфтанд: ду чи моро аз гирифтани ӯ боздошт: нахуст шукӯҳи подшоҳӣ ва дигар шамшери охтаи дурахшонаш, ки бо сипоҳе гарон баробар аст.

Зодонфаррух ононро дашном дод ва аз Шерӯя дастурӣ хост, ки худ биравад ва Парвизро дастгир кунад ва фармонро ба хубӣ дар бораи ӯ ба кор бандад. Шерӯя ба ӯ дастурӣ дод, ки ҳар чӣ шоиста аст,  бикунад. Зодонфаррух бо сипос барнишаст ва дар чаҳор сӯи боғ мардоне гумошт ва худ рафт, то ба наздики Парвиз расид. Ӯро намоз бурд ва гуфт:

– Нишастани ту суде надорад ва мо туро аз подшоҳӣ бардоштаем ва писаратро ба шоҳӣ  баргузидаем. Ту акнун наметавонӣ ба танҳоӣ бо ҳама мардуми ҷаҳон биҷангӣ. Бархез ва бар пил бинишин.

Сипас пили сапедашро овард  ва ӯро барнишонд. Сипоҳиён ӯро нигоҳбонӣ ва ҳамроҳи карданд ва то дижи Мадоин бурданд. Пас ӯро дар саройи мӯбад зиндонӣ карданд ва гурӯҳе аз сарони сипоҳро бар ӯ гумориданд. Ин достон пас аз гузашти сию ҳашт сол аз подшоҳии ӯ рух дод.

Ин як порча аз қиссаи марғубу шуниданиву хонданиро аз “Шоҳнома”- Саолибӣ  манзуратон кардем, ба ин умед, ки ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ  биҷӯед ва бихонед.

Ин асар, ки бо номҳои «Ғурару-с-сияр», «Таърихи Саолибӣ», «Шоҳномаи Саолибӣ», «Ғурару ахбори-л-мулук ва сияриҳим», «Ал-Ғурар фӣ сияри-л-мулук ва ахбориҳим», «Ғурар ахбори мулуки-л-Фурс ва сияриҳим», «Ғурару сияри-л-мулук ва ахбориҳим» низ ёд мешавад, таърихномаи умумиест аз таърихнигор ва адиби форс-тоҷик Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммад Саолибии Нишопурӣ.

Китобро соли 2024 аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун Китобхонаи миллӣ нашр карда буд.

Таҳияи Фазолат Набобова,
муовини сардори Маркази “Тоҷикшиноси”.