“Шоҳномаи Саолибӣ”. Бозгашти Қубод ба подшоҳӣ. Достони Маздак
Чун Қубод бо пуштивонаи сипоҳе гашн (биёрнафара) аз сарзамини Ҳайтолиён ба Эрон рўй овард, бузургон ва сарон ба раъйзанӣ пардохтанд ва саранҷом бар он шуданд, ки подшоҳиро ба Қубод бисупоранд, то аз хунрезӣ пешгирӣ кунанд ва оташи ҷангро биншонанд. Ҷомосп ва мўбади мўбадон низ дар миёни онон буданд. Пас ҳамагон ўро хидмат карданд ва аз ў пўзиш хостанд ва подшоҳиро ба вай бозгардонданд. Бар ин поя, ки ба Ҷомосп ё каси дигаре аз устувонаҳои кишвар газанде нарасонад.
Қубод пазируфт ва дар Мадоин ба гоҳи шоҳӣ баромад. Ҷомосп ва шоҳони дуру наздик ўро хидмат карданд ва подшоҳӣ вежаи ў гардид ва корҳо бо будани ў сомон ёфт. Сипоҳи Ҳайтолиёнро бо гиромидошт бозгардонид ва ба навиде, ки ба подшоҳи он дода буд, вафо кард ва божу газиятро ба ў бахшид ва бо фиристодани ҷомаҳои гаронбаҳои зебо аз ў сипосгузорӣ кард. Пас Барзмеҳр писари Сухарроро ба вазорат баргузид ва ба некўтарин гуна ба ў подош дод ва худ ба ободонӣ пардохт. Дар Мадоин шаҳрҳои Арраҷон, Қубодхурра, Қубодиён ва шаҳрҳои дигар сохт.
“Шоҳнома”-и Саолибӣ. Подшоҳии Яздигурд писари Баҳром
“Шоҳномаи Саолибӣ”. Подшоҳии Баҳром пури Яздигурд, номбардор ба «Баҳроми Гӯр». Поён
“ШОҲНОМАИ САОЛИБӢ”. ИДОМАИ ДОСТОНИ БАҲРОМ
“Шоҳномаи Саолибӣ”. Подшоҳии Ҷомосп писари Фирўз
Пас аз он бо румиён ҷангид ва Омид ва Майёфориқинро кушод ва мардуми онҳоро ба асирӣ гирифт ва шоҳи румиёнро ба пардохти бож во дошт ва пирўзмандона ба Мадоин бозгашт.
Рўзе барои шикор ба беруни шаҳр рафта буд. Занеро дид, ки кўдакаш мехост аз дарахт аноре бичинад. Модар намегузошт ва кўдак мегирист. Қубод аз ин кор дар шигифт монд ва кас фиристод, то ангезаи корро бидонад. Зан дар посух гуфт: дар ин дарахт шоҳро ҳаққе аст ва то кунун касе наёмадааст, то ҳаққашро биситонад. Мо метарсем ба он даст бизанем.
Қубод ба Барзмеҳр гуфт: шаҳрвандони ман аз ин ки наметавонанд аз меваҳо ва ғаллаҳои худ баҳрабардорӣ кунанд, дар ранҷ ба сар мебаранд. Барзмеҳр раъй дод, ки божро ба онон бубахшад ва бардошти ғаллаҳо ва меваҳоро ба худи мардум вогузорад. Қубод чунон фармон дод.
Ў ҳамвора бо шаҳрвандон ба некӣ ва меҳрубонӣ рафтор мекард, то ин ки дев дар гўшаш бонги нохуш сар дод ва ўро гумроҳ кард ва аз роҳи рост бигардонид ва хўи ўро дигар кард ва сустраъйии ўро ошкор сохт. Ўро гирифтори Маздак пури Бомдод аз мардуми Насо гардонд, то кор ва раъйи ўро табоҳ кард ва чеҳраи ўро зишт намуд ва подшоҳиро суст карда, корҳое анҷом дод, ки онҳоро ёд хоҳем кард.
ДОСТОНИ МАЗДАК ПИСАРИ БОМДОД
(нафрини Худо бар ў бод)
Маздак писари Бомдод деве буд дар колбади одамӣ. Рўйи зебо ва сиришти зишт дошт. Хушнамо ва бадниҳон, ширинзабон ва талхкирдор буд ва бо гуфтори фиребомез ва суханони зебояш ба Қубод наздикӣ ҷуст ва ўро фирефт ва барои ў домҳои найранг ниҳод, то ин ки дили ўро ба даст овард ва бар ў чира гашт ва аз вежагони ў гардид.
Қубод ба ойини ў даромад ва фарохони нодурусти ўро посух гуфт, то он ҷо ки ҳама чизро аз гўшу чашми ў мешунид ва медид. Аз нахустин корҳо, ки оташи гумроҳии ўро барафрўхт ва сарварии ўро пай афканд ва вайро бар кораш чира кард, ин буд, ки хушксолии чандсола нишоне зишт бар мардуми бе чизи бечора ба ҷо гузошта буд ва гуруснагӣ гурўҳе аз мардумро кушта. Пас Маздак ба Қубод гуфт: аз ту дастурӣ мехоҳам, ки раъйи туро дар бораи кори гароне бипурсам. Қубод гуфт: ба ту дастурӣ додам, ҳар чӣ хоҳӣ бипурс.
Маздак гуфт: эй шоҳи меҳрубон, чӣ мегўӣ дар бораи он, ки подзаҳре (доруи зидди заҳр) коро дорад ва моргазидаеро мебинад, ки зиндагияш ба ин подзаҳр бастагӣ дорад ва маргаш дар он, ки аз подзаҳр бозаш доранд ва он мард ҷони ўро наҷот намедиҳад?
Қубод гуфт: кайфари ў марг аст. Маздак аз некўии посух замин бўса дод ва бар ў офарин гуфт.
Фардои он рўз тиҳидастон ва бечизон ва фурўдастоне аз ин дастро дар дарбори Қубод гирд овард ва ба онон навид дод, ки эшонро бениёз хоҳад кард. Он гоҳ ба Қубод гуфт: шоҳо, ман дирўз аз ту аз амре душвор пурсидам. Бо посухе, ки ба ман додӣ, маро осуда сохтӣ ва аз торикии нодонӣ раҳонидӣ ва партаве аз яқин бар ман тобондӣ. Агар дастур диҳӣ имрўз низ пурсишеро, ки дар дилам хона карда, бо ту дар миён гузорам.
Қубод гуфт: ҳар чӣ хоҳӣ бипурс.
Маздак гуфт: чӣ гўӣ дар бораи касе, ки марди бегуноҳеро дар хонае зиндонӣ кунад ва ўро аз хўрданӣ боз дорад, то бимирад? Қубод гуфт: Кайфараш марг аст. Маздак дубора замин бўсид ва бар ў офарин гуфт. Пас аз назди Қубод ба сўи мардумони бешуморе аз бечизон ва бепойгоҳон, ки дар баробари дарбор гирд омада буданд, бозгашт ва ба онон гуфт: ман дар бораи беҳбуди кори шумо бо подшоҳ сухан гуфтам ва ўро бар он доштам, то фармон дод, ки миёни бениёзон ва ниёзмандон баробарӣ бапо шавад. Ҳам акнун биравед ва ҳаққи худро биситонед ва шоҳу шаҳрвандонро дар гандумҳои андўхта дар анбори дарбор анбоз кунед.
Мардумон ба ҳар сў пароканда шуданд ва анборҳои хўрокиро чаповул карданд ва то тавонистанд ҳама чизро ба яғмо бурданд. Бад-ин пиндор, ки ин корҳоро ба фармони подшоҳ мекунанд, ки бар забони Маздак омадааст.
Чун Қубод аз ин рўйдод огоҳ шуд, Маздакро фаро хонд ва аз ў пурсид: оё ту мардуми фурўмояро ба тороҷ кардани анборҳои хўрокӣ водоштаӣ?
Маздак гуфт: на ман, балки ту худ чунин фармоне додаӣ!
Қубод гуфт: кай?
Маздак гуфт: ҳангоме ки раъйи туро дар бораи он кӣ подзаҳр аз моргазида дареғ медорад, пурсидам ва ту гуфтӣ кайфараш марг аст. Ҳаргиз моргазидагӣ аз гуруснагӣ сахттар нест ва ҳеҷ подзаҳре ҳам аз нон раҳонандатар на. Низ ҳангоме ки раъятонро дар бораи касе пурсидам, ки бегуноҳеро дар хонае зиндонӣ кунад ва ба ў хўрок надиҳад, то аз гуруснагӣ бимирад, ту ба куштани ў фармон додӣ. Акнун гурўҳе хўрокӣ доранд ва онро ба гуруснагон намедиҳанд ва онон аз гуруснагӣ мемиранд. Пас дорандагон ба гуфтаи худат сазовори марг ҳастанд ва дар сиришти мардум ва ойини Худованд аст, ки бояд онон худро аз он чӣ мояи маргашон мешавад, нигоҳ доранд ва гуруснагонро аз хостаҳои худ сер кунанд, то бениёзон ва ниёзмандон баробар шаванд ва тавоноён ва нотавонон дар рўзие, ки Худованд ба ҳамаи офаридагон додааст, бо ҳам анбоз шаванд.
Қубод андаке диранг кард ва сипас гуфт: ту аз сухани ман ба зиёни ман бурҳон тарошидаӣ! Пас аз он тиҳидастон ва бечизон ва фурўмоягон ба Маздак гаравиданд ва ўро бисёр дўст доштанд ва ба паёмбарии ў бовар карданд.
Маздак ҳамвора бар гуфтаҳои фиребандааш меафзуд, то он ҷо ки гуфт: Худованд рўзии моро дар замин ниҳодааст, то ҳамаи бандагон онро ба гунаи баробар миёни худ бахш кунанд, то якеро дар рўзӣ бар дигаре фузунӣ набошад. Лекин мардумон бар якдигар ситам кардаанд ва зўрмандон бар нотавонон чира гаштаанд ва бо дар даст гирифтани рўзӣ ва хостаҳо ҳамаро вежаи худ гардони даанд.
Акнун боиста аст, ки аз дороён гирифта ба нодорон бидиҳанд, то ҳамагон дар хостаҳо ва он чизҳо, ки доранд, баробар шаванд. Он ки дар хостаҳо ё занон ё коло фузунӣ дорад, бартар аз дигарон нест.
Мардумони паст ва фурўмоя аз ин фармони табоҳ суд ҷустанд ва роҳ афтоданд ва даст кушоданд ва бо хостаҳо ва номуси дигарон ҳар чӣ хостанд карданд ва бар онҳо чира шуданд ва то тавонистанд табоҳӣ ба бор оварданд.
Қубод нахуст ба поси шарм доштан аз Маздак ва бузург шумурдани кори ў ва сипас ба далели нотавонӣ бар ин кори зишти онон чашм фурў баст. Ошўб боло гирифт ва кор ба душворӣ кашид. Сарриштаи кишвар аз ҳам бигусаст ва кишвар ба сўи нобудӣ мерафт, то ҷое ки ба хонаи мард дармеомаданд ва бар номусу хостааш дастбурд мезаданд ва ў наметавонист пеши ононро бигирад. Чунон шуд, ки ҳеҷ кас дорандаи хона ва хоставу хонаводааш набуд. Басо кўдак, ки дониста набуд падараш кист.
Кам-кам бар нерўи маздакиён меафзуд ва фармонашон равотар мегардид, то он ҷо ки Қубодро нотавон карданд ва ба ў гуфтанд: агар ба ойини мо дароӣ ва раъйи моро пазирӣ, чӣ беҳтар, вагарна сари туро чун гўспанд хоҳем бурид. Миёни ёрони Қубод ҷудоӣ афканданд ва дигар вежагонашро аз ў дур доштанд.
Кори афзунхоҳии Маздак ва сабук шумурдани Қубод ба ҷое расид, ки ба Қубод гуфт: агар ойини маро пазируфтаӣ, модаратро ба ҳамсарии ман дарор то ғайрат, ки мояи бадӣ аст, аз миён биравад. Пайваста модар ба зорӣ аз Қубод мехост, ки аз ин дархости Маздак рўй бартобад.
Барои ин мардумон аз рўи нафрин Қубодро «бирезод риш» хонданд, ки нафрине буд, ки бо ин беғайратӣ ва сустраъйӣ ва номардӣ, ҳамон беҳ, ки ришаш бирезад.
Пас аз он писари Қубод – Хусрави Анўшервон кори Маздакро зишту нописанд донист ва барои нигоҳдории кеш ва кишвар ў хашм гирифт ва барнатобид ва бо меҳрубонӣ аз падар хост, то мўбадонро барои гуфтушунид бо Маздак гирд оварад.
Рўзе мўбадон гирд омаданд ва ба Маздак гуфтанд: агар мардумон дар занон ва хостаҳо анбоз шаванд, оё фарзандонашонро хоҳанд шинохт ва покии таборро нигоҳ хоҳанд дошт? Бо баробарии ҳамагон касе барои дигаре кор хоҳад кард? Оё бо ин кор ҷаҳон нобуд нахоҳад шуд?
Пас аз ин суханон Маздак бо хашм бархост ва ёронаш гирди ўро гирифтанд ва бар Қубод ва Хусрав рўй оварданд ва бар густохиву худкомии худ афзуданд. Чунон ки Қубод натавонист пеши ононро бигирад ва эшонро аз кирдорашон боздорад ва аз ин ки ба онон нерў бахшида буд, пушаймон шуд. Вале пушаймонӣ суде надошт ва шикоф беш аз он буд, ки руфўпазир бошад ва табоҳӣ чунон фузунӣ ёфта буд, ки аз чорагарӣ гузашта буд. Кори маздакиён ҳамвора неру мегирифт ва подшоҳии Қубод сустӣ меёфт. Саранҷом Қубод ба бистари беморӣ афтод ва ба бемории диқ гирифтор омад.
Пас Анўшервонро ба ҷонишинӣ баргузид ва ба ў гуфт: писарам, сомон додани он чӣ ман табоҳ кардаам ва дармони он ки бемораш кардаам, танҳо ба дасти туст. Ба ҷои падар биншин ва дар сомон додан ба корҳо ва зинда кардани кишвар аз Худованд ёрӣ бихоҳ. Он гоҳ пас аз чиҳилу як сол, ки аз подшоҳияш гузашта буд, бо чанд соле, ки дар он миён Ҷомосп шоҳӣ карда буд, ба хорӣ даргузашт ва мардумон аз бадшугунӣ ва нотавонии фармонравоияш осуда шуданд.
Ин асар, ки бо номҳои «Ғурару-с-сияр», «Таърихи Саолибӣ», «Шоҳномаи Саолибӣ», «Ғурару ахбори-л-мулук ва сияриҳим», «Ал-Ғурар фӣ сияри-л-мулук ва ахбориҳим», «Ғурар ахбори мулуки-л-Фурс ва сияриҳим», «Ғурару сияри-л-мулук ва ахбориҳим» низ ёд мешавад, таърихномаи умумиест аз таърихнигор ва адиби форс-тоҷик Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммад Саолибии Нишопурӣ.
Китобро соли 2024 аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун Китобхонаи миллӣ нашр карда буд.
Таҳияи Сабрина Акрамова,
Мутахассиси мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”.