“Шоҳномаи Саолибӣ”. Подшоҳии Баҳром пури Баҳром пури Ҳурмуз

Шоҳномаи СаолибӣИн ҳамон аст, ки ба ангезаи худбузургбинӣ ва гарданкашиаш ӯро «Баҳроми худсито»  мехонданд. Ӯ марди дуруштхӯ, сангдилу масти бодаи ҷавониву подшоҳӣ ва саргарон аз худписандӣ буд.

Касеро арҷ намениҳод ва барои бузургу хурд сар барнамедошт. Ва аз кайфар додан ҷуз гардан задан чизе намедонист. Пас наздикон дилозурда шуданд ва ҳамагон тарсону рамон гаштанд. Пас фароҳам омаданду шикоят ба мӯбади мӯбадон бурданд ва дар кори Баҳром рой мезаданд.

Мӯбади мӯбадон гуфт: шумо нола пеши касе овардаед, ки худ нолон аст ва дарди худро пеши касе мегӯед, ки худ озурда аст, лек агар ройи маро бипазиред ва аз ман фармон баред ва нофармонӣ накунед, Баҳромро ба роҳи дуруст боз хоҳам овард ва ба ҳамон гуна, ки шумо мехоҳед, боз хоҳам гардонд.

Мардумон пазируфтанд, ки аз ӯ пайравӣ кунанд ва ба роҳе бираванд, ки ӯ мегӯяд.

Мӯбади мӯбадон гуфт: чун фардо фаро расад, дар хонаҳои худ бимонед ва берун наёед ва ҳеч як аз шумо ба ӯ наздик нашавед ва шумо эй дастурон, пардадорон, марзбонон, ҷавонон ва навҷавонон дар нарафтан ба даргоҳи вай ва дурӣ гузидан аз пешгоҳи вай ва посух надодан ба фармонаш ва тиҳӣ гузоштани анҷуман ва хонаи ӯ бо ҳам якӣ шавед ва то ман дастури надиҳам, касе ба ӯ наздик нашавад.

Ҳамагон суханони ӯро пазируфтанд, ки фармони ӯро пеши чашм бидоранд ва аз он нагарданд ва бар ин кор бо ӯ паймон бастанд ва ҳамрой шуданд. Чун Баҳром шабро ба пойгоҳ овард ва ба гоҳ баромад, аз ҷавонон ва перомуниён касе дар хона надид ва чашмаш ба сиёҳии вуҷуди чокар ё марзбоне сурмагун нагашт, ба ҷойгоҳи ҳар кадом аз ёрон нигарист, онро тиҳитар аз кафи даст ёфт.

Чун чокаронро овоз дод, касе посух надод. Дарбононро хонд, касе наёмад. Ҳаросон ва саргардон шуд, ҳар гуна гумон ба дилаш роҳ ҷуст ва ҳамчунон ки бо худ меандешид ва аз ин пешомад дар шигифт монда буд ва ҳанӯз оғози рӯз буд, ногоҳ мӯбади мӯбадон бар ӯ даромад. Баҳром шод шуд ва ба ӯ рӯ кард ва ростиву дурустии достонро аз вай ҷӯё шуд.

Мӯбад гуфт: шоҳо, магар намедонӣ, ки подшоҳии ту ба ёрии Худованд ва сипас бо мардум бозбастааст? Ва то ҳангоме, ки мардум аз ту фармон баранд ва дар чокарии ту биистанд, ту шоҳ хоҳи буд! Вале агар бо бадрафтории худ эшонро аз хештан биронӣ ва бо бадхуй ононро биронӣ ва бо сахтгирӣ ононро битарсонӣ, дар ин ҳангом мужда бод туро ба танҳо мондан. Ва беҳудагӣ ва бекорагиро пеши чашм бидор.

Баҳром достонро дарёфт ва сухан дод, ки хӯи бадро раҳо кунад. Мӯбад бархост ва ҳамагонро ба пешгоҳи ӯ фиристод. Онон ӯро намоз бурданд. Баҳром хандид ва бо эшон ба меҳрубонӣ бархӯрд кард ва бо хушрӯй ва рафторе нав дигаргун шуд ва бад-ин сон ҳам худ бархурдор шуд ва ҳам мардумон аз ӯ баҳраманд гаштанд.

Аз мӯбад барои пок сохтани хӯи бад ва ба поси панд додан ба вай сипос гузорид ва аз он пас аз ройи ӯ сар напечид ва ҳеч коре бе ройзанӣ бо вай анҷом надод.

Рӯзе хост аз бонуи гузидааш барои нофармонӣ, ки бад-он даст ёзида буд, кина кашад ва ӯро бикушад, лекин даст нигоҳ дошт ва мӯбадро фаро хонд ва пурсид: кайфари касе, ки аз фармони шоҳ сарпечӣ кунад, чист?

Мӯбад гуфт: кайфараш марг аст, магар ин ки зан ё кӯдак ё маст ё девона бошад.

Баҳром аз куштани зан даст бардошт. Аз рухдодҳои зебои рӯзгори ӯ, ки дар бораи дигарон ҳам овардаанд, ин аст, ки рӯзе бар хон нишаста буд, хонсолер косаи бузурге ош пеш овард, чаккае аз он бар бозуи Баҳром рехт. Баҳром фармон дод ӯро бикушанд.

Мард гуфт: шоҳо, туро ба Худой мепаноҳам, мабодо ки маро ба ситам ва бегуноҳ бикушӣ!

Баҳром гуфт: бояд туро бикушам, то дигарон панд бигиранд ва дар чокарии шоҳон бепарвоӣ накунанд.

Мард косаи ошашро бардошт ва ҳамаро бар сари Баҳром рехт ва гуфт: шоҳо, аз ин ки маро ба ситам бикушӣ ва бар ин сарзанишат кунанд, нохурсанд будам, инак сазовори маргам ва зиштии кори ту, яъне ситам бар чокарон, аз миён рафт, инак ҳар чӣ мехоҳӣ бикун.

Баҳром хандид ва гуфт: пояи зиндагонии ту сахт устувор буда, ки аз марг растӣ, ман туро бахшидам.

ПОДШОҲИИ БАҲРОМ ПУРИ БАҲРОМ ПИСАРИ БАҲРОМ

Ин Баҳромро Шоҳаншоҳ мехонданд. Ҳангоме ки афсар бар сар ниҳод, бузургони кишвар пеши ӯ омаданд ва Худоро барои ӯ хонданд, то аз подшоҳиву пирӯзӣ бар душманону зиндагонии дароз ва тандурустиву хушбахтӣ ва хубӣ бархурдор шавад.

Баҳром гуфт: агар зинда бимонам, ба ҳамин зудӣ аз некхоҳии ман чизҳое хоҳед дид, ки аз он шодмон шавед. Ва агар Худованд каси дигареро ба ҷои ман баргузинад, умедворам шуморо вонагузорад ва хӯю маниши неки шуморо аз шумо бознастонад. Аз Худованд барои худ ва шумо некиву ростӣ мехоҳам.

Пас гуфтори дурусту кирдори некро ба кор баст ва сарнайзаи кишварро рост гардонид ва дасти бедодро кӯтоҳ кард, лекин ҳанӯз чаҳор моҳ аз подшоҳияш нагузашта буд, ки хирмани ҷавонияш дарав шуд ва дасташ аз ҳар дастафзоре бурида гардид ва шодобии чашмписанду ширинии дилпазири ӯ вайро басанда нагашт.

ПОДШОҲИИ НАРСӢ ПУРИ БАҲРОМ ПИСАРИ БАҲРОМ

Нарсӣ писари Баҳроми дуюм ва бародари Баҳроми сеюм аст. Чун ба подшоҳӣ расид, бузургону сарон бар ӯ гирд омаданд ва Худоро барои ӯ хонданд, ки зиндагияш дароз бошад ва кораш боло гирад. Нарсӣ ба онон рӯ оварда гуфт: ҳангоме зиндагонии шоҳон дароз мегардад, ки кирдорашон нек бошад ва ҳангоме номашон пойдор мемонад, ки гузоришҳои рӯзгори онон некӯ ва хуш бошад. Умедворем бо хости Худованд аз ин шоҳон бошем.

Пас, кори кишвардориро бо равише нек ва рӯйкард ба мардум оғоз кард. Мегуфт: бадтарин шоҳ он аст, ки гуфторе нек ва кирдоре бад дорад ва бадтар аз ӯ шоҳе аст, ки ошкораш мардумро шод кунад ва ниҳонаш ношод.

Нарсӣ тобистонро дар Истахр мегузаронд ва дар зимистон дар Мадоин мемонд. Як рӯз май менӯшид ва рӯзи дигар аз он парҳез мекард. Ҷомае, ки як бор пӯшида буд, дубора намепӯшид, магар он ки ҷомаи бисёр камёб ва пурбаҳо мебуд.

Нарсӣ ҳамнишинони худро бармекашид ва дар хӯрдану ошомидан худро аз онон бартар намешумурд, балки бо эшон дар хӯрду нӯш анбозӣ мекард, аз онон болотар наменишаст, чуз дар рӯзи бори ҳамагонӣ. Зани бисёр намегирифт ва танҳо ба ду озодазан аз шоҳзодагон, ба ду савгулии бисёр зебо басанда мекард.

Ба оташгоҳ намерафт ва чун дар ин бора аз ӯ пурсиданд: гуфт: бандагии Худованд маро аз бандагии оташ боздоштааст.

Чун нӯҳ сол дар боғи подшоҳӣ чамид ва меваи зиндагӣ чид, кори кишварро ба Ҳурмуз вогузошт ва он чи бояста буд, ба ӯ суфориш кард. Сипас аз сабзазори ин ҷаҳон ба ҷаҳони ҷовид шитофт.

ПОДШОҲИИ ҲУРМУЗ ПУРИ НАРСИ

Пас аз Нарсӣ писараш Ҳурмуз ба шоҳӣ расид, ӯ дар дуруштхӯӣ ва сахтгирӣ монанди Баҳроми дувум буд. Мардум аз бегузаштӣ ва ситампешагии у тарсиданд ва бими фармонравоии ӯ ба дилҳо роҳ ёфт ва тарс аз газанди рафтораш ҷонҳоро фаро гирифт, вале чун ба гоҳ баромад ва душвориҳои кори кишварро ба даст гирифт, саркашиаш ба ром будан ва сахтияш ба нармӣ гаройид ва бадхӯйияш ба некхоҳӣ дигаргун гардид ва заминро пур аз дод кард, пас мардум ӯро дӯст гирифтанд. Вежагону тӯдагон меҳрашро дар дил ҷо доданд.

Лекин рӯзҳои хуши ӯ монанди рӯзҳои ҷавонӣ ва шодии бода зудгузар буд. Рӯзе хушҳолу шодмон ба шикор рафт, чанде диранг накард, ки шикастабол баргашт, дар ҳоле ки гарди марг бар ӯ нишаста буд. Ҳанӯз рӯзро шом накард, ки фармон ёфт ва ин ҳангоме буд, ки ҳафт ё ҳашт сол, ки аз подшоҳияш мегузашт. Ҳурмуз писаре надошт, ки ҷойи ӯро бигирад ва ин бар дастурону марзбонону дигар мардумон душвор омад ва аз ошӯб пас аз марги ӯ бимнок шуданд. Дар ҳамин ҳангом яке аз меҳтарон ба онон огоҳӣ дод, ки меҳтарину арҷмандтарини занони ӯ аз Ҳурмуз бордор аст ва Хурмуз суфориш кардааст, ки ҳамон кӯдакро ба подшоҳӣ биншонанд. Бузургон кас фиристоданд ва аз ҳоли шаҳбону ва чигунагии бача ҷӯё шуданд.

Зан гуфт: ман аз тозагии ранги худам ва такон хӯрдан дар пахлӯи рост ва осонӣ ва сабукбории ӯ чунин мепиндорам, ки бача бегумон писар аст.

Ҳамагон аз ин гуфта шодмон ва умедвор шуданд, ки кӯдак, ҳамонсон ки ситорабинон дидаанд, кӯдаки хуҷастафол ва дароззиндагонӣ ва баландпоя хоҳад буд, кишваре фарох хоҳад дошт. Пас афсар бар рӯи шиками зан ниҳоданд ва ӯро намоз бурданд ва бузургаш шумориданд ва ҳамвора лаҳзашуморӣ карданд, то ин ки фарзанде чун моҳи тобон бизод, ки чашмҳоро равшан кард ва гумонҳоро рост гардонид. Пайкони шодӣ ба ҳама ҷо мужда бурданд ва саросари кишварро шодӣ фаро гирифт. Ӯро Шопур номиданд ва ӯ ҳамоне аст, ки дар саросари гетӣ ба «Шопури зулактоф» номвар гардид.

Ин асар, ки бо номҳои «Ғурару-с-сияр», «Таърихи Саолибӣ», «Шоҳномаи Саолибӣ», «Ғурару ахбори-л-мулук ва сияриҳим», «Ал-Ғурар фӣ сияри-л-мулук ва ахбориҳим», «Ғурар ахбори мулуки-л-Фурс ва сияриҳим», «Ғурару сияри-л-мулук ва ахбориҳим» низ ёд мешавад, таърихномаи умумиест аз таърихнигор ва адиби форс-тоҷик Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммад Саолибии Нишопурӣ.

Китобро соли 2024 аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун Китобхонаи миллӣ нашр карда буд.

Таҳияи Сабрина Акрамова, мутахассиси
мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”.