“Шоҳномаи Саолибӣ”. Подшоҳии Ҷомосп писари Фирўз
Ҳангоме ки Ҷомосп ба подшоҳӣ расид ва афсар бар сар ниҳод, чун аз фарри эзидӣ баҳрае надошт, пеш аз ҳар коре фармон дод, ки Қубодро ба занҷир бикашанд ва ба зиндон бияфкананд ва ўро ба Барзмеҳр писари Сухарро бисупоранд, то аз падараш ҳар гуна ки хоҳад, кинхоҳӣ кунад. Лекин Барзмеҳр хирадмандтар аз он буд, ки Қубодро бикушад ва надонад, ки саранҷоми хунрезии шоҳон аз сўи ҳар кӣ мехоҳад бошад, марг ва табоҳӣ аст.
Аз ин рў, ба ҷои тундрафторӣ бо ў ба нармӣ рафтор кард ва ба ҷои ин ки ўро дар дил душман бидорад, некӣ бо ўро бовар кард. Бо ў рафтори нек дар пеш гирифт ва дар баробари ў чокарӣ намуд ва меҳрубонӣ варзид.
Қубод аз бузургворӣ ва хўи некӣ ў дар шигифт монд. Аз ин ки падари вайро куштааст, пушаймон гашт ва аз ў пўзишҳо хост ва некрафторӣ бо ўро ба гардан гирифт. Бо ў ҳамдил шуда, дар ў ростӣ ва дурустӣ ёфт. Аз ў хост, ки некиро бар ў ба анҷом расонад ва ниҳон аз Ҷомосп ва сарони сипоҳ ўро озод кунад.
Барзмеҳр хоҳиши Қубодро пазируфт ва бо ҳам сохтанд, ки вайро озод кунад, аз гирифторӣ бираҳонад ва ўро дар рафтан ба сарзамини ҳайтолиён ҳамроҳӣ кунад, то аз шоҳи он ҷо дар баробари Ҷомосп ёрӣ биҷўяд. Пас ҳамаи он чӣ барои ин кор боиста буд, фароҳам овард. Шабона бо ў ва гурўҳе аз саворону диловарон ба роҳ афтоданд. Дар нигоҳдории Қубод ҳар гуна дурнигарӣ ва ҳушёрӣ ба кор бастанд.
Чун ба Исфароин аз рустоҳои Нишопур расиданд, бар деҳқони он фуруд омаданд. Қубод духтари деҳқонро дид ва дилбохтаи ў шуд. Аз Барзмеҳр хост, ки духтарро барояш аз падар хостгорӣ кунад ва ўро ба гуна-гуна некиву хубӣ умедвор гардонад.
“Шоҳнома”-и Саолибӣ. Подшоҳии Яздигурд писари Баҳром
“Шоҳномаи Саолибӣ”. Подшоҳии Баҳром пури Яздигурд, номбардор ба «Баҳроми Гӯр». Поён
“ШОҲНОМАИ САОЛИБӢ”. ИДОМАИ ДОСТОНИ БАҲРОМ
Деҳқон пазируфт ва духтарро ба ҳамсарии Қубод даровард ва дар хонаи худаш ойини арўсӣ баргузор кард. Дилбохтагии Қубод ба духтари деҳқон фузунӣ ёфт, то он ҷо ки гарданбанди гавҳар нишони подшоҳиро ба ў бахшид. Як ҳафта назди духтар диранг кард. Сипас, бо ў падруд кард ва вайро ба падараш супурд ва бо ёрон ба роҳ афтод, то ин ки бар подшоҳи Ҳайтолиён даромад. Осмони бузургвории шоҳи Ҳайтолиён бар ў боридан гирифт. Ўро гиромӣ дошт, баҳраи Қубод аз некиву бузургвории ў фаровон гардид.
Шоҳи Ҳайтолиён ба Қубод гуфт: шоҳаншоҳо, беҳтарин некӣ зудтарини он аст, чӣ диранг зиёнҳо дорад. Кунун ки маро паноҳ ҷустӣ ва аз ман ёрӣ хостӣ ва маро бар Хоқон баргузидӣ ва бо ин кор маро сарафроз кардӣ, ман ҳаргиз чун ў бо ту рафтор нахоҳам кард. Ў замони дарозе туро назди худ нигоҳ дошт, лекин ман ҳар чӣ зудтар туро ба сўи пирўзӣ мефиристам.
Қубод гуфт: ногузир ман низ божи шаҳрҳое, ки дар даст дорӣ, аз ту нахоҳам гирифт ва то зинда ҳастам онро бар ту раво хоҳам дошт. Туро подоши нек медиҳам ва пойгоҳи туро боло мебарам.
Пас шоҳи Ҳайтолиён бист ҳазор тан аз гузидагони худро ҳамроҳи ў кард ва то тавонист ба ў армуғон бахшид ва меҳрубониҳо кард ва вайро бо беҳтарин ҳанҷор ва некўтарин сомони ҷангӣ равона кард. Қубод ба Эрон рў ниҳод. Чун дар Исфароин бар хусури деҳқонаш фуруд омад, хусур ўро ба навзоде мужда дод, ки ҳеҷ чашме монанди ў надида буд. Қубод навзодро хост ва чашмаш ба дидори ў равшан шуд ва ўро Хусрав номид. Ин ҳамон Хусрави Анўшервон аст. Пас ба Барзмеҳр фармон дод, то аз нажоди деҳқон бипурсад. Деҳқон ўро огоҳ кард, ки аз табори Фаридун аст. Қубод аз ин гузориш бисёр шодмон шуд ва чандон ба деҳқон бахшиш кард, ки бениёз шуд. Хусрав ва модарашро бо худ ба пойтахти хеш овард.
Ин асар, ки бо номҳои «Ғурару-с-сияр», «Таърихи Саолибӣ», «Шоҳномаи Саолибӣ», «Ғурару ахбори-л-мулук ва сияриҳим», «Ал-Ғурар фӣ сияри-л-мулук ва ахбориҳим», «Ғурар ахбори мулуки-л-Фурс ва сияриҳим», «Ғурару сияри-л-мулук ва ахбориҳим» низ ёд мешавад, таърихномаи умумиест аз таърихнигор ва адиби форс-тоҷик Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммад Саолибии Нишопурӣ.
Китобро соли 2024 аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун Китобхонаи миллӣ нашр карда буд.
Таҳияи Сабрина Акрамова,
Мутахассиси мутахассиси
Маркази “Тоҷикшиносӣ”.