“Шоҳномаи Саолибӣ”. Подшоҳии Нарсӣ пури Эроншаҳршоҳ

Чун Нарсӣ ба шоҳӣ расид, ба сипоҳиёну мардон гуфт: ман бан- даи фармонбари Худоям.

Ҳамчунон ки ман аз Худо фармон мебарам, шумо низ аз ман фармон баред ва фармонбардорӣ аз манро гардан биниҳед, ман низ ба гардан мегирам, ки бо шумо ба доду некӣ рафтор кунам. Пас кори кишвардориро бар дӯш гирифт ва яксара ба кори зиндагонии ин ҷаҳону он ҷаҳони мардум пардохт ва нишонаҳои некӯ дар Ироку Форс аз худ ба ҷой гузошт.

Гӯянд: Нарсӣ духтарони чаҳор подшоҳи бузургро ба ҳамсарӣ гирифт, яке аз онон бар ӯ рашк бурд ва ӯ заҳр хӯронид ва пас аз сию чаҳор сол, ки бар подшоҳияш баромад, зиндагиро падруд гуфт.

ПОДШОҲИИ ҲУРМУЗОН ПУРИ БАЛОШ

Чун Ҳурмузон ба подшоҳӣ расид, ба гаштугузор дар ҳар сӯи кишвар пардохт ва аз бедодгарӣ даст бардошт, бо ситамдидагон ба дод рафтор кард ва ба нотавонону бечизон ба дидаи нек нигарист. Ӯ сахт дӯстдори ахтагон буд ва гурӯҳи бисёре аз ононро гирд овард ва ба кор гумошту эшонро баркашид ва мегуфт: онон бо занон зан ва бо мардон марданд ва шоистатарин чокарон барои шоҳонанд.

Ҳурмузон дар нигоҳдории парандагони шикорӣ аз Гӯдарз пайравӣ мекард. Дӯстдори бозони шикории хокистарӣ буд. Рӯзе аз бози хокистарии зебои дастомӯзе сахт хушаш омад. Онро аз бозёр (мутасаддии бози шикорӣ) гирифт ва рӯи бозу ниҳод ва бо остин навозиш ҳамекард ва шодӣ ҳаменамуд, ки ногоҳ боз парҳояшро афшонду афтоду мурд.

Хурмузон андӯҳгин шуд ва онро ба шугуни (фоли) бад гирифт. Аз ҳамроҳон пурсид, ки умри боз чанд сол аст. Гуфтанд: бист сол. Ва камтар бозе беш аз ин зиндагӣ мекунад. Сипас дар бораи умри парандагон сухан гуфтанд ва ҳама бар он буданд, ки зиндагонии каркас (каргас, парандаи ваҳшии лошохор) аз дигар парандагон дарозтар аст. Ҳурмузон пурсид, чанд сол умр мекунад? Гуфтанд: понсад то ҳафтсад сол. Гуфт: шигифто, каркас бо он ҳама зиштӣ чунин умри дарозе дорад ва боз бо ин зебоӣ чунин кӯгаҳзиндагонӣ аст.

Сипас донотарини мӯбадонро фаро хонд ва пурсид: иллати дарозии умри каркас ва кӯтоҳии рӯзгори боз чист?

Мӯбад гуфт: гумон намекардам ин роз бар шоҳ пӯшида бошад. Оё шоҳ намедонанд, ки боз бо ҳама зебой хунрез аст ва бар парандагон ситам мекунад ва зиндагонии ситамкор бисёр нест, вале каркас бегазанду озор аст ва ба ҷонварон коре надорад, аз ин рӯ умре дароз дорад.

Ҳурмузон гуфт: офарин бар ту, ки гиреҳ аз дилам гушудӣ ва маро ба дурӣ аз бедоду рӯй овардан ба дод огоҳӣ додӣ, чизе, ки мояи суди бисёр аст.

Ӯ ҳаштод сол бизист, ки чилу ҳафт соли он ба шоҳӣ гузашт.

ПОДШОҲИИ ФИРЎЗ ПУРИ ҲУРМУЗОН

Фирӯз пас аз падар ба шоҳӣ нишаст ва дар нигаҳдории кишвар кӯшид ва роҳи некию дод паймуд. Ў навчавонон бисёр зебо аз асирони руму турк баргузид ва ононро вежаи худ сохт, то ин ки ба ў огоҳӣ доданд, ки вежагону наздикон хуш надоранд, ки поддшоҳ фарзандони душманро биписандаду шумори бисёре аз ононро гирд оварад. Тӯдаи мардум дар бораи вай суханони зишту гўшадор мегӯянд ва чизҳое бар шоҳ мебанданд, ки гуфтани он  шармовар аст.

Фирӯз ононро аз кох берун кард ва гуфт: касе, ки занонро ба хидмат гирад, оромиш меёбад. Ӯ писаре ба номи Хусрав дошт, ки ба синни рушд расида буд. Ба ў огоҳӣ доданд, ки Хусрав дар кори кишвар дармеояд ва ба «бикуну макун» мепардозад. Фармон дод, ки ӯро зиндонӣ кунанд.

Гуфт: ин кайфари касе аст, ки шитоб кунад ва пеш аз расидани замон ба коре даст бизанад.

Пас аз андаке ӯро раҳо сохт ва пеш хонду гуфт: писарам, бояд шикебо мебудӣ, то навбати ман ба сар ояд ва навбати ту фаро расад, чи подшоҳии чаҳон дар гардиш аст ва ҳар шоҳеро аз он баҳрае аст, то рӯзгори падарон ба поён наёяд, гоҳи писарон намерасад.

Хусрав падарро намоз бурд ва аз карда пушаймонӣ намуд ва дигар ба ҳеч «бикуну макун» напардохт. Фирӯз пас аз сию нӯҳ сол, ки бар шоҳияш гузашт, аз ҷаҳон чашм дарпӯшид.

ПОДШОҲИИ ХУСРАВ ПУРИ ФИРӮЗ

Хусрав замоне ба подшоҳӣ нишаст, ки гирифториҳо ӯро обдида карда, рӯзгор ӯро корозмуда сохта буд. Онгоҳ ба кишвардорӣ пардохт ва некӣ пеша кард ва дар ободонӣ кӯшид. Ў дӯстдори дониш буд.

Гӯянд як бор дар рӯзи ҷашни Меҳргон нишаста буд, армуғонҳои бешуморе барояш меоварданд. Дар ин миён фиристодаи мӯбади мӯбадон бо синии заррини сарпӯшидае даромад, ки дастмоле нигорину искандаронӣ рӯйи он афканда буд. Синиро пеши Хусрав ниҳод. Хусрав фармон дод пӯшиши онро бардоштанд, ки дар синӣ ду зуғоли нимсӯхта дид.

Аз ночизии армуғон ва гаронбаҳоии ҷои он дар шигифт монда гуфт: бегумон дар ин розе нуҳуфтааст.

Фармон дод то мӯбадро биёваранд. Чизе нагузашт, ки мӯбад ҳозир шуд. Хусрав аз ӯ пурсид: ин зуғолҳо чист?

Мӯбад гуфт: шоҳо! Дар ин рӯзҳо гузорам ба бешазоре афтод, ки оташ гирифта буд ва шӯълаи оташ ҳама ҷо густарда шуда, то он ҷо ки дарахтонро низ фаро гирифта буд. Дар ин миён бозеро дидам, ки ба дунболи дурроҷе парвоз дода буданд. Дурроҷ аз боз гурехт ва аз тарс худро ба миёни оташ афканд. Боз низ барои шикори дурроҷ аз пайи ў худро ба оташ зад ва ҳар ду бо ҳам сӯхтанд ва афтоданд ва ба сурати ин ду тикка зуғол даромаданд. Ман аз рӯйи панд онҳоро баргирифтам ва бо худ гуфтам: насазад, ки одамӣ чандон аз душман битарсад ва ба чизе паноҳ барад, ки марги ӯ дар он бошад. Ҳамон сон ки дурроҷ аз тарси бисёр худро ба оташ афканд, низ набояд он андоза ба хостаи ҷаҳон озманд (ҳарис) бошад, ба гоми худ хештанро ба куштан диҳад, он гуна ки боз аз бас озмандӣ худро дар коми нобудӣ афканд.

Хусрав пури Фирӯз гуфт: ин армуғон чӣ пандомӯз буд ва чӣ нек ба ҷо афтод! Имрӯз ҳеҷ армуғоне монанди он пеши ман наёваранд.

Он рӯзро бо мӯбад ба сар бурд. Рӯзгори подшоҳии Хусрав чиҳилу ҳафт сол буд.

Ин асар, ки бо номҳои «Ғурару-с-сияр», «Таърихи Саолибӣ», «Шоҳномаи Саолибӣ», «Ғурару ахбори-л-мулук ва сияриҳим», «Ал-Ғурар фӣ сияри-л-мулук ва ахбориҳим», «Ғурар ахбори мулуки-л-Фурс ва сияриҳим», «Ғурару сияри-л-мулук ва ахбориҳим» низ ёд мешавад, таърихномаи умумиест аз таърихнигор ва адиби форс-тоҷик Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммад Саолибии Нишопурӣ.

Китобро соли 2024 аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун Китобхонаи миллӣ нашр карда буд.

Таҳияи Фархунда Қурбонова, мутахассиси
мутахассиси Маркази “Тоҷикшиноси”.