Шоҳзамон Раҳмонро аз наздик бишносем

Шоҳзамони РаҳмонШоҳзамони Раҳмон яке аз шахсиятҳои барҷастаи соҳаи адабиётшиносии муосир ба шумор меравад  ва дар рушду шукуфои ин соҳаи муҳим саҳми муносиби худро гузоштааст.

Вай зодаи ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Таҳсилро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш ба итмом расонида, соли 1967 факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ)-ро хатм кардааст ва як сол дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 3 ноҳияи Шаҳритӯс аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст.

Солҳои 1971-1973 муҳаққиқ –коромӯзи Пажўҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Аз соли 2006 инҷониб ба вазифаи сарходими илмии Иститути забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ фаъолият менамоянд.

Соли 1987 дар мавзӯи «Мусаммат, таҳаввул ва ташаккули он» рисолаи номзадӣ ва соли 1997 дар мавзӯи «Таҳаввули воҳидҳо ва созмони жанрҳои лирикӣ дар назми форсии тоҷикӣ» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Бо чунин номҳо ду рисолааш дар Торонто (Канада) ва Гургон (Эрон) чоп шуда, аз ҷониби хориҷиён баҳои баланд гирифтаанд.

Шоҳзамони Раҳмон рисолаву монографияҳои зиёде омода ва манзури ҳаводорони адабиёт гардонидааст, ки чанде аз онҳо таҳти унвони «Байт ва муносибати он дар шеър» (1980), «Мусаммат, таҳаввул ва ташаккули он» (1987), «Таҳаввули воҳидҳои лирикӣ» (988), «Шеър ва Айнӣ. Дигаргуниҳои сифатию созмонӣ дар лирикаи муосир тоҷик» (1994), «Сухане чанд аз лирикаи форсии тоҷикӣ» (1999), «Таҳқиқ ва нақд» (2005), «Се кори муҳим ва бахайри устод Садриддин Айнӣ» (2007), «Маърифати забон» (2008), «Ақидаҳои адабию бадеӣ ва назари эстетикии устод С.Айнӣ» (2008), «Таҳаввули воҳидҳо ва созмони жанрҳои лирикӣ дар назми форсии тоҷикӣ» (2010), «Қубодиён: Сарзамини Тӯс ва Рашкиқамар» (2001), «Ҳамаи хубиҳои инсон аз китоб аст»  (2013), «Хоҷа Машҳад. Мадрасаву  мақбара  ва  маъбадҳо» (2014), «Шоири тозанафаси адабиёти тоҷик» (2015), «Таҳқиқ, танқид ва тарҷума» (2016) «Таҳаввули воҳидҳо ва созмони жанри ғиноӣ дар шеъри форсии тоҷикӣ» (Гургон, 2018),  «Анъана ва ҷашну маросимҳои ориёӣ»  (2019) дар матбуоти тоҷик интишор ва дастраси умум гардидаанд. Ӯ дар рисолаву таҳқиқотҳои илмии хеш таърихи шеъри лирикиро дар воҳиду жанрҳо ташхис намуда, аз гузаштаи дур то ҷараёни имрӯз ҷамъбаст менамояд.

Беш аз 25 китоб ва зиёда аз 350 мақолаву маърӯзаҳои илмии вай барои ҳаводорони илму адаби тоҷик ва насли навраси имрӯзаи мо тӯҳфаи хубе мебошанд. Қисми зиёди асарҳои илмии ӯ ба масъалаҳои назарияи шеъри классикиву муосир оид ба жанрҳои назми форсизабон, мамолики Шарқ, ҷараёни адабии наср назми ҳозиразамон, очерки эҷодиёти адибон тақризу мақолаҳои проблемӣ бахшида шудаанд.

Шоҳзамони Раҳмон солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи давлатии забонҳо ба номи С. Улуғзода ва Донишгоҳи давлатии техникии ба номи М.Осимӣ дар вазифаҳои дотсент, профессор, мудири кафедраҳои  адабиёти тоҷик, филологияи тоҷик, сармуҳаррири рӯзномаи «Ганҷинаи сухан» (1997-1999), мудири шуъбаи забон, иттилоот ва матбуоти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999-2003) хидмат кардааст. Дар масъалаҳои омӯзиши забони давлатӣ, барномаҳои рушди забонҳои ватанию хориҷӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонию олӣ ва касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузоштааст. Рушди мактабу маориф ва забонҳо дар замони соҳибистиқлолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон    асоси  кори вайро ташкил менамуданд.

Шоҳзамони Раҳмон  мураттиби маҷмӯаи мақолаҳо ва китобҳои  «Ҷӯстӯҳои эҷодӣ дар адабиёти ҳозираи тоҷик» (1988) «Ҷашнномаи Айнӣ» (ҷилдҳои 6,7 (1991), 8), «Куллиёти Аблқосими Лоҳутӣ» (ҷилдҳои 6, 7, 2018-2019), «Раҳим Ҳошим» (1988), «Барномаи забони давлатӣ барои мактабҳои олии ғайрифилологӣ» (2001), «Феҳристи осор»и Носири Хусрави Қубодиёнӣ (2004) буда, дар конфренсия ва симпозимҳои ватанию байналмилалӣ фаъол иштирок менамояд. Дар назарияи шеър ва сохтору инкишофи жанрҳо кашфиёти дақиқ анҷом додааст. Ба 130-солагии С.Айнӣ, 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ рисолаҳои ҷудогона таълиф карда, яке аз мураттибону маллифони асосии «Донишномаи Рӯдакӣ» мебошад. Вай ба 20 китоб муҳаррири масъул ва ҳамин миқдор оппоненти расмии рисолаҳои докториву номзадии адабиёти тоҷикӣ ва форсизабонон мебошад.

Ӯ узви Комиссияи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мовини раиси Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби масъули Комиссияи анъана ва ҷашну маросимҳои миллию таълимӣ, узви Шӯрои илмӣ, узви Шӯрои дифои докторӣ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Шӯрои нақди адабии Иттиҳодияи нависандагони  Тоҷикистон мебошад.

Меҳнати бисёрсолаю пурсамари ӯ бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ордени «Дӯстӣ» (2001) қадр шудааст. Ӯ дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (2010) мебошад. Шоҳзамони Раҳмон узви Иттиҳодияи журналистон ва аз соли 1995 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Имрӯз мо дӯстдорони илму адаби тоҷик бояд бо чунин олим – муҳаққиқ ва адабиётшиноси варзидаи кишвар – Шоҳзамони Раҳмон, ки барои равнақи илм ҷонбозиҳо менамояд, бифахрему қадраш кунед, то насли тоҷики обутобёфтаи ватанпарасту созанда ва бунёдгари замон гардем.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Шоҳзамон Раҳмон ва дар бораи ӯ ин матолиб қобили дарёфт ва мутолаа мебошад:

Таҳаввули воҳидҳои лирикӣ / Муҳаррир Ю. Аҳмадов; Муҳаррири масъул академик М. Шукуров. – Душанбе: Адиб, 1988. – 144 с.

Сухане чанд аз лирикаи форсии тоҷикӣ / Муҳаррири масъул академик М. Шакурӣ. – Душанбе: Шарқи озод 1999. – 136 с.

Се кори муҳим ва бахайри устод С. Айнӣ / Муҳаррир Ш. Шуҷоъ. – Душанбе, 2007. – 65 с.

Маърифати забон / Муҳаррири масъул С. Маҳкамов. – Душанбе: СОНДТ, 2008. – 208 с.

Хоҷа Машҳад: Мадрасаву мақбара ва маъбадҳо. – Душанбе: Ирфон, 2014. – 60 с.

Шоири тозанафаси адабиёти тоҷик / Муҳаррири масъул Ч. Иброҳимов. – Душанбе: Ирфон, 2015. – 104 с.

Шаҳритус ҳавзаи таърихӣ, илмию адабӣ ва фарҳангӣ / Нашри мукаммал. – Душанбе: Бухоро, 2016. – 432 с.

Дар матбуоти даврӣ

Пешвои миллат: “Забони тоҷикӣ” аз шевотарин забонҳои олам мебошад. Ташаккули забони тоҷикӣ // Садои мардум. – 2023. – 9 октябр.

Хоҷа Машҳад.         Маълумот дар бораи беҳтарин ва машҳуртарин ёдгории Вароруду Хуросон, мадрасаи асрҳои 1Х-Х // Мероси ниёгон. –  2023. – №25. – С. 115-119.

Шоири мубориз ва донишманди шеъри миллӣ: Ба муносибати кушода шудани осорхонаи Муҳаммадҷон Раҳимӣ // Самак. – 2023. – 4 май.

Шевашиносии забони модарӣ чӣ гуна сурат гирифтааст? //  Самак. – 2023. – 6 апрел.

Зарофатҳои сухани Зариф Ғулом:        Нақди адабӣ // Самак. – 2023. – 12 январ.

Қубодиён ва шаҳрҳои он // Мероси ниёгон. – 2024. – №26. – С. 57-60.

Тараннумгари воқеяти зиндагӣ: Дар бораи нависандаи хуби моҷаронивис Зариф Ғулом // Адабиёт ва санъат. –  2024. – 28 ноябр.

Эҳёгари насри моҷаро. Дар бораи эҷодиёти нависанда Зариф Ғулом Садои мардум. – 2024. – 2 декабр.

Шоири шеърҳои дилпазир ва инсони камназир: Дар атрофи эҷодиёти шоири хушсалиқа Нозирҷон Баҳорӣ // Адабиёт ва санъат. – 2024. – 12 декабр.

Вопасин мулоҳизаҳои устод Шакурӣ дар бораи қонуни забон // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2024. – 3 октябр.

Дар пайи ҷустуҷӯйи осори Рӯдакӣ // Паёми Китобхонаи миллӣ.  – 2025. – №1(9). – С. 26-34.

Нақши Турсунзода дар олами синамои миллӣ Мирзо Турсунзода  // Самак. – 2025. – 8 июл.

Устод Шакурӣ ва татбиқи қонуни забони миллӣ Дар бораи забони тоҷикӣ // Маорифи Тоҷикистон. – 2025. – №1. – С. 49-53.

Профессор Шоҳзамон Абдуқодирович Раҳмонов: Маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ.  –  Душанбе: Меҳроҷ  граф,  2022.  – С. 5-8.

Ҷӯрабой Раҷабов