Шоир дар бораи шоир. Абдурауф Муродӣ: “Ҳамнавои борон”

Китоби нави ашъори Субҳия бо номи «Бигў, борон…» бо сарсухани хеле хубу самимии Абдурауф Муродӣ рӯи чоп омад ва ҳоло барои хонандагони Китобхонаи миллӣ ҳам дастрас шудааст. Абдурауф Муродӣ аз шеъри Субҳия (Сапедаи Муҳаммад) чӣ мегӯяд? Посухи суол ин ҷост:

ҲАМНАВОИ БОРОН

Чӣ қадар сафобахшу гуворо, дилнавозу ҷонпарвар аст садою навои борон! Рез – рези борон манзарест марғубу нишотафзо ва гоҳе андешабарангез. Зери борон кас худро дар олами афсона дармеёбад, навозише нарму гарм эҳсос мекунад ва ангезаи эҷод фарогираш мешавад. Ин ҳолатро шоирон «афсонаи борон» тавсиф кардаанд ва бо сурури дил нидо дардодаанд: «Рез, борон! Рез борон!». Ва дар тавзеҳи «афсонаи борон» шеърҳое муассиру дилпазир гуфтаанд. Аммо афсонаи борон бардавому поённопазир аст, зеро зебоӣ ҳудуд надорад… Аз нам – нами борон, аз навои резиши он, ки чашмаи илҳомро ба ҷӯш меоварад, чӣ қадар маъниҳо бардоштаву чӣ қадар шеърҳои хушлаҳну пурмазмуну руҳнавоз гуфтаанд! Вожаи «борон» ҳамбаста бо ибораю таркиботи гуногун ҳатто дар номи китобҳои зиёде (ғолибан марбут ба назм) омадааст. Ин ҳолат бори дигар аз мақоми вожаи борон дар ҷаҳони маънавии шоирон таъкид мекунад.

Таҳрикбахши илҳом ва барангезандаи хаёлоту ормонҳо будани боронро дар ашъори Субҳия, ки бо тахаллуси Сапедаи Муҳаммад ҳам чеҳраи ошност, низ метавон равшан ба мушоҳида гирифт. Ў мазмунҳои зиёдеро ҷамбаста ба борон медонад:

Дар чашми фалак фасонаи борон аст,

Гулбазми гул аз таронаи борон аст.

***

Афсонаи ҳаҷр дар дили борон аст,

Дар ашки само ҳазору як армон аст.

Гумон мекунӣ, ки қисмате аз ашъори шоир бевосита дар зери борон эҷод шуда, чун рубоии зер:

Сомонаи шеъри обшорон зебост,

Афсонаи остини борон зебост.

Рафтан ба диёри ишқу ҳангома шудан

Дар хонаи чашми дўстдорон зебост.

 

Муҳаббату дилбастагии шоир ба борон то ҷоест, ки ин неъмати табиатро ташхис медиҳад, суҳбате отифию ормонӣ меорояд, рози дил мегўяд, ҳасрат мекунад. Дўсти дилписанд ва маҳрами рози шоир аст борон:

Бигў, борон, куҷо шуд модари ман?

Куҷо шуд он фаришта – гавҳари ман?

***

Ту, эй борон,

Хабар овардаӣ аз даргаҳи зебои тифлиям?

***

Бигў, борон,

Маро дар он диёри орзуҳо интизоре ҳаст?

Ёре ҳаст?

Ки дасташ гираму берун шавам аз ғусса

хўрданҳо…

Аз варақзанию чашмгардонии нигоштаҳои Субҳия мазмуне метавон бардошт, ки аксар ашъори ў ангезае аз борон доранд, ҳамнавои борон гуфта шудаанд, барои борон шоир ҳамдами ҳамешагист ва аз ин ҷост, ки китоби навашро бо иштиёқу муҳаббат, самимона «БИГЎ, БОРОН…» унвон гузоштааст.

Чанд сол қабл аз ин Субҳия китоби ғазалҳояшро бо номи «Шамими ёсҳои бунафш» рўи дасти хонандагон гузошта буд. Он аз ҷониби ҳаводорони каломи бадеъ хуб пазироӣ гардидаву баҳои муносиб дарёфт. Дар расми рўнамоии китоби мазкур, ки дар Иттифоқи нависандагон устод Гулрухсор гардонандаи он маҳфил буданд, аксари шоирону суханшиносон бар он назар буданд, ки Субҳия дар гуфтани ғазал ба комёбӣ даст ёфтааст ва сухани тозаву хосаи худро гуфта тавонистааст. Китоби нави ин шоири навҷўю санҷидагў («Бигў, борон…») асосан рубоию дубайтӣ ва чаҳорпораҳоро фаро мегирад ва хушо, ки дар ин жанрҳо низ Субҳияро пирўзӣ ёр гашта. Вобаста ба нигоштаҳои пешинаш аҳли назар «Субҳия ҳамеша аз дўстдорию меҳрубонӣ сухан мегўяд ва мекўшад, ки дар сурудани шеър аз зиёдгўӣ парҳез намояд. Вай дар шеър тавсирҳои зеборо зиёд ба кор мебарад» (Мубашири Акбарзод), «Субҳия талоши бештар дар сухани тоза гуфтан дорад. Тасвирҳое мехоҳад рақам бизанад, ки барои хонандаи шеъраш тозаву шоирона бошанд… Шеърро занона месарояд ва андешаҳои отифии як занро дар он ба ҷилва меорад» (Муҳриддин Сабурӣ) ва «Субҳия аз «билоди меҳрубониҳо салом» меорад, «зиндагониро шабеҳи лаҳзае ширину талх» дар фосилаи бомдоду шом мешиносад. Ў аз сарзамини ишқ меояд ва пайғоми эҳсоси буданро замзама мекунад» (Ворис) гуфтаанд ва ин ҳама гуфтаҳои барҳақро нисбат ба ашъори китоби наваш низ метавон ба забон овард.

Сухани шоир ҳамоно гарму нарму дилчасп аст, ҳамбастагии қавӣ бо ишқу армон, меҳру муҳаббат, рафоқату садоқат дорад. Мекўшад суфтаю зебо бинависад ва сурудҳояш аз тоазгўӣ, ибораю ифодаҳои маънирез ва мантиқи устувор бархурдор бошанд. Дар тасвиркорӣ низ мумтоз аст, тавирҳояш зебою дилпазиранд ва хонандаро водор мекунад, ки нисбат ба табиату ҳаводиси афтроф, нисбат ба рангрезиҳои зиндагӣ нигоҳи амиқу моҳиятҷў дошта бошад. Дар рубоию дубайтиҳои шоир ишқ ҳузуре ҳамешагӣ дорад, ки шерозаи андешаҳои ўст. Аз ин лиҳоз дубайтии зер шоистаи таваҷҷуҳ аст:

Дили дарёпарастат ғам набинад,

Ду чашми шўху мастат нам набинад.

Ҳама ҳарфам сифоти ишқ дорад,

Бигў, қалбат ба чашми кам набинад.

Як даста ашъори шоир, ки бо таҳрику ангезаи пазмонӣ гуфта шудаанд, низ иртибот бо ишқ доранд. Шоир ҳамеша пазмони зодгоҳ пайвандон, пазмони манзараҳои марғуби кўҳистон аст, дилаш саршор аз армонҳост, дар банди ёдҳои пурармон метапад ва ин ҳама ҳолот даромехта бо ишқу муҳаббатанд. Байтҳои зер, ки бисёр самимӣ гуфта шудаанд, ин гуфтаҳоро тақвият мебахшанд:

Аз чашмаи деҳаам наво меёбам,

Аз чаҳ – чаҳи мурғакон даво меёбам.

***

Ман аз дили санги кўҳсор омадаам,

Аз дафтари сабзи навбаҳор омадаам.

***

Дар деҳа маро хотира айвони падар монд,

Меҳри падару дафтари армони падар монд.

Қисмате аз китоби «Бигў, борон…» чаҳорпораҳо ва ашъореро дар ҳавои арўзи озод фаро гирифтааст, ки аз лиҳози мазмуну муҳтаво ҳамоҳанг бо рубоиёту дубайтиҳои шоиранд ва аз маҳорати хосаи шоир дар паҳнаи эҷод вобаста ба жанрҳои дигари шеърӣ дарак медиҳанд.

Субҳия дар мавриде шеърро мухотаби хеш қарор дода, гуфааст:

Эй шеър, ки бо хоҳиши дил мегўям,

Пайванди маниву ашки поки қаламӣ.

Воқеан, бо хоҳиши дил, на аз рўи ҳавою ҳавас шеър мегўяд. Аз ин рў, шеъраш назокату тароват, рангу бўи дилпазир дорад, ошёни меҳр, мазҳари ишқ ва ҳамнавои борон аст. Шеъри равону самимӣ ва маънирезу ҳунарварона муҳаббату таваҷҷуҳи хонандаро ба каломи бадеъ меафзояду тақвият мебахшад.

Абдурауф Муродӣ

Хонандагон китоби Субҳия «Бигў, борон…» – ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Анўшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд