Шоир ва мутарҷим Иброҳимҷон Дӯстализода меҳмони маҳфили «Ганҷи сухан»

Дар доираи баргузории маҳфили навбатии «Ганҷи сухан» дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шоир, мутарҷим ва роҳсоз Иброҳимҷон Дӯстализода бо хонандагони шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд мулоқот намуда, доир ба фаъолияти эҷодӣ ва таҷрибаи тарҷумонӣ суҳбат орост.

Маҳфилро муовини директори Китобхонаи миллӣ Муҳаммадиқбол Атозода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Иброҳимҷон Дӯстализода аз ҷумлаи адибонест, ки дар баробари фаъолият дар соҳаи роҳсозӣ, ба эҷоди шеър ва тарҷумаи осори бадеӣ низ машғул буда, дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Зикр шуд, ки ӯ донандаи ҳафт забони хориҷӣ буда, аз аввалин мутарҷимонест, ки ашъори шоирони муосири Чинро мустақиман аз забони асл ба тоҷикӣ ва аз тоҷикӣ ба чинӣ тарҷума мекунад.

Дар идомаи маҳфил меҳмон аз осори худ ва тарҷумаҳои анҷомдодааш порчаҳо қироат намуда, доир ба роҳи эҷодӣ, таҷрибаи тарҷумонӣ ва марҳилаҳои ташаккули фаъолияти адабии худ маълумот дод.

Зимни суҳбат Иброҳимҷон Дӯстализода иброз дошт, ки соли 2009 ба факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, аз соли дуюми таҳсил таҳсилро ба тариқи ғоибона идома додааст. Ба гуфтаи ӯ, маҳз дар ҳамин давра забони чиниро мустақилона омӯхта, баъдан фаъолияти кории худро дар ширкати байналмилалии роҳу пулсозии «Синдзиян Бейсин»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз намудааст ва то ба вазифаи сардори озмоишгоҳ  расидааст.

Номбурда афзуд, ки меҳри адабиёт ӯро ба тарҷумаи шеър ҷалб намуд ва бори нахуст ашъори шоирони муосири Чинро мустақиман аз забони асл ба тоҷикӣ тарҷума кард. Ин тарҷумаҳо бо роҳнамоии устод Рустам Ваҳҳобзода дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба нашр расида, барои идомаи фаъолияти тарҷумонӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Ба гуфтаи шоир, пазируфта шудани тарҷумаҳо аз ҷониби аҳли адаб ва тавсияҳои устодон боис гардид, ки фаъолияти худро дар ин самт густариш диҳад. Дар натиҷа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуаҳои тарҷумаи ашъори чинӣ таҳти унвони «Абрешими дӯстӣ» ва «Сию панҷ барги дарахти дӯстӣ» ба табъ расиданд.

Дар ҷараёни маҳфил хонандагон доир ба фаъолияти эҷодӣ, роҳҳои азхудкунии забонҳои хориҷӣ, вижагиҳои тарҷума ва таҷрибаи шахсии меҳмон суолҳо пешниҳод намуда, посухҳо дарёфт карданд.

Ҳамзамон, хонандагони шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд бо иҷрои сурудҳои ватандӯстона ва фарҳангӣ ба маҳфил ҳусни тоза бахшида, фазои гарму самимӣ фароҳам оварданд.

Дар фарҷоми маҳфил Иброҳимҷон Дӯстализода аз тарҷумаҳои худ намунаҳо қироат намуда, зимни шарҳи онҳо таъкид кард, ки дар адабиёти Чин тасвири табиат, зебоиҳои он ва ифодаи маъниҳои амиқ дар матни кӯтоҳ ҷойгоҳи махсус дорад.

Маҳфили «Ганҷи сухан» дар фазои дӯстона ва созандаи фарҳангӣ баргузор гардида, барои иштирокчиён имкони ошноии бештар бо фаъолияти эҷодӣ ва тарҷумонии яке аз чеҳраҳои фаъолу муваффақи адабиёти муосири тоҷикро фароҳам овард.

Иброҳимҷон Дӯстализода дар қисмати ҷамъбастии маҳфил чанд нусха китоби тарҷумаҳои худ «Сию панҷ барги дарахти дӯстӣ»-ро ба Китобхонаи миллӣ туҳфа кард.

Бо иқдоми хайрхоҳона дар фарҷоми маҳфил ба хонандагони махсуси Китобхонаи миллӣ зиёфати ширинӣ ороста шуд.

Наргис НАЗАРЗОДА,

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа