Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар
Адиби маъруф, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлат Сафар ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон шарафёб шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзе қабл ин унвони олиро дар вазъи тантанавӣ ба шоир тақдим карданд.
ДАВЛАТ САФАР 8 марти соли 1971 дар шаҳраки Фархор ба ҷаҳон омадааст. Соли 1982 мактаби миёнаи №7 зодгоҳаш, соли 1993 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо ба поён расондааст. Фаъолияти меҳнатиро дар Кумитаи давлатии радиову телевизиони ҷумҳурӣ оғоз бахшида, дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.
Солҳои 2012-2014 директори генералии КВД «Тоҷиккино», аз соли 2014 сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ буд. Солҳои 2019—2021 директори нашриёти «Адиб» ва аз 5 июли соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири фарҳанги ҶТ таъин гардид.
Аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Асосан дар соҳаи очерку публитсистика ва шеъру тарҷума тавфиқ дорад. Ашъораш дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои «Пайғоми ишқ» (1998), «Шеъри гаҳвора» (2010), «Шаҳбол» (2010), «Авҷи парвоз» (2011), «Дурахши истиқлол» (2011), «Девони ашъор» (Кобул, 2013), «Исёни ғурур» (2013) фароҳам омадаанд.
Барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2002) ва Ҷоизаи ба номи МирзоТурсунзода (2013).