Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова ба синни 86-солагӣ аз олам гузашт

Хабари марги Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова субҳи имрӯз фазои маҷозии Фейсбукро такон дод. Шори маҳбуб дар синни 86-солагӣ тарки олам кард.

ҲАДИСА  (Ҳадиса Қурбонова) 17 феврали соли 1940 дар деҳаи Шӯркаҳаки ноҳияи Сарихосори вилояти Хатлон мутаввалид шудааст. Дар хонаҳои ятимони Сарихосор, Балҷувон, Хуҷанд, Душанбе ва Шаҳринав тарбият ва камол ёфтааст.

Хатмкардаи мактаб-интернати занонаи №10 шаҳри Душанбе, факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1963) ва Донишкадаи полиграфии Маскав (ғоибона, 1965) мебошад. Ихтисосаш рӯзноманигор буда, солиёне дар муассисаҳои нашаротии «Ирфон»-у «Адиб», рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», Кумитаи давлатии назди Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба табъу нашр, полиграфия ва савдои китоб фаъолият доштааст.

Аз овони мактабхонӣ ба шеъргӯйӣ пардохта, муаллифи китобҳои шеърии «Паймон» (1972), «Шукрона» (1980), «Нури Октябр» (1981), «Сомон» (1984), «Даргоҳи Офтоб» (1986), «Дунёи ҷавонӣ» (1987), «Эҳсон» (2000), «Лоиқ намеояд дигар» (2001), «Мадина» (2003), «Чакомаи Душанбе» (2003), «Сояи миҷгон» (2006), «Ҳилолӣ» (2008), «Хатлон» (2008), «Меҳвари ишқ» (2008), «Соҳати дил» (2010), «Тӯфон» (2010), «Хаймаи Хайём” (2012), «Саддом Ҳусейн» (2014), «Шоҳин» (2014), «Сарир», (2014), «Девон» (дар ду ҷилд, 2014), «Шоҳин» (2015) ва ғайра мебошад.

Силсилаи очеркҳояш дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои «Аз пайроҳа то шоҳроҳ» (1976), «Боғҳои шаҳдрез» (1983), «Теғи одамкуш» (Маскав, 2008), «Мазҳари Хуршед» (дар ду ҷилд, 2013) ба табъ расидаанд.

Дар соҳаи драматургия низ қувва озмуда, соли 1973 намоишномаи «Мӯниса»-ро навиштааст, ки аз ҳаёти кӯдакони ятимхонаи Балҷувон ҳикоят мекунад ва дар Театри драмавии вилояти Хатлон ба саҳна гузошта шудааст. Намоишномаи «Машъали ҷовид» аз корномаи Талбак Лолаев, ки баҳри ҳифзи ғаллазор ҷон нисор карда буд, ҳикоя мекунад. Драмаҳои «Дуроҳа» (дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ), «Зиндагӣ» ва «Савти нотамом» маҳсули қалами ӯстанд.

Ҳамчунин, ба тарҷумаи бадеӣ сарукор дошта, навиштаҷоти А. Белевич «Дарду ғами Хатин», китоби шеърҳои С. Мавлонов «Арчаи сурх», шеърҳои алоҳидаи Махдумқулӣ, С. Капутикян, шоираҳои ӯзбек Зулфия ва Гулчеҳра, ҳикояҳо дар бораи Сухэ-Батор ва шеърҳои алоҳидаи шоирони ҷумҳуриҳои собиқи шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст.

Шеърҳои алоҳидаи ӯ ба забонҳои русӣ, белорусӣ, инчунин дар Афғонистон, Эрон, Чехославакия, Арабистон ва ғ. тарҷума ва чоп шудаанд.

Соли 1994 сазовори унвони фахрии «Корманди шоистаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардидааст. Соли 2003 барои китоби «Лоиқ намеояд дигар» ба дарёфти Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода мушарраф шудааст.

Дорандаи нишони фахрии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва Нишони «Сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Шоири халқии Тоҷикистон.

Аз соли 1969 узви Иттифоқи рӯзноманигорон, аз соли 1978 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Манбаъ: Сомонаи Ит.нависандагон

ИН ШЕЪРҲО АЗ ӮСТ:

ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон, бо ҳама куҳдоманӣ
Боз мебинам, ки бопаҳно туӣ.
Мазраҳоят мазраи иқболи ман,
Ин чӣ иқболе, ки побарҷо туӣ.

Чеҳраи ту қурси хуршеди фалак,
Зарфишон аз рӯи ту ҳар барзанат.
Рӯдҳои ту ғазалхонӣ кунанд,
Ҷо шуда хулди барин дар доманат
.

Ту сари сабзи ман астӣ дар ҷаҳон,
Сабзтар бошад сари болои ту.
Зери гардун ту бимонӣ бегазанд,
Нангу номус аст сар то пои ту.

Саҷдагоҳам домани паҳноварат,
Ман ба номи ту ҳамеорам суҷуд.
Дар замин бе синаи гарми ту ман
Як нафас, як лаҳза кай дорам вуҷуд?

Тоҷикистон, эй сафобахши ҷаҳон,
Тоҷикистон, чашмаи ҷонам туӣ.
Шукр мегӯям, ки дар рӯи замин
Тоҷикам ман, Тоҷикистонам туӣ!

ГУЛИ ГАНДУМ

Гули гандум, гули гандум,
Гули раънои хуршедӣ.
Ба мисли қатраи шабнам,
Ба мисли бахту уммедӣ.

Гули гандум, гули хуршед,
Гули гандум, сафои дил.
Зи ту бошад вуҷуди мо,
Зи ту бошад бақои дил.

Гули гандум, гули гандум,
Туӣ лабхандаи парвин.
Ту мисли ашки хуршедӣ,
Туӣ гулчин, туӣ гулчин.

Миёни хандаҳои гул
Туӣ танҳо, туӣ танҳо.
Ту охир дидаи бозӣ,
Ту ҷонӣ, ҷони одамҳо.

Гули раънои хуршедӣ,
Гули гандум, гули гандум.
Ба мисли бахт испедӣ,
Банурӣ чун рухи мардум…

ТУ БОШӢ

Ту бошиву канори обшорон,
Гулу себаргаву савти ҳазорон.
Наи чӯпон зи ишқи мо сарояд,
Ба монанди шаби келинбиёрон.

Сарамро монда бар китфи баландат,
Намоям гӯш гуфтори чу қандат,
Дари дилро кушоӣ, роз гӯӣ,
Хуш ояд орзуи дилписандат.

Зи нилуфар самои пурситора,
Шавад тобанда чатри пуршарора.
Ба сар мисли арӯсон тоҷ бандам
Зи гулҳои тару аз моҳпора.

Вале ту рафтаӣ, ёди ту мондаст,
Ба дил акси рухи шоди ту мондаст.
Набуд дар ту вафое, аз чӣ ҳоло
Ба чашмам қадди шамшоди ту мондаст?

ЁДАТ МЕКУНАМ

Ҳар гаҳ ки ёдат мекунам,
Дил мекунад фарёдҳо.
Ҳар гаҳ садоят мекунам,
Бо нола ояд бодҳо.

Ҳар гаҳ ба пеши дидаам,
Акси ту пайдо мешавад.
Дурдонаҳои ашки ман
Ҷӯбори пӯё мешавад.

Ҳар гаҳ даруни дидаам
Рӯи ту гардон мешавад.
Аз чашми гардун то саҳар
Исторарезон мешавад.

Эй қисмати дасти қазо,
Эй рӯзгори сахти ман,
Ку он ҷавонии баноз,
Ку шаҳпари гулбахти ман?

Ҳар гаҳ садоят медиҳам,
Гӯӣ: «Манам», гӯӣ: «Манам,
Лек аз ту дур афтодаам,
Дар мадфанам, дар мадфанам!»

Рафтиву умре ёди ту
Ҷони маро гирён кунад.
Дар пуштаҳои бесадо
Чун бодҳо сарсон кунад.

ТО ТУ ҲАСТӢ

То ту ҳастӣ, як ҷаҳонам,
Шӯху хандону ҷавонам.
Зери чархи ҷовидона
Бебақо не, ҷовидонам.

То ту ҳастӣ, дар хурӯшам,
Рафта то гардун сурӯшам.
Аз хазоне нест бокам,
Чун баҳорон сабзпӯшам.

Аз дили ту дилнишинам,
Аз нигоҳат нозанинам.
Зуҳраи афлокие ман
Дар самои ин заминам.

То ту ҳастӣ, пуртавонам,
Бо ҳама пирӣ ҷавонам.
Бо ту сӯи орзуҳо
Ҳамравони ман, равонам.

Баъди ту ман синачокам,
Зиндаам, гарчи ҳалокам.
Баъди ту дар чанги бодам,
Мушти хоки дарднокам.

МАЪВОЯШОН ФИРДАВСИ БАРИН БОД!