Шуарои Эрон. Амирии Фирўзкўҳӣ

КнигаСайид Абдулкарими Фирўзкўҳӣ аз шохистарин шоирони классики муосир аст, ки дар соли 1909 дар  Фирўзкўҳ аз тавобеи шаҳристони Дамованди сари роҳи Теҳрон ба дунё омад ва аз ҳафтсолагӣ дар Теҳрон ба таҳсил пардохт. Вай айёми навҷавонӣ то 21 – солагӣ бо шуаро ва фузало ва мусиқидонон ҳамнишин буд, аммо аз он пас ба таҳсили улуму адаби қадим тамоил ёфт ва забони арабӣ, адабиёт, калом, мантиқ, ҳикмат, фиқҳ ва усулро дар маҳфили бархе фузало ва фалсафаи аср фаро гирифт.

Аз панҷоҳсолагӣ фаъолона ба сурудани шеър пардохт ва бо ағлаб анҷуманҳои адабӣ ва шоирони классики ҳамасри худ  унсу улфат ёфт. Девони Амирии Фирўзкўҳӣ шомили ғазалиёт, касоид, қитъаот, маснавиёт ва таркиббандҳо ва ғайра ашъори пароканда аст.

Устод Амирӣ аз эҳёгарони сабки ҳиндӣ ва аз пайравони шеваи Соиби Табрезӣ аст. Дар ғазалиёти ў сўзу гудоз ва дарди ҳаҷр бисёр аст. Ғолибан борикхаёлии сабки ҳиндӣ ва баёни нармбофти сабки ироқӣ ошкор аст.

Мазмуни ағлаб  ғазалиёти вай шикоят аз рўзгору ранҷи пирӣ ва нокомиҳои фардӣ ё ҷамъӣ аст, ки гоҳ рангу бўи олимона ва фозилона меёбанд. Вай дар сурудани қасоид пайрави Хоқонӣ ва Анварӣ ва дигар сарояндагони сабки хуросонӣ аст.

Дар соли 1984 даргузашт.

Куштаи  эҳсос

Маписанд, ки дур аз ту барои ту бимирам,

Сайди ту шудам ман, ки ба пои ту бимирам.

Ҳар узв зи аъзои ту ғоратгари дилҳост,

Эй офати ҷон, баҳри куҷои ту бимирам.

Гар умри абад хоҳам аз он аст, ки хоҳам,

Он қадр намирам, ки ба ҷои ту бимирам.

Бо ман ҳама лутфи ту ҳам аз рўи итоб аст,

То ҳам зи ҷафо, ҳам зи вафои ту бимирам.

Охир дили ҳасос туро кушт, Амирӣ,

Эй куштаи эҳсос, барои ту бимирам.

Ҳасрати дирўз

Ҳарчанд, ки як рўзи хуш аз умр надидем,

Ҳар рўзи дигар ҳасрати дирўз кашидем.

Танҳо на зи сустӣ ҳунар сар  назанад аз мо,

Дар беҳунарӣ низ ба ҷое нарасидем.

Озодии мо доми гирифтории мо буд,

Аз баҳри қафас буд, гар аз банд паридем.

Пирӣ ба рухи мо хат аз рўй кашидаст,

То хонӣ аз ин хат, ки зи дунё чӣ кашидем.

Субҳи дигаре дошт шаби нестии мо,

Дардо, ки пас аз марг ҳам ором надидем.

Танҳо на буридем дил аз дўстии халқ,

К- аз дўстии хеш ҳам умед буридем.

Аз китоби доктор Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон”, Душанбе, соли 212 таҳияи Фирӯза Раҳимова, муовини сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ- библиографӣ.