Шуарои Эрон.   Фаридуни Муширӣ

Фаридуни МуширӣМуширӣ муътақид буд, ки шоир касест, ки беш аз ҳама метавонад ба зоти ҷаҳони ҳастӣ, гетӣ ва падидаҳои он наздик ва гоҳ бо он якӣ гардад. Аз даруни санг осмонро бубинанд ва аз осмон даруни сангро. Афзун бар ин, шоир рамзу роз ва чигунагии ончиро дарёфта, ба муносибтарин гунае баён мекунад. Ин аст, ки шеър бояд шўре, шавқ ҳоле, таъсире ва нерўе дар ҷону дилу андеша барангезад, то инсонро шигифтзадаву бедор кунад. Кашфи шоир бояд маро аз ман бирабояд.

*****    *****

Фаридуни Муширӣ дар 22-уми сентябри соли 1925 ё 1926 дар Теҳрон ба дунё омад. Даврони таҳсилоти  ибтидоиро дар Машҳад ва давраи дабистониро дар зодгоҳаш –Теҳрон ба поён расонд. Падараш Мирзо Муътаманулмулк аз шоирони баноми даврони Носириддиншоҳи  Қоҷор буд ва модараш низ шоир ва адабдўст ва адабшинос буд.

Муширӣ дар шумори шоирони навпардоз аст, ки сурудаҳои ў дар анҷуманҳои адабию ҳунарӣ ва мардум ҷой барои худ боз кардааст. Ў дар оғоз ба шеваи куҳан шеър месуруд ва ҳангоме, ки рў ба шеъри нимоӣ овард, роҳе  миёнаро баргузид.

Шеъри Муширӣ баёнгар ва ситоишгари зебоиҳо ва хубиҳову покиҳо ва ойинаи тамомнамои эҳсосоту авотифи инсонӣ ва дўстдори башарият аст. Муширӣ муътақид буд, ки шоир касест, ки беш аз ҳама метавонад ба зоти ҷаҳони ҳастӣ, гетӣ ва падидаҳои он наздик ва гоҳ бо он якӣ гардад. Аз даруни санг осмонро бубинанд ва аз осмон даруни сангро. Афзун бар ин, шоир рамзу роз ва чигунагии ончиро дарёфта, ба муносибтарин гунае баён мекунад. Ин аст, ки шеър бояд шўре, шавқ ҳоле, таъсире ва нерўе дар ҷону дилу андеша барангезад, то инсонро шигифтзадаву бедор кунад. Кашфи шоир бояд маро аз ман бирабояд.

Фаридуни Муширӣ аз сўи бо шикастани қолабҳо ва фоъили арўзӣ ва кўтоҳу дароз кардани мисраъҳо ва баҳрагирӣ аз қофия дар пайкара ё фурми шеър ва аз сўе бо нигарише тоза ба ҳастӣ, инсон ва дигар падидаҳои ҷаҳон дар паём ё муҳтавои шеър ба ҷойгоҳе баланд дар шеъри муосир даст ёфт ва ба қавли пажуҳишгари шветсарӣ Гулпака, «Муширӣ ҳамонанди чанд тан аз шоирони ангуштшумори Эрон рисолате воло дорад, ки шукронаи бархурдорӣ аз беҳинаи донистагиҳояш ва имон ба жарфандешӣ дар оростагиҳои сухан, шикофи сохтагӣ ва пўшолӣ (сустӣ) миёни кўхнаву нав ва суннатгароён ва навпардозонро  аз миён бархоҳад гирифт».

Дар мавриди шеъри Муширӣ бояд гуфт, ки шеъри Муширӣ рагу бўи тағаззул дорад ва мазомини латифи ошиқонаҳои ў дар қолаби забонии сода ва баёне нарму оҳангин мўҷиби гароиши густардаи аслҳои ҷавон ба осори вай дар тайи солиёни бисёр буда ва ҳаст.

Муширӣ аз нахустин пайравони шеъру шеваи Фаридуни Тавлулӣ аст, ки бо маҷмуаҳои «Ноёфта», «Ташнаи тўфон», «Гуноҳи дарё» ба арсаи тағаззулоти романтик қадам гузошт. Фурм ва муҳтавои осори ў дар ин марҳила чандон пурбор ва дилангез набуд, аммо дар осори баъдӣ монанди «Абру кўча», «Баҳорро бовар кун» шеъри ў аз  сатҳ ба умқ рафт ва аз назари забону баён ва эстетики шеърӣ пеш рафт ва баъдҳо мутаассир аз авзоъ ва аҳволи сиёсӣ ва иҷтимоии аср, шеъраш то ҳадде рангу бўи шеърии мутаарриз ва ҷомеагаро шуд, ки ин амр баёнгари таолӣ ва такомули нисбии биниши шоиронаи ў буд.

Дар ниҳоят метавон гуфт: ишқ, ситоиши зебоӣ, меҳрварзӣ ва инсондўстӣ аслитарин хутути муҳтавоии шеъри Муширӣ ба шумор меоянд, ки ҳамвора дар пўшишу парниёни зеҳну забон ва ҳиссу ҳоли романтикии ў таҷаллӣ доштаанд.

Аз барҷастатарин вежагиҳои шеъри Муширӣ забони нарм ва латифу содаи ўст, ки ҳампайванд бо тасовире шафофу дилпазир ва муҳтавои ҷаззобу отифӣ ва зебоишиносӣ навқудамоии ўро падидор месозанд.

Ў 24-уми октябри соли дар соли 2000 дар Теҳрон даргузашт.

Осори ў: «Ноётаҳо», «Гуноҳи дарё», «Абру кўча», «Баҳорро бовар кун», «Парвоз бо хуршед», «Аз хомўшӣ», «Марвориди меҳр», «Оҳи борон», «Девони ашъор», «Гузинаи ашъор», «Аз диёри оштӣ», «Лаҳзаҳо ва эҳсосот», «Овози он парандаи ғамгин», «То  субҳи тобноки аҳуроӣ».

 

Аз ӯст:

ЁДИ МОҲ КУН

 

Бо марги моҳ равшанӣ аз офтоб рафт,

Чашму чароғи олами ҳастӣ ба хоб рафт.

Илҳом мурду кохи баланди хаёл рехт,

Нур аз ҳаёт гум шуду шўр аз шароб рафт.

Ин тобнок тоҷи худоёни ишқ буд,

Дар тундбоди ҳодиса ҳамчун ҳубоб рафт.

Ин кўи нозпарвар дарёи шеър буд,

Дар мавҷхези алам ба аъмоқи об рафт.

Ин қўи нозпарвар дарёи шеър буд,

Дар мавҷхези алам ба аъмоқи об рафт.

Ин маҳ, ки чун Манижа лаби чоҳ менишаст,

Гирён ба тозиёнаи Афросиёб рафт.

Бигзор умри даҳр сар ояд, ки умри мо

Чун офтоб омаду чун моҳтоб рафт.

Эй дил, ба ёди сиёҳӣ шабро нигоҳ кун,

Дар ашки гарми заҳра бубин… ёди моҳ кун.

 

АШКЕ ДАР ГУЗАРГОҲИ ТАЪРИХ

 

Аз ҳамон рўзе, ки дасти ҳазрати Қобил

Гашт олуда ба хуни ҳазрати Ҳобил.

Аз ҳамон рўзе, ки Фарзандони Одам

Заҳри талхи душманӣ дар хунашон ҷўшид,

Одамият мурд,

Гарчи одам зинда буд

 

Аз ҳамон рўзе, ки Юсуфро бародарҳо  ба чоҳ

андохтанд,

Аз ҳамон рўзе, ки бо шаллоқу хун девори

Чинро сохтанд,

Одамият мурда буд.

Баъд дунё ҳай пур аз одам шуду ин осиёб

Гашту гашт.

Қарнҳо аз марги одам ҳам гузашт.

Эй дареғ,

Одамият барнагашт.

 

Қарни мо

Рўзгори марги инсоният аст.

Синаи дунё зи хубиҳо тиҳист.

Суҳбат аз озодагӣ, покӣ, мурувват, аблаҳист,

Суҳбат аз Мўсову Исову Муҳаммад

нобаҷост.

Қарни Мўсо Чумбаҳост1

Ман, ки аз пажмурдани як шоха гул,

Аз нигоҳи сокити як кўдаки бемор.

Аз фиғони як қанорӣ2 дар қафас.

Аз ғами як мард дар занҷир,

ҳатто қотиле  бар дор –

Ашк дар чашмону буғзам дар гулўст.

Ва андар ин айём заҳрам дар пиёла, заҳри

морам дар сабўст.

Марги ўро аз куҷо бовар кунам?

Сўҳбат аз пажмурдани як барг нест.

Вой! Ҷангалро биёбон мекунанд,

Дасти хунолударо дар пеши чашми халқ

пинҳон мекунанд.

Ҳеҷ ҳайвоне  ба ҳайвоне намедорад раво.

Ончи ин номардон ба ҷони инсон мекунанд.

 

Суҳбат аз пажмурдани як барг нест

Фарз кун марги қанории дар қафас  ҳам марг

нест.

Фарз кун як шоха гул ҳам дар ҷаҳон ҳаргиз

назист.

Фарз кун, ҷангал биёбон буд аз рўзи нахуст.

Дар кавире суту кўр.

Дар миёни мардуме бо ин мусибатҳо – сабур

Суҳбат аз марги муҳаббат, марги ишқ,

Гуфтугў аз марги инсоният аст.

 

           Аз китоби доктор Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон”, Душанбе, соли 212 таҳияи Фирӯза Раҳимова, муовини сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ.

ШАРҲ:

  1. Чумбаҳост – Чумба Чумба-сарвари яке аз кишварҳои Африқоӣ.
  2. Қанорӣ – исми парандаи хушхон (канарейка).