Шуарои Эрон. Фаридуни Таваллулӣ

Фаридуни ТаваллулӣФаридуни Таваллулӣ дар соли 1920 дар Шероз ба дунё омад. Дар он ҷо давраи таҳсилоти ибтидоӣ ва мутаваситаро ба поён бурд ва пас дар риштаи бостоншиносӣ аз донишгоҳи Теҳрон фориғултаҳсил  шуд  ва баъдҳо ба унвони мудири кулли Идораи бостоншиносии Форс ба Шероз бозгашт ва муддате дар Шуш (аз шаҳрҳои ҷанубии устони Хузистон) бо ҳамкории пофессор Гришман ба пажўҳишҳои бостоншиносӣ пардохт ва бо навовариҳое, ки дар ин замина анҷом дода, тавонист ба порае аз ковишҳои бостоншиносӣ сару сомоне илми бидиҳад.

Таваллулӣ аз ёздаҳсолагӣ ба сурудани шеър рўй овард ва ба таври расмӣ аз нуздаҳсолагӣ ашъораш дар рўзномаҳо ва маҷаллоти муътабар аз ҷумла: «Баҳори Эрон», «Яғмо», «Роҳнамои китоб» , «Ваҳид» ва «Оянда» чоп мешуд.

Таваллулӣ аз ҷумлаи шоиронест, ки аз тақлиду такрори мазомини куҳна дурӣ меҷуст ва пас аз ошноӣ бо шеъри Нимо барои навоварӣ ва халлоқияти ҳарчи бештар  ба таҷоруби тозае даст ёфт ва дар мавриди Нимо ва роҳи ў муътақид буд, ки: «Нимо аз чашми ман ба бутшикани ҷасуре мемонист, ки чакуш ба даст асноми дерини буткадаи куҳансолро ба хок рехт ва бе он ки сухане чанд дар нопайдоии Худованд ва яктоии вай бозгўяд, парастандагони он ҳайкалҳои дербозро ба буҳте (тааҷҷубе) азим водошт ». Вале Таваллулӣ бо он ки сахт тарафдори Нимо ва шеваи ў буд, дар ниҳоят зимни баҳрагирӣ аз назорати Нимо худ сабке мустақил дошт, ки бештар реша дар суннат ҳамроҳ бо навоварӣ буд ва дар сурудани чаҳорпораҳо ва қолабҳои классикӣ, бавежа ғазал, ба навовариҳои нисбӣ расид. Аз вежагиҳои  чашмгиру шигарфи қареҳаи шоирии Тавллулӣ афзоиши омезаҳои хушоҳангу расо дар баёни ташбеҳоту истиорот ва тасвирпардозиҳои навинест, ки ба ганҷинаи  вожагони забони  порсӣ ва шеъри дарӣ меафзояд. Ҳангоме, ки аз зебогиҳои зиндагӣ ва ё лаззати гуноҳ сухан ба миён оварад, сурудаҳои ў чунон тапандаву гарм ва шўрангез аст, ки гўйи ҳаргиз ҷуз ба кому мастӣ ба чизи дигаре наяндешидааст. Дар ин гуна сурудаҳояш вай шоире, ки гирифтори ишқи заминӣ бо мазмунҳо ва чашмандозҳои шоду шигарф ва пуртавон аст.

Тавллулӣ аз ҷумлаи шуароест, ки мазомини  иҷтимоию сиёсӣ дар ашъори ў зиёд аст ва бевижа баъд аз шикасти доктор Мусадиқ ва рўи кор омадани Муҳаммадризо Паҳлавӣ монанди дигар шуарое ҳамчун Ахавон, Шомлу, Касроӣ ва ғайра шикасти ормонҳову орзуҳо ва ҳукумати истибдод дар ашъори ў мавҷ мезанад.

Вай дар соли 1986 вафот ёфт. Мақбараи ў дар Шероз аст.

Аз ҷумлаи осори ин шоири арзанда ва шоиста иборатанд аз: «Раҳо», «Нофа», «Пўя», «Бозгашт», «Шангарф», «Ал-Тафосил», «Корвон».

Ин ду шеър аз ӯст:

ЗИНДОНИ ХИЛВАТ

Дил надорад ба ҷавонон  улфате, пирам магар,

Кас намеояд ба пешам, захми шамшерам магар?

Рў ба рў ногашта, дар майдонони гармолуди разм,

Мегурезанд аз ман ин рўбаҳдилон, шерам магар?

Рози ин ҳаввосириштон пеши ман пўшида нест,

Андар ин фирдавси одам барги анҷирам магар?

Хурда мегирад дилам бар ҳусни меҳрўёни шаҳр,

Нарм- нармак з-ин булўрин пайкарон серам магар?

Бо ниқобуфтода ёрон гарчи дорам созише,

Дил намеҷўшад, Худоро, боз дилгирам магар?

Сар зи тадбирам намеояд ба сомон, эй дареғ,

Барги коҳе ғўтазан бар мавҷи тақдирам магар?

Каҷравонро дасти яғмо бар ҷаҳон густурда бод,

Каҷравӣ ҳаргиз намеояд зи ман,тирам магар?

Кас ба зиндонам наёрад по ниҳодан аз ҳарос,

Шери ёлафшонда бар пўлоди занҷирам магар?

Сад ҷаҳон  сўзам, гар ин зиндони хилват бишканам,

Дар ҷаҳонсўзе, Фаридун, оҳи шабгирам магар?

ЁРИ ДЕРИНА

Маърифат нест дар ин маърифатомўхтагон,

Эй хушо давлати дидори дилафрўхтагон.

Дилам аз суҳбати ин чарбзабонон бигирифт,

Баъд аз ин дасти ману домани лабдўхтагон.

Оқибат бар сари бозори фиребам бифурўхт

Ноҷавонмардии ин оқибатандўхтагон.

Шармашон бод зи ҳангомаи расвоии хеш,

Ин матои шараф аз васваса бифрўхтагон.

Ёри дерина чунон хотирам аз кина бисўхт,

Ки бинолид ба ҳолам дили кинтўхтагон.

Хуш бихандед,рафиқон, ки дар ин субҳи мурод

Кўҳна шуд қиссаи мо то ба саҳар сўхтагон.

Муовини сардори шуъбаи
маълумотдиҳӣ-библиографӣ:
Раҳимова Ф.