Шуарои Эрон. Фаррухии Яздӣ
Муҳаммад Фарухии Яздӣ дар соли 1886 дар шаҳри Язд ба дунё омад. Вай ҷузви шоирони қаламрави адабиёти коргарии даврони Машрута ва Ризошоҳ аст. Даврони кўдакиро бо таҳсили тавъам бо кор сипарӣ кард. Дар авоили ҷунбиши Машрутият, ба ҳизби демократии Язд пайваст ва ба хотири сурудани шеъре инқилобӣ ва эътирозомез Зайғамуддавла, ҳокими Язд дастуре дод, ки лабонашро бо наху сўзан бидўзанд ва ба зиндонаш афкананд.
Фаррухӣ пас аз чанде аз зиндон гурехта ва баъдҳо роҳии Теҳрон шуд ва рўзномаи «Тўфон»-ро мунташир кард, ки ин рўзнома ҳовии мақолоти тунду оташин алайҳи истибдод ва ба ҳимоят аз табақоти маҳрум ва ранҷаб буд. Ва дар тўли интишор беш аз понздаҳ бор тавфиқ шуд.
Фаррухӣ ба рағми зиндонҳо ва табъйидҳои паёпай ҳаргиз аз шеъру рўзноманигории инқилобӣ даст накашид. Вай дар соли 1929 аз сўи мардуми Язд ба намояндагии маҷлиси Шуро баргузида шуд ва дар сафи намояндагони ақалият ба муборизоти худ идома дод.
Сафаре низ ба Маскав ва Берлин кард ва баъд аз бозгашт таҳти назорати шадиди ҳукумат қарор гирифт, то ки дубора ба зиндон афтод. Вай дар соли 1938 дар зиндон иқдом ба худкушӣ кард, аммо наҷот ёфт ва саранҷом дар соли 1940 дар авҷи истибдоди Ризошох ба таври асроромезе (ё ба қавле бо омпули ҳаво) кушта шуд.
Девони шеъри Фаррухӣ бо тасҳеҳу муқаддимаи Ҳусейни Маккӣ ба чоп расидааст. Вай дар ғазалиёт ва қолибҳои дигари шеърӣ, бо баҳрагирӣ аз шеваи суннат ва сохторҳои шеъри қадим, мафоҳим ва мазомини тунду оташини сиёсию иҷтимоӣ ва инқилобию интиқодиро вориди шеърҳояш намудааст, ки ҳамин хусусияти сиёсӣ ва инқилбӣ баъдҳо сармашқи пеши рўи баъзе аз ғазалипардозони озодандеш ва мардуме давраҳои баъд қарор гирифт.
ХУНОБАИ ҒАМ
Шаб чу дар бастаму маст аз майи нобаш кардам,
Моҳ агар ҳалқа ба дар кўфт, ҷавобаш кардам.
Дидӣ, он турки Хато душмани ҷон буд маро,
Гарчи умре ба хато дўст хитобаш кардам.
Манзили мардуми бегона чу шуд хонаи чашм,
Он қадар гиря намудам, ки харобаш кардам.
Шарҳи доғи дили парвона чу гуфтам бо шамъ,
Оташе дар дилаш афкандаму обаш кардам.
Ғарқи хун буду намемурд зи ҳасрати Фарҳод,
Хондам афсонаи Ширину ба хобаш кардам.
Дил, ки хунобаи ғам буду ҷигар гўшаи даҳр,
Бар сари оташи ҷаври ту кабобаш кардам.
Зиндагӣ кардани ман мурдани тадриҷӣ буд,
Ончи ҷон канд танам, умр ҳисобаш кардам.
ҲИММАТИ МАРДОН
Хуррам он рўзе, ки моро ҷой дар майхона буд,
То дили шаб бўсагоҳи мо лаби паймона буд.
Уқдаҳои аҳли дилро мў ба мў мекард боз,
Дар кафи машшотаи боди сабо гар шона буд.
Бо ману мурғи биҳиштӣ кай шавад ҳамошён
Он назартанге, ки чашмаш сўи обу дона буд.
Сўхт аз як шуъла охир шамъро по то саҳар,
Барқи он оташ, ки дар болу пари парвона буд.
Фарқи шаҳру дашт аз нуқси ҷунун кай мегузашт,
Ростӣ Маҷнун агар монанди ман девона буд.
Хонаи ободи моро кард дар як дам хароб,
Ҷавру бедоде, ки дар ин кишвари вайрона буд.
Ҳар киро аз ҷинси ин мардум гирифтам ёри хеш,
Дидам аз ноошноӣ маҳрами бегона буд.
Рўзгор ўро насозад паст ҳамчун Фаррухӣ,
Ҳарки бо табъи баланду ҳиммати мардона буд.
ОЗОДӢ
Кист дар шаҳр, ки аз дасти ғамат дод надошт,
Ҳеҷ кас ҳамчу ту бедодигаре ёд надошт.
Гўши фарёдшунав нест, Худоё, дар шаҳр
Варна аз дасти ту кас нест, ки фарёд надошт.
Хуш ба гул, дарди дили хеш ба афғон мегуфт,
Мурғи бедил хабар аз ҳилаи сайёд надошт.
Ишқ дар кўҳканӣ дод нишон қудрати хеш
Варна ин моя ҳунар тешаи Фарҳод надошт.
Ҷуз ба зодии миллат набувад ободӣ,
Оҳ, агар мамлакате миллати озод надошт.
Фарқу бадбахтиву бечорагиву хуни ҷигар,
Чӣ ғаме буд, ки ин хотири ношод надошт.
Ҳар биное наниҳоданд бар афкори умум,
Буд агар з-оҳан, ў появу бунёд надошт.
Кай тавонист бад-ин поя диҳад доди сухан,
Фаррухӣ гар ба ғазал табъи худодод надошт.
Муовини сардори маълумотдиҳӣ- библиографӣ: Фиўза Раҳимова.