Шуарои Эрон. Манучеҳри Оташӣ
Манучеҳри Оташӣ дар соли 1931 дар яке аз тавобеи шаҳристони Бушаҳр (дар ҷануби Эрон) ба дунё омад. Давраи дабистон ва дабиристонро дар ин шаҳр ба тамом расонд ва сипас барои идомаи таҳсил ба Шероз ва пас ба Теҳрон рафт ва дар риштаи забони ингилисию улуми тарбиятӣ фориғултаҳсил шуд ва дар дабиристонҳои Теҳрону Қазвин ба тадрис пардохт ва дар солҳои поёнии муаллимии худ ба Созмони садову симо роҳ ёфта, дар интишороти он созмон ба кори веросторӣ машғул шуд ва дар соли 1980 баъд аз фароғат аз кори давлатӣ ба Бушаҳр баргашт, аммо тўле накашид, ки боз ба Теҳрон рафт, то саранҷом дар соли 2005 дар Теҳрон даргузашт.
Оташӣ дар шеъри классикӣ, бевижа ғазал, устод буд ва дар шеъри нимоӣ низ яке аз қуллаҳои рафеи шеъри нимоист ва дар ҳарду заминаи модерну навгаро ў ҳадафманд буд ва ашъораш саршор аз навовариҳо ва халлоқиятҳост. Ў дар ғазал «Сурно» тахаллус дошт. Сурно сардори эронӣ буд, ки Кросусро шикаст дод. Оташӣ худ дар бораи шеърҳояш мегўяд: “ҳаргиз ҳаёҳубарангез набудаам, на дубора мутаваллид шудаам ва на ба ирфони хок рӯ овардаам.як бор мутаваллид шудаам, сареъ роҳамро кўбидаам … На ошиқи ошиқ будаам, то шеърҳои сўзнок бисароям ва ҷавонҳоро хуш ояд, на сиёсии сиёсӣ будаам, то дар зумраи наҷотдиҳандагони табақаи коргар аламам кунанд ва натуралисти бистаргарову ҷануби шаҳрӣ, то дилсўзиҳои дурўғинро барангезам; фақат шоир будаам, шоире тунду талху андаке навмеди рустоии софу содиқи шаҳришуда. Ман, мумкин аст, барои замони кўтоҳе фиреби одилони дурўғин хўрда бошам, аммо ҳаргиз беадолатиро ҷойгузини адолат накардаам».
Оташӣ дар бораи шеъри наву куҳан бар ин бовар буд, ки «шеъри воқеӣ ҳамеша нав аст, шеъри куҳна вуҷуд надорад, танҳо забони шоир аст, ки фарсудагипазир аст».
Оташӣ дар мавриди рисолати шоир мегўяд: шоири имрўз то аз сарчашмаи фарҳаги мардум ва захираҳои таърихиву афсонаҳои бумӣ ва корбурдҳои забони хеш сероб нагардад ва бавежа, то аз тариқи ягонагии амалӣ бо мардум суннатҳо ва ниёзҳову идеалҳои зиндагиашон дарк ва шинохти амиқиу содиқонаи мардуми худ тавфиқ наёяд, калиди рамзи шоириро ба даст нахоҳад овард.
Дар мавриди шеърҳои Оташӣ аммо бояд гуфт: дарунамоя ва паёми шеъраш асил ва дилрабост ва тозагӣ ва асолати шеърҳои ў бархоста ва озмунҳо ва таҷрибаҳои худи ўст, ки бад-онҳо вафодор мемонад. Шеъри ў зимни ин ки рангу бўи сарзаминаш (ҷануб)-ро медиҳад, аммо паёмҳои инсонӣ ва гуманистии ў фарози маъонӣ ва фаромаконӣ аст. Дар ҳақиқат Оташӣ бо таваҷҷуҳ ба мутолиоти амиқе, ки дар заминаи адабиёти классику навини Эрон ва ҷаҳон дошт ва ашъору румонҳои ғарбӣ ва шарқиро ба диққат мутолеа мекард, аз ин нерўи шеърҳояш тақлиду такрор аз гузашта набуд, балки ў шоире буд, ки бо ҷасорату мантиқе қавӣ рў ба шеъру шоирӣ овард ва аз ин рў буд бар хилофи аксари шуарои номдоре, ки аввалин китобашон мутавассит ё ҳатто заия буд, аввалин китоби Оташӣ, яъне «Оҳанги дигар», ҷомеаи шеърӣ ва адабии Эронро такон дод ва ў бо чопи аввалин китобаш ҳузури муасири шоирии худро ба сабт расонд (1960).
Рўи ҳам рафта, Оташӣ шоире мардумӣ буд ва ашъораш дар ростои бедории афкору азҳони ҷомеа буд ва шеърҳояш ранги ҳамоса дорад ва нигарише нав ба зоту ҳастӣ. Ашъораш лабрез аз таровату тозагӣ, омезае аз тағаззул (ғазалсароӣ) ва ҳамоса. Шеърҳояш ба чандин забони зиндаи дунёи аз ҷумла англисӣ, фаронсавӣ, ҳоландӣ, шведӣ, олмонӣ тарҷума шудааст ва яке аз шуароест, ки ба мартабаи «Чеҳраи модагори шеъри форсӣ» аз тарфи Кумитаи шеър (Ҷумҳурии Исломии Эрон) баргузида шудааст. Зимнан Оташӣ бино ба кишварҳои Инглис, Амрико, Фаронса, Олмон, Шветсия, Ҳоланд барои суханронӣ ва шеърхонӣ даъват шудааст.
Манучеҳри Оташӣ 20 ноябри соли 2005 дар синни 74-солагӣ дар шаҳри Теҳрон аз олам гузашт.
Осор: «Оҳанги дигар», «Овози хок», «Дидор дар фалақ», «Бар интиҳои оғоз», «Васфи гули сурӣ», «Ҳодиса дар бомдод», «Гандум ва гелос», «Иттифоқи охир», «Зеботар аз шакли қадими ҷаҳон», «Ғазал, ғазалҳои Сурно», «Борони барги завқ», «Девони комили ашъор», «Гузинаи ашъор», «Чӣ талх аст ин себ».
Тарҷумаҳо: румони «Фунтуморо», «Саргузашти кишвари кучак», тарҷумаи манзумаи «Ленин» – асари Маяковский ва садҳо мақола дар мавриди шеъру адабиёт.
Андўҳ
Андўҳатро бом ан қисмат кун,
Шодиятро ба хок
Ва ғуруратро бо ҷўе наҳифе, ки миёни сангистон
Мисли гунҷишке, ки пар мезанаду мегузарад.
Асби лухти ғафлат дар мартаи андешаи мо бедор аст.
Бо шутурҳои сафеди сабр дар воҳаи танҳоӣ
Метавонем ба соҳил бирасем.
В-аз он ҷо ногаҳон
Бо ҳазорон қоиқ
Бар ҷазираҳои бурунҷастаи марҷон
Ҳамлавар гардем.
Ту ғаматро бо ман қисмат кун,
Алафи сабзи чашмонатро бо хок,
То мидоди1 ман
Бар синаи сапеди коғаз
Боғе аз шеър барангезад.
То аз ин вартаи беимонӣ
Бешае анбўҳ аз ханҷар бархезад.
Пурсиш
Ин абрҳои сўхтаи сўгвор
Тобути офтобро ба куҷо мебаранд?
Ин бодҳои ташна ҳору харисвор
Дунболи обгуни сароби кадом боғ
Пои ҳисорҳои уфуқи сина медаранд.
Акнун дарахти лухти кавир,
Поёни ноумедӣ
Ва оғози хастагии кадом мусофир аст?
Мурғони раҳгузар
Марги кадом қосиди гумгаштаро
Аз ҷодаҳои парт ба қария меоваранд?
Эй шаб, ба ман бигў:
Акнун ситораҳо
Наҷвогарони марсияи ишқи кистанд?
Ва гоҳи аср бар сари девори боғи мо
Боз он ду мурғи хаста чаро мегиристанд?
Аз китоби доктор Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон”, Душанбе, соли 212 таҳияи Фирӯза Раҳимова, муовини сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ.
ШАРҲ:
Мидод – навъе қалам