Шуарои Эрон. Меҳрдоди Авасто
Муҳаммадризо Раҳмонӣ (Меҳрдоди Авасто) дар соли 1929 дар Бруҷирд мутаваллид шуд ва таҳсилоти аввалиро дар ҳамон ҷо сипарӣ кард ва баъдҳо дар Теҳрон ба таҳсили фалсафа пардохт. Ў зимни тадриси фалсафа ва ҳунар яке аз чеҳраҳои барҷастаи ғазали муосири Эрон аст ва дар тамоми қолабҳои шеърӣ устод буд.
Ў дар қасида ба сабки фохири хуросонӣ ба шеваи Хоқонӣ ва Носири Хусрав, Масъуди Саъди Салмон ва Манучеҳрӣ муттамоил буд. Дар айни ҳол ба сабаби бархе навовариҳо дар ҳавзаи зебошинохтии калом метавон ўро аз пешгомони сабки хуросонии нав баршумурд.
Ғазалиёти Авесто ғолибан талфиқе (ба ҳам овардани) аз услуби ғазали шоирони давраи бозгашти адибӣ бо мояҳои шеъри нави классики рўзгори мост. Агарчи бахши умдаи ҳаёти адабии Авесто дар муошират бо сунатгароён сипарӣ шуд, баъзан тароише ба шеъри нимоӣ низ дошт.
Меҳрдоди Авесто мутолиоте дар ҳавзаи фалсафа, зебоишиносии ҳунар, асотиру адаби куҳан дошт. Аз ҷумлаи осори ў «Корвони рафта», «Шароби хонагии тарси муҳтасибхўрда», «Ромо» ва аз осори мансури ў: «Полизбон», «Тирно», «Аз имрўз то ҳаргиз», «Тасҳеҳи девони Салмони Соваҷӣ», «Ду рисола аз Хайём» ва даҳҳо мақола ва асари таҳқиқии дигарро метавон ном бурд.
Вай дар соли 1991 даргузашт.
ИН ШЕЪР АЗ ӮСТ:
Суруди зимистон
Гирист абру дил афсурду ҷон асир нишаст,
Чакид хуни гулу мурғ аз сафир нишаст.
Гирифт ойина аз мавҷ абр дар дарё
Битофт зулфу барин обгуни сарир нишаст.
Ҳазор партави шангарфсо зи ҷайби уфуқ
Фуру шикасту ба зангоргун ғадир нишаст.
Зи барфи синаи ҳомун нуҳуфта дар симоб,
Шиканҷи турраи шамшодбун ба шир нишаст.
Фурўғи моҳ фисурду зи чашми абр чакид,
Ба шохсор чамиду бар обгир нишаст.
Шамими нофаи оҳу ба парда рўй нуҳуфт,
Арўси пардагӣ ғунча дар ҳарир нишаст.
Ҳазор нағмаи нохонда мурд дар ранги чанг,
Тарона монд зи шўру навои зер нишаст.
Ба шўрбахтии он ғунча бин, ки рўзе чанд
Зи хок сар заду дар домани кавир нишаст.
Дареғи фарри ҷавонӣ, ки ҳамчу машъали субҳ
Ба чоҳи Бохтар аз даври чархи пир нишаст.
Ба доми ишқ фитодам зи бахти бадфарҷом,
На доми ишқ, ки дил дар куноми шер нишаст.
На гарм тофт, на равшан чароғи хотир аз ў,
Ки дерсўз натобиду зудмир нишаст.
Кунун ман астаму дамсарде хазон афсун,
Ки арғувон маро гунаи зарир нишаст.
Зи рашк ҳар нафасам дар хаёли ташвише
Даромаду басарро пардаи замир нишаст.
Ки душ, ё ки паридуш бо кӣ буду чӣ кард?
Ки дӣ бирифт куҷову куҷо парер нишаст?
Киро ба чеҳра гузар дошт сояи мастӣ,
Ба хуни хеш гуфтам бо ў нишасту дер нишаст.
Ба чашми ман биншастанду рўи ў диданд,
Ки -шон ба дида аз ин моя дилпазир нишаст.
Ба ҳар насими хаёлаш, ки мегузашт ба сар,
Зи рашки ҳар буни мўям ба тан чу тир нишаст.
Ба субҳдам, ки сапеда ба ёди он лаби лаъл
Пиёланўш даромад, пиёлагир нишаст.
Ба моҳтоби кеш аз лаб рабуд бўса шабе,
Зи тоби зулфу бар он чеҳраи мунир нишаст.
Чаро нагуфт чунину чаро набуд чунон,
Чаро, ки зуд наёмад, чаро на дер нишаст?
Фисурд шавқу карашма ба хуфту фитна ғунуд,
Ки барфи умр бар он зулфи тобгир нишаст.
Чу офтоб аз ў бехабар ба мағриби ҳусн,
Шукўҳи бахти ҷавониш ногузир нишаст.
Аз китоби Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон”. Душанбе, 2012.
Таҳияи Фирӯза Раҳимова, муовини сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ – библиографӣ.