Шуарои Эрон. Мирзода Ишқӣ: Ғарбро бедорӣ он гаҳ шуд, ки шуд шарқӣ ба хоб
Сайид Муҳаммадризо Ишқӣ аз пурҷўшу хурўштарин шоирони даврони машрутият аст. Вай соли 1894 дар шаҳри Ҳамадон мутаввалид шуд. Дар кўдакӣ ва навҷавонӣ забони фаронсавиро омўхт ва аз овони ҷавонӣ ба шоирӣ ва рўзноманигорӣ рўй овард. Дар авоили ҷанги ҷаҳонии аввал роҳии Истанбул (Туркия), ки маркази фаъолиятҳои миллию ва озодихоҳонаи Эрон буд, шуд ва нахустин осори худ «Наврўзнома» ва «Операи растохези шаҳриёрони Эрон»-ро халқ кард ва дар бозгашт ба Эрон, ба сафи пайравони ҳизби сотсиалистӣ пайваст ва бо интишори рўзномаи «Қарни бистум» муборизоти сиёсии худро густариш дод ва хусусан алайҳи қарордоди истеъмории 1919, ки байни Эрон ва Ингилистон дар замони нахуствазири Вусуқуддавла баста шуда буд, ба по хост ва баъдҳо алайҳи ҷумҳурии қаллобӣ ва фиребкоронаи Ризохон мухолифат намуд.
Матолиб, корикотурҳо ва ашъори тунду интиқодии рўзномаи «Қарни бистум» хашми ҳукумати Ризохонро барангехт ва ба амри Ризошоҳ дар соли 1925 рўзномаи «Қарни бистум»-ро тавқиф ва Ишқиро терор карда ба қатл расониданд.
Дар бора ин шоири инқилобии миллӣ метавон гуфт, ки вай дар ашъори сиёсӣ ва иҷитимоии худ бо баёне тунду асабонӣ бо ҷаҳлу ҳурофот, фақру фасод, ақибмондагӣ ва тирарўзиҳо метозад ва ба ҳимояти маҳрумон ва ситамдидигон бармехезад. Ҳарчанд, ки дар ин ашъор ҳамвора ҷомеъагароии сатҳӣ бар ҷаҳонбинии амиқ ва шуури инқилобӣ бар шуури ҳунарӣ ғолиб аст.
Ишқӣ монанди дигар сарояндагони мардумгарои Машрутият мисли Орифи Қазвинӣ, Саидашрафуддини Гелонӣ ва дигарон шеърро васила ва абзоре барои мубориза ва ситез бо истибдод ба кор мебурд ва чандон дар қайду банди зебоишиносонаи шеър ва сохтани ҳунарӣ ва эстетикии он набуд ва ин амр реша дар авзоъ ва аҳволи иҷтиомию сиёсӣ дошт ва дар ҳақиқат як зарурати таърихӣ буд ва паёму маъноро бар сохтор ва инсиҷому истеҳкоми шеър муқаддам мешуморид. Бо ин ҳол, гузашта аз ғазалиёт, ҳаҷвиёт ва ҳазлиёт бархе талошҳои таҷаддудталабонаи ў назари қитъаоти «Кафани сиёҳ», «Эҳтиёҷ» ва бавежа «Се тоблуи Марям», ки Ишқи онро «Дебочаи инқилоби адабии Эрон» меномид, қобили таамул аст.
Ин осор, ки ҳосисли талоши Ишқӣ дар офариниши навъи шеъри намоишӣ бо баёне реалистӣ аст ва баъзан мутаасир аз навҷўиҳои Тақии Рафъат ва Ҷаъфари Хоманаӣ, нишонгари истеъдоди билқуваи ў дар суннатшиканӣ ва навҷўист ва аз нахустин шуароест, ки роҳу равиш ва сабки Ниморо пазируфт ва таҳти таъсири сабки Нимо ва мазомини он буд, ки шеъри «Се тоблуи Марям» натиҷа ва ҳосили пайрави аз Нимост.
Ишқӣ ҳамчунин мутаасир аз адабиёти навини Туркия, ба бархе навовариҳо дар ҳавзаи корбурди қофия низ тамоил нишон додааст. Ашъори ў ҳам аз назорати қолиб ва навҳаи тавсиф, тасвирпардозӣ ва ҳам аз назари маънӣ нав ва тоза менамояд ва ҳамчуниин вай барои аввалин бор дар таърихи адабиёти Эрон шеваи тозаеро дар шеър ироа дод ва шеъри арўзиро бо сабки аврупоӣ даромехт. Ишқи дар соли 1925 ба шаҳодат расид.
Ин шеър аз ӯст:
Машриқзамин
Хирагӣ бингар, ки дар Мағрибзамин ғавғо ба пост,
Ин ҳаме гўяд, ки Эрон аз ман, он гўяд зи мост.
Эй гурӯҳи поки Машриқу Ҳинду Эрон, Турку Чин,
Бар сари Мазриқзамин шуд ҷанг дар Мағрибзамин.
Дар Аврупо Осиёро луқмае пиндоштанд,
Ҳар як андар хўрданаш чигилҳо бардоштанд.
То нахобад Шарқ, кай мағриб барояд офтоб,
Ғарбро бедорӣ он гаҳ шуд, ки шуд шарқӣ ба хоб.
Дорам умед он ки гар шарқи биёбад иқтидор,
Аз пайи осоиши халқ иқтидор ояд ба кор.
На чун ғарбӣ одамеро ронда аз ҳар ҷо кунад,
Одамеро одамиятро чунин расво кунад.
Аз китоби Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон”
таҳияи Шаҳзодаи Нурмуҳаммад, мутахассиси пешбари шуъбаи маълумотдиҳӣ – библиографӣ.